Шинос шавед: САФАР ҲАҚДОДОВ

Таҳсилкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Вале майлу рағбати беандоза ба синамо роҳи ӯро баъди анҷоми таҳсил ба самти кино тағйир дод. Бо талошҳои аввалинаш дар офариниши саҳнаҳои хотирмон дар маҷаллаи синамоии “Калтак” роҳашро ба сӯйи синамо бозтар кард.
Сафар Ҳақдодов - сенариянавис, актёр, муҳаррир, продюсери тоҷик ва ҳамзамон раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аст.
Вай  5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дида ба олам кушодааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1983 хатм кардааст.  Аз соли 1986 дар “Тоҷикфилм” кор мекунад.
Муассис ва раҳбари аввалин ва ҳоло ягона киноҷашнвораи байналмилалии “Дидор” аст, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Ин киноҷашнвора соли 2014 таъсис шудааст.  
Сафар Ҳақдодов аз соли 2011 раиси Иттифоқи синамосозони Тоҷикистон аст.
Соҳиби Гран-прии ҷашнвораи байналмилаллии синамо дар шаҳри Тампер (Финландия) барои филми кӯтоҳи “Хоб дар бедорӣ” (соли 1991) ва ҷоизаи “Қиёми рӯз”, дар маҷмуъ соҳиби 11 ҷоиза дар ҷашнвораҳои байналмиллалӣ аст.
Соли 2014 аз рӯи филмномаи "Муаллим"-и Сафар Ҳақдодов дар таҳияи коргардони шинохтаи тоҷик - Носир Саидов филми ҳамном наворбардорӣ шуд, ки аллакай дар чандин киноҷашнвораҳои байналмилалӣ намоиш дода шудаву мақбули муҳаққиқону бинандагон қарор гирифтааст.  
Сафар Ҳақдодов дар чандин филмҳо нақш ҳам бозидааст.

барчасп: