Бунёди иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷашни Наврўз

Наврўз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Наврўз пайвандгари расму ойин ва анъаноти ниёгон ва насли имрўз мебошад. Роҷеъ ба Наврўзи тоҷикон китобу мақолоти зиёде ба табъ расидаанд, ки дар ин мақола бо истифода аз онҳо роҷеъ ба ин ҷашни суннатии мардумони форсизабон маълумоти мухтасар медиҳем.

Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврўз инҳоянд, ки аксари онҳо то ба имрўз роиҷанд. Хонабуророн, мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврўз кўрпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпаҳою пардаҳоро мешўянд ва хушбўӣ мезананд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Ҳавлиро рўфта тозаю озода менамоянд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст.

Маросими Чаҳоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбе сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофиқи тақвими эронӣ-хуршедӣ) гузаронида мешвад. Дар ягон паскўча ё чорраҳае алав афрўхта хурду калон аз болояш меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман.  Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доранд, ки дар соли нави оянда онҳо тандуруст хоҳанд буд. Мувофиқи бовари дигаре, агар аз болои оташ ҷаҳида гузарӣ, гуноҳҳоят мерезанд.

Дар асри гузашта мардуми Ҳисору Қаратоғ, Истаравшану Хуҷанд ва Самарқанду Бухоро ва дигар ҷойҳо пеш аз Наврўз косаю табақ, кўза ва дигар зарфҳои лабшикаста, ҷағоварда, ё сирпаридаро шикаста мепартофтанд, ки ин як одати зардуштиён буд. Ин ойин чунин маънӣ дошт, ки ҳамаи чизҳои шикаста бо соли кўҳна бебозгашт биравад ва мардум дар соли нав орзуи тандурустиву зиндагии бешикастро таманно мекарданд.

Суманак навъе аз хўриши наврўзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврўз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шуста, бо оби борон месабзонанд ва рўзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд. Ҷараёни суманкпазӣ як шабонарўз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра ба хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.  

Оштикунонӣ. Ойини дигаре, ки аз замонҳои хеле қадим анъана шуда омадааст, оштикунонии қаҳриҳо мебошад. Дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба ҳам қаҳриро оштӣ мекунонданд. Ин ойин ҳоло ҳам дар байни мардуми кўҳистони Зарафшон роиҷ аст.

Бозиҳои варзишӣ ва мусобиқот. Дар айёми Наврўз мусбиқоти паҳлавонон дар намудҳои гўштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврўзӣ ин гўштингирӣ аст, хеле паҳн шудааст. Дар ҳамаи деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон мусобиқоти наврўзии гўштингирӣ барпо мегардад. Қабл аз ҳама ду мўйсафед рамзан ба майдон меоянд ва бо рақсу гирди майдон чархзанӣ мусобиқаро оғоз ва ҷашни Наврўзро некфол мегардонанд. Ба ғолибон тўҳфаҳое ба мисли куртаю ҷома, қолину палос, телевизор, яхдон, мошини сабукрав, барзагову асп ва ғайра аз тарафи созмондиҳандагон – ҳукуматҳои маҳаллӣ тақдим карда мешавад.

Ба ғайр аз гўштин, дар деҳаҳо мусобиқаву бозиҳои тухми мурғҷанг, хурўсҷанг, кабкҷанг, чиликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешавад. Ҳар касе, ки ҷонвараш ё тухми мурғаш пирўз шуд, моли мағлуби ҳарифро мегирад.

Дар асрҳои гузашта дар байни мардуми тоҷик дар айёми Наврўз дар дастархонҳои идона гузоштани ҳафт мева маъмул буд. Тавре ки куҳансолон нақл мекунанд, то солҳои 1950-ум дар деҳоту шаҳрҳои тоҷикнишин дар ҷашни Наврўз дастархонҳои наврўзиро бо ғизоҳои гуногун оро медоданд. Дар суфраи бисёр хонаводаҳо дар табақҳо ҳафт навъи мева мегузоштанд. Ба дастархони ҳафтмева инҳо дохил мешуданд: анор, себ, нок, ангур, чормағз, бодом ва ғулинг ё зардолуи хушк. Баъзеҳо мувофиқи имконашон ба ҷойи баъзе аз инҳо меваҳои дигарро ба мисли пиставу тутмавиз ва ғайра мегузоштанд. Барои онҳо муҳим набуд, ки номи кадом мева бо кадом ҳарф шурўъ мешавад ва маҳз меваҳои муайянро интихоб намекарданд. Ҳар хонадон мувофиқи имкону шароит суфраи идона меорост. Дар хонаҳои шахсони доро ҳафт навъи таом бар рўйи хони наврўзӣ гузошта мешуданд. Аз нўшокиҳо ғулингоб хеле маъмул буд ва имрўзҳо низ он аз нўшокиҳои барои тандурустӣ хеле қавӣ ва судманди дастархони тоҷикон аст.

Хўрокҳои анъанавии наврўзӣ аслан ғизоҳоянд, ки аз ғалладона пухта мешаванд. Дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кўфта, нахўд, лубиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтақаҳо далда (Кўлоб), кашк, боҷ (Бадахшон) ва гўҷа (дар Панҷакент) ғайра меноманд. Хўрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии соли нав ва ғизои солимро ифода мекунад.

Дар вилояти худмухтори Кўҳистони Бадахшон Наврўзро бо номи Шогун-баҳор ё Шогунӣ ном мебаранд ва таҷлили он ҳам аз наврўзии дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Мардуми Бадахшон як моҳ пеш ба ҷашни Шогунӣ тайёрӣ мебинанд. Дар баъзе хонадонҳо ҳатто якчанд моҳ қабл аз ид омодагӣ сар мешавад. Онҳо гўсфанд ё ягон чорпои дигарро барвақттар интихоб карда, махсус барои ҷашн парвариш мекунанд. Дар хонаҳо чанд ҳафта пеш аз Шогунӣ занҳову духтарон либосҳо, рўйпўши кўрпаю болиштҳо, дегу косаву табақ ва дигар чизу чораи хонаро шуста тоза мекунанд. Мардон як рўз пеш аз ид ҳезум мешикананд ва он рўз ҳамон чорпои парваришёфтаро сар мебуранд.

Пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хўрокиҳо соҳибхоназан ё мард саҳарии барвақт ба чашма барои об меравад. Ҳамон касе, ки барои оббиёрӣ меравад, бояд аз хона то сари чашма ё дарё ва аз он ҷо то хона ба касе сухан нагўяд. Ў ҳангоми обгирӣ ба даруни сатил чанд то сангча меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда як қисмашро ба хамир меандозанд ва як қисми дигарашро барои пухтани боҷ - навъи хўроке, ки аз каллаву почаи гўсфанд ва рўдаҳои он бо гандуми нимкўфта  ва боқило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз бозмондааш ҳамаи аҳли хонавода кам-кам менўшанд, ки он шугуни нек ҳисоб мешавад.

Рўзи ид занҳо дар танўр оташ андохта шўрбо, нон, кулча ва дар болои хокистари танўр тоба ниҳода, дар он қамочак, як навъи нон мепазанд. Сипас мардҳо дар зарфе шўрбо ва дар дастархон нонҳоро гирифта ба идгоҳ (маъмулан хирманҷой ё майдони васеъ) мераванд ва якҷоя бо мардҳои дигар нишаста хўрок мехўранд. Баъд аз хўрдани таом сурудхониву рақскунӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ба монанди гўштигирӣ, чавгонбозӣ, давидан, бандкашӣ ва ғайра барпо мешавад. Дар замонҳои пеш асптозию бузкашӣ ҳам сурат мегирифтаанд, аммо ҳоло бозиҳои нав: волейбол, баскетбол ва инчунин аз бозиҳои маъмулии миллӣ хурўсҷанг, кабкҷанг ва тухмшиканӣ гузаронида мешаванд. Духтарбачаҳо бошанд, дар ин вақт дар шохҳои баланди дарахтон  арғамчин баста, арғунчакбозӣ мекунанд. Баъзе аз онҳо ба майдон, ба тамошои бозиҳои варзишӣ  меоянд.

Дар хона танҳо занҳо ва духтарҳои калонсол мемонанд ва ба тоза кардани хона машғул мешаванд. Дар ин муддат набояд мардон дар хона бошанд. Соҳибхоназан тамоми хонаро мерўбад, фаршу тиразаҳоро бо латта мешўяд ва пас аз он дар нўги чўбе аз сим панҷгўшае ба мисли панҷаи даст сохта васл мекунад ва ба он латта мепечонад. Баъдан он “панҷа”-ро дар орди боқило олуда ба чўбҳои шифт ва сутунҳои хона мезанад ва бо ин кор нақши панҷгўшае боқӣ мегузорад. Дар баъзе ҷойҳо бо орди боқило деворҳоро бо нақшҳои мухталиф ба монанди рамаи гўсфандон,  офтоб ва ситорагон ва гулҳо зебу зинат медиҳанд. Пас аз нақшгузорӣ занҳо шустушў карда дар хона мешинанд ва акнун ба хона омадани аъзоёни оила иҷозат мешавад. Дар вақти ба хона даромадан бояд ҳар шахси дароянда дар даст шохчаи тару тозаи бед дошта бошад. Шахси медаромадагӣ “Шогуни баҳор муборак!” мегўяд ва модар, ё ҳамсар, ё хоҳараш дар ҷавоб “Бо рўи шумо муборак!” гуфта, камтар ордро гирифта, китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи ҳаёти осоишта буда, фоли нек ба шумор меравад.

Дар байни мардуми тоҷик рубоиву сурудҳои зиёди наврўзӣ вуҷуд доранд, ки асосан дар айёми Наврўз суруда мешаванд. Яке аз ғояҳои асосии рубоиву таронаҳои наврўзӣ ин муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани баҳор ва иди Наврўз шодию хуррамӣ мекунанд, аз ин хотир ҷашни Наврўз  дар таронаҳои мардумӣ бо оғози баҳор ва як навъ озодӣ айният дорад.

Наврўз – ҷои вохўрӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд, пайванди худро бо табиат баён мекунанд ва тавассути иштирок худро ҳамчун як фарди марбути ҷомиа муаррифӣ месозанд.  

Дилшод Раҳимов
Муовини директор
Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Номзади илми филология

барчасп: