Сиёсати фарҳангӣ омили субот ва пешрафти ҷомеа

(Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат зери унвони «Фарҳанг ҳастии миллат аст»)

Мақола дар заминаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён таълиф гардидааст. Бистуми марти соли 2001 суханронии Ҷаноби Олӣ зери унвони “Фарҳанг ҳастии миллат аст” ба аҳли зиёи кишвар ироа гардид, ки дар таърихи фарҳангии халқи тоҷик саҳифаи рахшонро боз кард. Ин суханронӣ пас аз даҳ соли Истиқлолияти кишвар баргузор гардид, ки ҳамакнун аркони давлати тоҷикон маҳкам ва устувор гардида, дар ҷодаҳои муваффақият қадамҳои ҷадид мегузошт. Дар ин суханронӣ як навъ арзишҳои бадастомада мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва фарҳанг омили асосӣ унвон гардид. Бо як усули хос ва рамзӣ ишора гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои даврони Истиқлолият ҳамагӣ самараи фарҳанги волои халқи тоҷик мебошанд. Дар суханронии мазкур сиёсати фарҳангӣ мавқеи намоён дошт. Ин таваҷчуҳ аз он дарак медод, ки дар тӯли ҳукуматронӣ Сарвари давлати тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз мероси фарҳангии ниёгон канор нарафта, сиёсати фарҳангиро асоси кори хеш қарор додаанд. Ин боис гардида, ки Президенти фарҳангпарвари кишвар ҳамроҳ бо халқи фарҳангсоолори худ давлату ватанро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшад ва ватандориву сулҳпарварии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Дар мақола бо такя ба андешаҳои Ҷаноби Олӣ исбот шудааст, ки ягона унсуре, ки миллати тоҷикро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ҳифзу муаррифӣ намуда, дар олам мақоми олӣ бахшидааст, фарҳанг мебошад. Ба андешаи муаллифони мақола таърих нишон додааст, ки сиёсатҳои аз фарҳанг орӣ инқилобҳои бузурги сузандаро ба вуҷуд овардаанд ва боястӣ, ки қабл аз инқилобҳои сиёсӣ, инқилобҳои фарҳангӣ барпо шаванд ва садду монеаи хатарҳои замони муосир гарданд. Дарвоқеъ, яке аз рукнҳои сулҳу суботи тоҷикон арзишҳои фарҳанги бою ғании миллати тоҷик мебошад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат арзишҳои фарҳанги миллӣ ва умумибашариро ба инобат гирифта, зарур шуморид, ки ҳамасола  дар ҷумҳурӣ таҷлили “Рўзи фарҳанг” баргузор карда шавад.

Аз замоне, ки сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимоми давлати Тоҷиконро ба дўш гирифт, оҳиста-оҳиста тамоми паҳлуҳои гуногунҷанбаи давлат ба тағйиру тараққӣ ва таҳаввулоти назаррас  рў овард. Аз ҳама таҳаввули бесобиқа ва фаромӯшнопазири таърихӣ, пас аз омадани чунин шахсияти бохирад, баҳамойиву бунёд, сулҳу субот ва таҳкими кишвари парокандаву парешон ва дар вартаи фано қарордошта маҳсуб мегардад, ки мислашро таърихи халқи тоҷик шоҳид нагаштааст. Ҳифз ва барқарор сохтани аркони шикаста, аммо ба тамом наафтодаи давлат, аз нахустин иқдомоти босуръати Ҷаноби Олӣ ба ҳисоб меравад, ки шоёни зикру тақдир мебошад. Қобили зикр аст, ки сарвари давлат бозсозиро дар як они воҳид тавассути ду ҷабҳа шурӯъ намуданд, ки он неруи моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад. Дар идораи давлат неруҳои маънавиро асоси маъхази сиёсати хеш қарор дода, баҳри таҳкими давлати фурӯпошида чанд андозае, ки ба қувваҳои моддӣ такя менамуд, аз он бештар ба қувваҳои маънавӣ низ эътимоди комил варзид. Бояд гуфт, ки такягоҳи маҳкам ва устувори ӯ дар барқарорсозии давлат, бегумон илму маърифат, хиради азалии ниёгон ва аз ҳама асосӣ фарҳанги воло ва созандаи миллати тоҷик буд. Агар хирадмандӣ, ақлу идрок, истифодаи улуму маориф, зиракиву ҳушёрӣ, ҷаҳонбинии васеъ, таҷрибаҳои санҷида, дурандешӣ ва махсусан арзишҳои волои фарҳангӣ мавҷуд намебуд, бешак сулҳу субот, ҳамгироӣ ва пешрафту тараққӣ ҳаргиз аз мавҷудияти худ дарак дода наметавонист. Пас аз бахудойӣ ва неру касб намудани пояҳои асосии давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ мустақиман рӯ ба илму маориф ва фарҳанг овард. Чунки ӯ аз таҷрибаҳои оламшумули хеш дарк намуда, яқин ҳосил карда буд, ки асоси ҳар давлат ба илму фарҳанги воло устувору побарҷо хоҳад буд. Тамоми суханрониҳое, ки сарвари давлат дар тӯли даврони Истиқлолият тақдими қишрҳои гуногуни ҷомеа намуданд, аз баҳсу гуфтугӯйи фарҳангӣ орӣ нестанд. Ҳатман дар ҳар як суханронӣ атрофи фарҳанг андешаҳои ноб, ҷумлаҳову ибораҳои пурмаънӣ ва созанда зикри худро ёфтаанд, ки аз аҳамияту зарурат ва созандагии фарҳанг дарак медиҳанд. Махсусан дарки ноби ӯ буд, ки аҳли зиёву фарҳангро ба зудӣ дар атрофи худ ҷамъ намуд, бо онҳо суҳбатҳову гуфтугӯҳо, машваратҳову маслиҳатҳо, расонидани кумаки моддиву маънавӣ ба онҳо ва мавриди таваҷҷуҳи хоси худ қарор додани онҳо мебошад. Яке аз анъанаҳои сутудаи Ҷаноби Олӣ, ки аз овони Истиқлолияти кишвар то имрӯз тантана дорад, суханронии солона бо аҳли зиёву фарҳанги кишвар мебошад, ки фавоиду манофеи он то ба имрӯз ба касе пӯшида нест. Махсусан унсури тақдирсози фарҳанг дар суханрониҳои Президенти мамлакат бо зиёиёну фарҳангиён мақоми фарох ва пурбаҳсро соҳиб аст. Ҷаноби Олӣ ибтидои ривоҷи ин анъанаи созандаро дар фасли зебои баҳор, қудуми ҷашни Наврӯзи аҷам, 20 март мушаххасу муайян намудаанд, ки басо рамзӣ буда метавонад.Ҷаноби Олӣ, зиёӣ, Наврӯз, баҳор ва фарҳангро бо ҳам алоқаманд зикр намудаанд, ки дарвоқеъ ин алоқамандии табиӣ низ мебошад. Мисли ин ки ин унсурҳо аз якдигар ҷудо буда наметавонанд ва истеҳкомбахши якдигаранд. Чунон ки ҷашни Наврӯз дар ин ақида ҳамчун таҷассумгари фарҳанг арзёбӣ гардидааст. Яъне он ҷашнест, ки фарҳанги миллати тоҷикро бо тамоми арзишҳояш ба сурати ҷасад ё ҷисм дароварда, тасвир мекунад ва ба оламиён нишон медиҳад. Чуноне ки роҳбари давлат дар суханронии 20 марти соли 2001 дар матлаи сухани хеш таъкид намуда буданд: “Мулоқоти мову шумо дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз, яке аз идҳое, ки таҷассумгари фарҳанги қадимаи халқҳои ориёинажод ва машриқзамин аст, сурат мегирад” илди 3, с. 517).

Бегумон санаи мазкур барои халқи тоҷик, махсусан аҳли зиёву фарҳанг, пураҳамият мебошад. Хосатан 20 марти соли 2001 дар фарҳанги миллати тоҷик ва мавқеи зиёиёну фарҳангиён мақоми хос ва нақши барҷаста дорад. Чунки нахустин бор ибораи пурмаънӣ ва пураҳамияти “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, дар он вохӯрӣ танин андохт. Аз он пас шубҳае нест, ки дар фарҳанги миллат ва кору амали фарҳангиёну зиёиёни мамлакат тараққиёт ва пешрафтҳои бесобиқа ба амал омаданд. Ин ибораи хосе буд, ки ба пояҳои фарҳанг устуворӣ, ба самъу зеҳни фарҳангиёни миллатдӯсти кишвар таркиши мусбӣ ва дар масири ҳаракати онҳо таҳрики созандаеро ба амал овард. Пасон, аз суханронӣ то суханронӣ бо зиёиён, қазияҳои гуногунҷанбаи соҳаи фарҳанг, мушкилоти соҳа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, батадриҷ рушд намуд ва ислоҳи ҳамаҷонибаи худро пайдо кард. Суханрониҳои Президенти Мамлакат аз сол то сол тағйир ва дигаргунӣ касб кард ва таъсири гуногунҷанбаи худро дар самтҳои мухталифи фарҳанги кишвар гузошт. Баҳри исботи андеша бар он таъкид менамоем, ки ин ҳама моли таърих аст, дар сафаҳоти таърих сабту мастур гардидаанд ва таърих оинаест, ки ҳодисоту воқеоти замонро дар худ бехато инъикос намуда, тақдими башар месозад. Ба қавле сатрҳои маҳфузи таърихӣ ба ҳар бадхоҳу нотавонбин иҷозат намедиҳанд, ки ҳақиқатро таҳриф намуда, худро нисбати он нобино нишон бибиҳад. Имрӯз он ҳама суханрониҳои Пешвои Миллатро саҳифаҳои таърих ҳифз намудааст, ки бидуни таҳрифу табдил дастраси ҳамагон мебошанд ва воқеияти таърихро чун оина инъикос менамоянд. Бояд гуфт, ки аслан ҷумлаи созандаи “Фарҳанг ҳастии миллат аст” унвони суханронии соли 2001-уми  Сарвари давлат буд, ки ҳамчун оғози сухан таваҷҷуҳи сомеонро ба худ ҷалб намуд ва унвони як суханронии аҳамиятнок дар саҳифаҳои таърих маҳфуз  хоҳад монд. Қабл аз соли 2001, албатта суханрониҳои хос атрофи фарҳанг, ҳамчунон бо зиёиёни кишвар сурат мегирифт, аммо суханронии 20-уми марти соли 2001 моҳияти махсусро соҳиб буда, тӯли 17 сол аст, ки занҷираи он барҳам нахӯрдааст. Дар он суханронӣ Ҷаноби Олӣ қотеона ва бо ҷиддияти тамом ҳарф зада, ба фарҳанг рисолати созанда ва тақдирсозро иртибот бахшида, ислоҳи ҳама ҷанбаъҳову соҳаҳои кишварро ба ислоҳи он рабт додаанд, ки сиёсати фарҳангӣ дар раъси кор қарор гирифтааст. 

Омезиши фарҳанг бо сиёсат аз оғози ҳукуматронии Пешвои миллат возеҳу ошкор ба назар мерасад. Арзишҳои фарҳангӣ, ки асосу аркони ҳар амал дониста шудаанд, ҳеҷ гоҳ дар марҳилаҳои ҳукуматронии ӯ аз сиёсат ҷудо нагашта, дар канор намондаанд. Ба ақидаи Ҷаноби Олӣ сиёсати фарҳангӣ ҳамчун маҳаки асосии давлатдорӣ унвон мегардад. Сарвари давлат барҳақ гуфтаанд: Беҳуда нест, ки мо сиёсати фарҳангиро як рукни муҳими сиёсати давлатдорӣ мешуморем”илди 3, с. 517). Дарвоқеъ фарҳанг дар кашфи равишҳои зиндагии давлатҳои гузаштаву имрӯза, мавқеи иҷтимоӣ, махсусан сиёсии онҳо, чун оинаи тамомнамо арзёбӣ мегардад. Он ҷо ки мегӯянд: Фарҳанг ба назари ман, оинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбанд. Ва ин мизони дақиқу беминнат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд” илди 3, с. 522).

Дар ин андеша фарҳанг ба манзалаи тарозӯ арзёбӣ мегардад, ки дар имтидоди таърих нақш ва саҳми милалу ақвоми дунёро дар пешрафту тараққии тамаддунҳои башарӣ мушаххас месозад. Қабл аз соли 2001, аниқтараш аз ибтидои ҳаракати нави давлатдорӣ то соли мазкур соҳаи фарҳанг яке аз паҳлуҳои фаъолияти асосии Президенти Мамлакат қарор гирифта буд ва ҳаргиз аз таваҷҷуҳи ӯ берун намондааст. Чунон ки Ҷаноби Олӣ дар он суханронии таърихӣ таъкид намуда буданд: “Ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи даҳ соли истиқлолият сиёсати гуногунпаҳлуи фарҳангиро таҳия карда, онро пайваста дар ҳаёт татбиқ менамояд. Дар ин давра пеш аз ҳама заминаи ҳуқуқӣ ва илмии рушди фарҳанги кишвар дар иртибот бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда шуд” илди 3, с. 523).

 Ин андеша ба мо хулоса мебахшад, ки бо вуҷуди нобасомониҳо ва даҳшатҳои солҳои аввали Истиқлолият пояҳои асосии фарҳанги тоҷикон, бо ташаббус ва сиёсати ғамхоронаи Пешвои Миллат, барқарор ва устувор гардонида шуда, марҳилаи нави тараққӣ дар ин соҳа оғоз гардидааст. Дар тӯли даҳ соли истиқлолият, ки аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амнӣ сахттарин ва ҳассостарин давраро ташкил медод, хушбахтона ин вазъи шадид руасои давлатро сардаргум насохта, зеҳни фарогири онҳо ба ҳама паҳлуҳои ҳукуматдорӣ расидагӣ намудааст, ки махсусан таваҷҷуҳи хоси онҳо ба фарҳанг мебошад. Аз ҷумла: “Консепсияи инкишофи фарҳанги кишвар ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардиданд. Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст” илди 3, с. 523).

Дар он марҳила таҳияи консепсияи инкишофи фарҳанг ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” падидаи басо арзишманд ва созанда дар соҳаи фарҳанг муаррифӣ мегардад. Эҳё намудани арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ амри зарур маҳсуб гардида, ин падида дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба хубӣ мадрак шудааст, ки баҳри равона сохтани амрҳои зарӯрӣ дар ин самт таваҷҷуҳи чашмрас намудаанд. Мақом додани таҳким ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ, дар раддаи сиёсатҳои афзалиятнок бозгӯ мекунад, ки фарҳанг дар радифи дигар соҳаҳои муҳими давлатдорӣ дар мадди аввал қарор гирифта, аҳамияти ба маротиб боло дорад. Таърихи халқи тоҷик тӯлонӣ буда, марҳилаҳои мухталифро паси сар кардааст, дар он мароҳили таърихӣ ба шебу фароз ва муборизаҳои пуршиддат мувоҷеҳ гардидааст. Хушбахтона аз ҳама он садду монеаҳои давраҳои гуногун миллати тоҷик ифтихорона ва сарбаландона берун омада, ягонагӣ, муттаҳидӣ, миллият ва хиради азалии хешро ба ҷаҳониён нишон додааст. Бояд гуфт, ки ин пирӯзиҳо ва наҷоти миллати тоҷик аз водиҳои ҳалокат ва вартаҳои нестӣ тавассути унсури созандаи фарҳанг сурат гирифтааст. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он суханронии таърихӣ басо дақиқ ва муассир чунин зикр намудаанд: “Моро аз тамоми гармию сардиҳои рӯзгор, аз тӯфону буҳронҳои пурфоҷеаи таърих танҳо фарҳангу хирад наҷот додааст. Ва маҳз фарҳанги волои аҷдодӣ тавонист, ки моро аз вартаи ҳалокат раҳонида, ба пойгоҳи сулҳу созиш ва ваҳдату якдилӣ бирасонад” илди 3, с. 547)...

Ш. Комилзода, 
К.Исоев
Матни пурраи мақола  ва матолиби дигарро ин ҷо хоҳед хонд.

ПАЁМНОМАИ ФАРҲАНГ – Нашрияи илмию таҳлилӣ 2018 №01

барчасп: