Парчами Тоҷикистон – таҷассумгари фарҳанги миллӣ

Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки имрӯз Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот муштаракан бо Китобхонаи миллӣ баргузор кард.

Дар ин мизи мудаввар сухан аз арзишҳои Парчами миллӣ, таърихи парчамдорӣ дар олам ва Тоҷикистон рафт. 

Дар нишаст мутахассисону муҳаққиқон аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи  фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Дар нишаст муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар мавзуи «Парчами миллӣ – рамзи ҳувиятсози тоҷикон», муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ  Дилшод Раҳимов, «Парчами миллӣ ва мавқеи ҷавонон дар муаррифии он», сардори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атоев «Бозтоби Парчами Тоҷикистон дар фарҳанги миллӣ» суханронӣ карданд.

Ҳозирон ҳамчунин аз мудири шуъбаи илмӣ-методии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Абдуфаттоҳ Аминов дар бораи муқаддас будани парчам ва эҳтироми он шуниданд.

Дар охир Шариф Комилзода - директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот  суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла гуфт, ки парчам ба мисли забон, нишон, суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасот аст. Парчам ин рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии кишвар аст. 

Дар мизи мудаввар муҳаққиқон роҷеъ ба моҳият, нақш, арзишҳо ва рисолати Парчами миллӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ ва музокира намуданд.

Дар поёни нишаст китоби тозанашри «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби мутахассисони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия гардидааст, муаррифӣ шуд.

Суратгир Хусрави Милод

барчасп: