Ғарибошно бошу сайёҳдӯст…

Аз нигоҳи Саъдӣ мардуми сайёҳу ҷаҳонгард, афроди огоҳу бедордил ва муштоқи илму ҳикмат буда, бо ҷаҳонбинии фарохе, ки доранд барои бани башар хидмат мекунанд. Албатта сафар кардан дар он замон барои мардони ҷаҳонгард, хатарҳои фаровоне дар пай дошт ва ҳар кас тавон ва ҷуръати тақаббули ранҷи сафарро надошт. Аз ин рӯ, Саъдӣ барои мусофирону ғарибон эҳтироми баланде қоил аст ва дар саросари осораш, подшоҳон ва дигар табақоти ҷомеаро баҳри гиромидошти ҷаҳонгардон ташвиқ кардааст

Муқаддима

Туризм ё худ сайёҳӣ дар дунёи муосир ба як санъати муҳими даромадзо ва судовар табдил шудааст. Имрӯзҳо таваҷҷӯҳ ба сайёҳӣ ва бунёди зербиноҳои зарурӣ барои ҷалби сайёҳон аз саросари дунё, бахши аъзами даромади бархе кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Тоҷикистони азизи мо низ ба хотири доштани табиати бикру зебо, ҳавои пок, кӯҳҳои осмонбӯс, сангҳои гаронбаҳо, дарёву рудхона ва чашмаҳои софу зулол, гиёҳҳои шифобахш, меваҳои тару тоза, хушкборҳои ширину давобахш, манзараҳои афсунгару дилфиреб, дашту дамани сабзу хуррам, мардумони шоду меҳмоннавоз, фарҳанги бостонӣ кишваре бисёр ҷаззоб барои ҷалби сайёҳон аз саросари олам аст. Масъулияти аввалини мо ба унвони шаҳрванд дарки ин воқеияти беназир, шинохт ва қадрдонии ин неъматҳои худодод, бунёди зербиноҳои асосӣ ва зарурӣ барои санъати гардишгарӣ, эҷоди шароити муносиб барои сафар ва будубоши сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ва табдил додани ин неъматҳо ба сарвати даромадзо ва судовар барои аҳолии кишвар мебошад.

Боғи ҷаннатмаъоб кишвари мост,
Хонаи офтоб кишвари мост.

Руду дарёву баҳру чашмаи пок,
Ватани оби ноб кишвари мост!

Тавсифи ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ

Дар мақолаи мазкур муаллиф ҷойгоҳи сайёҳӣ ва аҳамияти ҷаҳонгардиро дар осори Саъдӣ пири ҷаҳонгардони олам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Таҳқиқоти адабиётшиносӣ нишон медиҳад, ки тавсифи табиат аз мавзӯоти меҳварии осори шоирони сабки Хуросонӣ будааст. Саромади шоирони табиатгарои аҳди қадим сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Рудакӣ аст. Ба дунболи ӯ шоирони дигаре, ки по ба арсаи адабиёт гузоштаанд ба монанди Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Саъди Салмон ва дигарон, мавзӯи васфи табиат ва зебоиҳои онро бо фасоҳату латофату зебоӣ, тавсиф кардаанд, ки мо дар ин фурсат аз овардани намунаҳои шеърии онҳо худдорӣ менамоем. Дар радифи мавзӯи васфи табиат ва зебоиҳои он, мавзӯи ҷаҳонгардӣ ва сайёҳӣ низ дар адабиёти гузаштаи мо ба таври пурранге инъикос ёфтааст. Ҳаштсаду анде сол пеш Саъдии Шерозӣ сафари тулонии худро дар “ақсои олам” шурӯ кард ва пас аз сӣ сол сайру сайёҳат, осори мондагоре барои мо ба ёдгор гузошт. Ӯ худ дар ибтидои “Бӯстон” мефармояд:

Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.

Таматтӯъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

Дар ҳақиқат аз хирмани бобаракати Саъдии ширинсухан метавон дар ҳар мавзӯи дилхоҳе хӯшаи пурборе пайдо кард бахусус дар мавзӯи сайёҳӣ ё худ ҷаҳонгардӣ. Аввалин нуктаи ҷолиб дар ин робита вуҷуди вожаҳо ва ё истилоҳоти марбут ба санъати туризм дар осори Саъдӣ аст. Дар “Бӯстон”-у “Гулистон” мо ба роҳати бо вожаҳое монанди сайёҳ, ҷаҳонгард, ҷаҳондида, ҳӯшманд, ҳақоиқшинос, ҷаҳонгашта, донишандӯхта, сафаркарда, суҳбатомӯхта, офоқ ва ақсои олам бармехӯрем, ки далолат бар таваҷҷӯҳи Саъдӣ ба ин мавзӯи муҳим дорад. Саъдӣ дар осори худ ҳар ҷо, ки хоста касеро ба некӣ тавсиф кунад аз ӯ ба унвони ҷаҳондида, сарду гарм чашида, ҳӯшманд ва ғайра ном мебарад:

Ҳақоиқшиноси ҷаҳондидае,
Ҳунарманди офоқгардидае.

Аз нигоҳи Саъдӣ мардуми сайёҳу ҷаҳонгард, афроди огоҳу бедордил ва муштоқи илму ҳикмат буда, бо ҷаҳонбинии фарохе, ки доранд барои бани башар хидмат мекунанд. Албатта сафар кардан дар он замон барои мардони ҷаҳонгард, хатарҳои фаровоне дар пай дошт ва ҳар кас тавон ва ҷуръати тақаббули ранҷи сафарро надошт. Аз ин рӯ, Саъдӣ барои мусофирону ғарибон эҳтироми баланде қоил аст ва дар саросари осораш, подшоҳон ва дигар табақоти ҷомеаро баҳри гиромидошти ҷаҳонгардон ташвиқ кардааст:

Зи дарёи Аммон баромад касе,
Сафар карда ҳомуну дарё басе.

Араб дидаву турку тоҷику Рум,
Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум.

Ҷаҳонгаштаву донишандӯхта,
Сафаркардаву суҳбатомӯхта.

Аз аҷоиботи рӯзгор ин аст, ки бо вуҷуди ин ки дар асрҳои миёна мафҳуми тиҷорат ва мусофирату туризм равнақи чандоне надошт, аммо Саъдии ширинсухан бо пазируфтани тамоми сахтиҳо ва хатарҳои бархоста аз сафар дар тули ҷаҳонгардии беш аз сисолаи хеш, мушоҳидот ва таҷрибаҳои нодире касб карда ва барои ворисони худ ба ёдгор гузоштааст. Гузашта аз ин, бо вуҷуди набуди санъати туризм, созмонҳои сайёҳӣ дар он замон, Саъдӣ дар ин бора чунон қисса мекунад, ки гӯё ҳамасри мо бошад. Бисёре аз хотирот, мушоҳидаҳо, дидгоҳҳо ва дидаю шунидаҳои Саъдӣ, ки ҳосили сафарҳои ӯ ба шаҳру мамолики гуногун аст, бо меёрҳо ва талаботи имрузии санъати сайёҳӣ ҳамхониву созгорӣ дорад.

Саъдӣ 800 сол пеш нақши гардишгарон дар равнақи иқтисодии як мамлакатро дарк карда ба подшоҳони давраи хеш борҳо тавсия додааст, ки эҳтироми мусофирро ба ҷой оранд, зеро сайёҳону мусофирон таблиғгари фарҳангу тамаддуни як кишвар маҳсӯб мешаванд.

Бузургон мусофир ба ҷон парваранд,
Ки номи накӯӣ ба олам баранд.

Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,
Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст.

Вожаи “ҷаллоб” ҳам истилоҳи иқтисодӣ буда дар қадим ба касе мегуфтаанд, ки бори бозаргононро аз шаҳре ба шаҳре мекашонидааст. Саъдӣ дар ин байт сайёҳон, гардишгарон ва ҷаҳонгардонро ба ҷаллоб ташбеҳ кардааст, ки дар сурати бархӯрди хуб ва муомилаи нек бо онон, онҳо ба мубаллиғи фарҳангу тамаддун ва расму ойини кишвари дигаре табдил мешаванд.

Саъдӣ, ки худ солҳои тулонӣ ва дар шаҳру мамолики гуногун сайру сайёҳат кардааст, аз ҳоли сайёҳу ғарибу мусофир ба хубӣ огоҳ аст. Аз ин рӯ, бо шинохте, ки дорад ба ҳокимон ва мардуми оддӣ мураттаб тавсия мекунад, ки аз назари отифӣ бо сайёҳу ғарибу мусофир муносибати инсонӣ дошта бошанд, зеро мардуми ғариб беш аз дигарон ба лутфу меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ниёз доранд:

Сафаркардагон лоуболӣ зиянд,
Ки парвардаи мулку давлат наянд.

Муҳимтарин ниёзи сайёҳу мусофир дар мулки бегона, ҷойи хоб, хӯроки гарм ва амнияти ҷонӣ мебошад. Аз тарафи дигар, ранҷи дурӣ аз ёру диёр ва хонаводаву хешу табор аз дигар мушкилотест, ки гиребонгири мардуми ғарибу мусофир аст. Бинобар ин, Саъдӣ ёриву ҳимоят аз мусофиронро аз ойинҳои ҷавонмардӣ медонад.

Ба шукри он, ки ту дар хонаиву аҳлат пеш,
Назар дареғ мадор бар мусофиру дарвеш.

Саъдӣ дар “Бӯстон” қисса мекунад, ки дар билоди Рум шуниданд, ки марде сахӣ ва хушрафтор зиндагӣ мекунад. Гуруҳе аз сайёҳон, ки Саъдӣ низ дар миёни онҳо будааст ба суроғи он мард мераванд.

Ману чанд сайёҳи саҳронавард,
Бирафтем қосид ба дидори мард”.

Зоҳиран, марди сахӣ бо чеҳраи боз ва муомилаи нек аз онҳо пазироӣ мекунад, аммо дар поён ба онҳо кумаки даркорӣ намекунад. Саъдӣ дар поёни қисса аз номи як ҳамсафари хушзавқи худ таъкид мекунад, ки барои мардуми ғарибу мусофир аз гапи хӯш дида додани нону ғизо муҳимтар аст:

Ба хидмат манеҳ даст бар риши ман,
Маро нон деҳу кафш бар сар бизан.

Каромат ҷавонмардию нондеҳист,
Мақолоти беҳуда табли тиҳист.

Дар ҳикояте дигар Саъдӣ аз ҷавонмарде ситойиш мекунад, ки дари меҳмонсарояш ҳамеша ба рӯи мусофирону ғарибон боз будааст:

Зи дарвеш холӣ набудӣ дараш,
Мусофир ба меҳмонсарой андараш.

Имрӯза дар дунё аз ин гурӯҳи мусофирону ғарибон низ зиёд аст, ки акнун ба онҳо муҳоҷири меҳнатӣ мегӯянд ва барои ҳифзу ҳимояи онҳо бархе санадҳои ҳуқуқӣ амал мекунанд ва давлатҳо мулзам ба риояти ин аснод байналмиллалӣ ҳастанд. Саъдӣ бар ин бовар аст, ки ин гурӯҳ аз мусофирон аз назари инсонӣ ба меҳрубонию тараҳҳум ниёз доранд зеро имкон дорад, ки ҳар фарде дар шароити онҳо қарор бигирад.

Магардон ғариб аз дарат бенасиб,
Мабодо, ки гардӣ ба дарҳо ғариб.

Пири ҷаҳонгардони олам муътақид аст, ки ранҷи ғарибию мусофират сахттар аз тангдастию бечорагӣ дар Ватан аст. Барои ғариб нӯшидани як қатраи оби Ватан баробари нерӯи нӯшдоруест, ки мурдаро дубора зинда мекунад.

Ғарибе, ки ранҷ орадаш даҳр пеш,
Ба дору диҳанд обаш аз шаҳри хеш.

Ин нуктаро набояд фаромӯш кунем, ки сафар кардан дар рӯзгори Саъдӣ кори бисёр сахту саҳмгине будааст. Мушкили таҳияи либосу хӯрок, макони амну гарм, офатҳои табии, набуди роҳҳои васею ҳамвор, таҳдиди роҳзанон ва ғайра аз ҷумла хатарҳое буданд, ки ҳар сайёҳу мусофир бояд дар назар мегирфт.

Шабе хуфта будам ба азми сафар,
Паи корвоне гирифтам саҳар.

Баромад яке саҳмгин боду гард,
Ки бар чашми мардум ҷаҳон тира кард.

Бинобар ин сафар кардан ранҷу машаққати зиёде металабид ва ҳар касе низ ҷуръати сафар кардан надошт. Вай дар боби дуввуми “Гулистон” мефармояд: “Тане чанд аз равандагон муттафиқи сайёҳат буданду шарики ранҷу роҳат. Хостам, то мурофақат кунам. Мувофақат накарданд” [1, 196]. Далели ради пешниҳоди Саъдӣ ин буда, ки дузде дар либоси дарвешон худро шарики онҳо карда ва шабона моли онҳоро ба ғорат бурдааст. Чун Саъдӣ дар он ҷамъ фарди ношинос будааст, онҳо ба далоили амниятӣ, аз ҳамроҳии бегона сар боз задаанд. Дар он рӯзгор сайру сайёҳат ва ҷаҳонгардӣ яке аз одоби муҳими дарвешону суфиён будааст. Аз ҳамин ҷиҳат Саъдӣ сайру сайёҳатро шуғли мардона медонист:

Агар порсое сайёҳат накард,
Сафаркардагонаш нахонанд мард.

Ин тавсияҳо бештар барои гуруҳи муҳоҷиронест, ки аз рӯи зарурат ва эҳтиёҷ ба кишварҳои дигар бо мақсади пайдо кардани зиндагии беҳтар, мусофират мекунанд. Ва шарту шароити муносибат бо ин гурӯҳ дар қонунҳои байналмиллалӣ низ ба таври возеҳ зикр шудааст.

Аммо Туризм ё худ сайёҳи падидаи наву дигар аст, ки имрӯзҳо ба як санъати муҳими судовар барои аксари кишварҳо табдил шудааст. Дар ин замина низ Саъдӣ назариёти ҷолибу ихтисосӣ баён кардааст, ки то кунун қобили истифода ҳастанд. Яке аз унсурҳои асосии рушди санъати туризм дар ҷаҳони муосир ҳамин таблиғот (реклама) ба шумор меравад ва Саъдӣ дар ҳамон айём ба хубӣ ин нуктаро дарк карда ва ба ҳокимони даврони хеш риояти онро тавсия кардааст:

Ба некию бадӣ овоза дар басити ҷаҳон,
Се кас баранд расулу ғарибу бозаргон.

Яке аз самтҳои дигари ҷалби сармоя ва туризм, тазмини амниятӣ ҷонии гардишгарон ва таъмини амнияти сармояи сармоягузорон маҳсӯб мешавад. Ин ҳамон нуктае ҳаст, ки қабл аз сафар ба ҳар кишваре инсон дар бораи он таҳқиқ хоҳад кард. Саъдии бузургвор низ подшоҳону ҳокимони ҳамасри худро дар ин бора ба такрор ҳушдор додааст:

Шаҳаншаҳ, ки бозоргонро бихаст,
Дари хайр бар шаҳру лашкар бибаст.

Накӯ боядат ному некӣ қабул,
Накӯ дор бозоргону расул.

Саъдӣ дар идомаи ин мавзӯъ мефармояд, ки дар кишваре, ки амният ва адолати иҷтимоӣ вуҷуд надошта бошад, ҳеч бозаргон ва сармоягузори хориҷӣ дар он ҷо сармоягузорӣ намекунад, балки сармоягузорони дохилӣ низ аз он мамлакат фирор хоҳанд кард:

Кай он ҷо дигар ҳӯшмандон раванд,
Чу овозаи расми бад бишнаванд.

Шуниданд бозоргонон хабар,
Ки зулм аст дар буми он бехабар.

Буриданд аз он ҷо хариду фурӯш,
Зироат наёмад, раият бисӯхт.

Дар баробари зарурати гиромидошти сайёҳону ҷаҳонгардон, Саъдии ҳақоиқшинос моро ба зиракии сиёсӣ низ даъват кардааст. Зеро эҳтимол дорад дар либоси сайёҳу ҷаҳонгард, фитнагарону ҷосусон низ вориди ҳар кишваре шаванд ва ҳадафи ғаразолуди худро пайгирӣ кунанд. Дар ин маврид Саъдӣ тавсия мекунад, ки масъулони давлатӣ бояд бо зиракию ҳушёрӣ, хубу бадро аз ҳам ҷудо намоянд ва дар ҳар сурат бо онҳо муносибати муносиб намоянд:

Накӯ дор зайфу мусофир азиз,
В-аз осебашон барҳазар бош низ.
Зи бегона парҳез кардан накӯст,
Ки душман тавон буд дар зилли дӯст.

Шайх Саъдӣ ба мардуми одди низ тавсия медиҳад, ки ҳангоми муносибату муошират бо мардуми бегона роздору амонатдор буда, сирри кишвари худро ба онҳо фош накунанд, мабодо ҳамнишини онон ҷосус бошад ва аз ин иттилоот дар ҷиҳати табоҳии кишвар истифода кунад:

Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,
Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.
Агар ҷуз ту донад, ки азми ту чист,
Бар он рою дониш бубояд гирист.

Дар идома Саъдӣ таъкид мекунад, ки дар сурати ошкор шудан ва ё шиносоии афроди фитнагар дар миёни сайёҳону гардишгарон, масъулони давлатӣ бо онҳо тибқи қонунҳои башарӣ бархӯрд намуда, ин тоифаро бидуни таҳқиру озор аз кишвар ихроҷ (депортатсия) намоянд:

Ғарибе, ки пурфитна бошад сараш,
Маёзору берун кун аз кишвараш.
Ту гар хашм бар вай нагирӣ равост,
Ки худ хӯи бад душманаш дар қафост
.

Дар ин абёти шайх Саъдӣ ба вузӯҳ ду асли Эъломияи ҳуқуқи башар; асли риояи ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз табъизу хушунат, дида мешавад.

Шайхи Шероз ҳангоми ривояти достонҳои “Бӯстон”-у Гулистон ва баёни матолиби ҳакимона, аз шаҳру мамолике ном мебарад, ки худ дар он ҷо ҳузур дошта, дар ҳикоёте кӯтоҳ тасвире беназир ва ё панде дилпазир аз хотироту мушоҳидоти хеш дар бораи қавму миллиятҳои мухталиф ва расму ойинҳои онҳо, барои мо ривоят кардааст. Вижагии хоси ҳикмату пандҳои Саъдӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо ҳосили мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва дидаву шунидаҳои айнии худи шоир аст, ки дар тули сафари беш аз сӣ солаи хеш ба даст овардааст. Номи шаҳру сарзаминҳое, ки Саъдӣ аз он ҷо боздид карда ва аз мушоҳидоти хеш ҳамчун ҷомеашинос ривоят кардааст, бадин тартиб аст: Бағдод, Басра, Санҷор, Кӯфа, Бакр, Восит, Ҳиҷоз, Сафо, Ҳабаша, Миср, Мағриб (Марокаш), Лубнон, Тароблус (Либия), Ҳалаб, Димишқ, Рум, Исфаҳон, Кеш, Кошғар (Чин), Балхи бомиён ва Суманот (Ҳиндустон). Ҳосили ин се даҳа сайру сайёҳат ин шуд, ки Саъдӣ ба яке аз бузургтарин адибони давру замони хеш табдил шавад. Илова бар номи шаҳру мамолики гуногуне, ки дар боло мисол задем  дар “Бӯстон”- у “Гулистон” - и Саъдӣ номҳои уқёнусу баҳр, дарёву рудхона, кӯҳу биёбон,  халиҷу бандар ва номи подшоҳону ҳокимон, ҳакимону орифони маъруф, анвои либосу таъом ва расму ойини мардумони мухталиф зикр шудааст, ки маводи муҳиме барои илми таърих, ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносӣ маҳсуб мешаванд. Даврони сафари сӣ солаи Саъдӣ дар замоне иттифоқ афтод, ки пас аз фитнаи муғул дар сарзамини Эрон бозори мазҳабу таассуб ба шиддат гарм буд. Дар замоне, ки дар Эрон баҳсҳои фирқаӣ байни ҳанафиҳо, шофеиҳо, ашоара ва мӯътазила бисёр доғ буд, Саъдӣ бо шаҳомате, ки дошт аз Инҷил матлабе ривоят мекунад: “Ки эй, фарзанди одам агар тавонгарӣ диҳамат, муштағил шавӣ ба мол аз ман, ва агар дарвеш кунамат, тангдил нишинӣ, пас ҳаловати зикри ман куҷо дарёбӣ ва ба ибодати ман кай пардозӣ? “

Дастоварди дигари Саъдӣ аз сафари сисолаи хеш барои ояндагон, омӯзиши хештандорӣ ва таҳаммулпазирӣ дар баробари дину ақоиди бегонагон аст. Пири ҷаҳонгарди мо дар бобои ҳаштуми “Бӯстон” чунин қисса мекунад:

Буте дидам аз оҷ дар Суманот,
Мурассаъ чу дар ҷоҳилият манот.

Ва бутпарастон муратаб ба зиёрати он бут меомаданд ва аз ӯ барои рафъи мушкилоти хеш мадад меҷӯстанд. Саъдӣ бо бараҳмане аз он дайр, ки муддате ҳамҳуҷра низ будаанд, назари худро дар бораи ботил будани ин амал баён кардааст:

Муғеро, ки бо ман сару кор буд,
Накӯгӯю ҳамҳамҳуҷраю ёр буд.

Бараҳмани ҳамҳуҷраи Саъдӣ аз ин гуфтори вай хашмгину нороҳат шуда дигар бараҳманонро алайҳи ӯ мешӯронад ва ҷони Саъдӣ дар хатар қарор мегирад. Саъдӣ барои раҳоӣ аз ин вазъият чорае намебинад магар ин ки аз роҳи мадоро бо онҳо дар гуфтугӯ шавад ва ҳатто бути мавриди парастиши ононро ситойиш кунад:

Фурӯ мондам аз чора ҳамчун ғариқ,
Бурун аз мудоро надидам тариқ
.

Ба ҳамин тартиб, Саъдии ҷаҳонгашта ва гарму сарди рӯзгорро чашида, аз роҳи мадоро ва таҳаммулпазирӣ ҷони худро аз шарри бараҳманон наҷот медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар таърихи адаби форсӣ тоҷикӣ ҳеҷ шоиру нависандае ба андозаи Саъдӣ сайру сайёҳат накарда, агарчи Носири Хусрав ва “Сафарнома”- и ӯ дар ин робита машҳур аст, вале бояд бидонем, ки муддати сайру сайёҳати Носири Хусрав ҳафт сол буда, аммо сафари Саъдӣ беш аз сӣ сол тул кашидааст. Ҷаҳонгардӣ ва сафари тулонӣ Саъдиро ба як донишманд, ҷомеашинос, воизи номдор ва сайёҳи зираку доно табдил мекунад, ки ҳаштсад сол пеш дар замоне, ки ҳеч гуна созмону кумитаи расмӣ барои таблиғи сайёҳӣ вуҷуд надошт, бо такя ба зиракию ҳушёрӣ ва истедоди фитрии хеш ба таҷрибиёт ва дидгоҳҳои арзишманде дар ин замина даст ёфтааст.Таъсири ҳамин сайру сайёҳат ва маниши озодагии Саъдӣ буд, ки ба дур аз тангназариву таассуб, андешаҳои умумибашариро дар осори худ матраҳ кард ва зимни ошноӣ бо мардумони гуногун ва фарҳангҳои мухталиф фармуд:

Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
.

Беҳрӯзи Забеҳулло
Ходими илмии Маркази
мероси хаттии АИ ҶТ

барчасп: