Муҳаққиқи варзидаи синамои кишвар

Ато Аҳроровро барҳақ метавон аз чеҳраҳое муаррифӣ кард, ки умре синамои тоҷикро нақд кардааст ва дар ҳамин ришта китобу мақолаҳо навиштааст. Мутаваллиди Самарқанди бостон аст. Номзади илми санъатшиносӣ 1967, аълочии кинематографияи ИҶШС 1979 мебошад. Дар Энсиклопедияи миллии тоҷик дар бораи ӯ мехонем:

Ато Аҳроров соли 1960 факултаи филологияи тоҷики Унверситети давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ-ро  хатм намудааст.  Солҳои 1966-1969 дар аспирантураи Институти таърихи санъати Вазорати маданияти ИҶШС таҳсил намудааст. Солҳои 1960-1992 дар Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1959 инҷониб дар бораи кино менависад. Ў аввалин муҳаққиқи кинои тоҷик мебошад. Муалифи монографияҳои «Кинои тоҷик» (Душанбе, 1971); «Кинои тоҷик 1969-1974», (Душанбе 2010); бобҳои оид ба кинои тоҷик дар таҳқиқоти бисёрҷилдаи «Таърихи кинои шўравӣ (иборат аз 4 ҷилд, Москва1966-1967); асарҳои «Дар филмҳои тоҷикӣ» (бо ҳамкории В.Савченко, Душанбе, 1968), «Санъати кино», (Душанбе, 1974); муратиб ва яке аз муаллифони маҷмўаи «Экрани тоҷик», (Душанбе, 1980), «Кинои Тоҷикистон» (бо ҳамкории А.Азизова, Москва, 1982) ва ғайра мебошад.  Ҳоло дар мавзўи сифат ва омилҳои филми миллӣ таҳқиқот анҷом медиҳад.

 Асарҳояш маъмулан, дорои маводи дақиқ ва фаровони таърихӣ буда, матни васеи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ба назар мегиранд. Таҳлили вазъу тамоюли падидаҳои фарҳангӣ ва арзгузории филмҳо аз ҳамин қарина ва ҳам аз дидгоҳи хеле ҳирфаӣ ва завқи борикбинонаи Ато Аҳроров баррасӣ мешавад.

Ато Аҳроров соли 2010 раиси жюрии Синамобазсми байналмилалии «Дидор – III»(Душанбе) буд.

Аз соли 1968 узви ИК ИҶШС мебошад.

 

Бозчоп:  аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. –  С. 175-176.

Муаллиф: Раҳимов  С.

барчасп: