Фарҳанг - ҳамчун пули муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар бобати таъсири гуногунрангии фарҳанги Тоҷикистон ба мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ андешаҳои ҷолиб баён намуда, ишора кард, ки истифодаи бамавриди арзишҳои таърихию миллӣ ва иттилооти фарҳангӣ метавонад баҳри татбиқи аҳдофи рушди ҳазорсола ва рушди мавқеи кишварҳои арабӣ дар таҳкими марзҳои фарҳангии байни давлатҳо ва ба ин васила ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон аз гумроҳшавӣ ва шомил гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, мусоидат намояд.

Рўзҳои 2-3 сентябри соли 2019 дар шаҳри Дуҳаи Давлати Қатар таҳти унвони “Фарҳанг - ҳамчун пули муколама  ва ҳамдигарфаҳмӣ” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар Конфронс афкору андешаҳои ҳадафманд ироа гашт ва намояндагон аз якчанд кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла: Алҷазоир, Бангладеш, Ветнам, Индонезия, Кувайт, Қатар, Қирғизистон, Малайзия, Марокаш, Лубнон, Тоҷикистон, Туркия, Уммон, Чин, Ҷопон ва Эрон ҳузур доштанд.

Дар оғоз бо сухани ифтитоҳӣ Вазири фарҳанг ва варзиши Давлати Қатар Салоҳ Бин Ғаним Ал-Алӣ баромад карда, ҳадафи баргузории Конфронси мазкурро шарҳ дод ва оид ба татбиқи вазифаҳои афзалиятноки кишварҳои ҳавзаи Осиё дар самти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мутақобила, муколама ва табодули таҷриба барои рушди Осиё андешаҳои ҷолиб баён намуд. Ҳамзамон Муншии генералии Котиботи Муколамаи ҳамкориҳои Осиё Порнчаи Данвиватана бо сухани шодбошӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба муҳиммияти масоили матраҳшаванда ҷалб намуд.

Дар бахшҳои ҷудогонаи конфронс, ки таҳти унвонҳои «Гуногунрангии фарҳангӣ ва таҷассуми он дар ҷомеаи Осиёӣ», «Таҷрибаи давлатҳои Осиёӣ дар самти гуногунрангии фарҳангӣ» «Муколамаи фарҳангӣ ва ҳамзистӣ байни кишварҳои Осиё» баргузор гардид, маърўзаи 15 нафар коршиносону муҳаққиқон шунида шуд. Аз ҷумла, оид ба мавзўи «Таъсири гуногунрангии фарҳангӣ» сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода суханронӣ намуда, саҳми раисии Давлати Қатарро дар Муколамаи ҳамкориҳои Осиё дар давоми соли 2019 ва дар чорчубаи он баргузор шудани конфронси мазкурро ташаббуси нек ва ибтикороти наҷибонаи Давлати Қатар арзёбӣ карда, дигар давлатҳои аъзоро даъват ба амал овард, ки дар ташкил ва баргузории чунин конфронсу анҷуманҳои муфид бештар саҳм гиранд.

Ҳамзамон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар бобати таъсири гуногунрангии фарҳанги Тоҷикистон ба мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ андешаҳои ҷолиб баён намуда, ишора кард, ки истифодаи бамавриди арзишҳои таърихию миллӣ ва иттилооти фарҳангӣ метавонад баҳри татбиқи аҳдофи рушди ҳазорсола ва рушди мавқеи кишварҳои арабӣ дар таҳкими марзҳои фарҳангии байни давлатҳо ва ба ин васила ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон аз гумроҳшавӣ ва шомил гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, мусоидат намояд.

Инчунин сафир таъкид кард, ки маҳз фарҳанг аст, ки имрўзҳо марзҳо ва саддҳо байни миллатҳо ва халқиятҳои мухталиф пайваст ҳастанд, бахусус робитаҳои ҳасанаи фарҳангӣ ҳамчун далели воқеии ҳифзи мероси башарият дониста мешавад ва бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба насли оянда ба сифати арзишҳои муқаддас ба мерос гузошт.

Ҳамзамон дар Конфронси мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминҷон Пиров иштирок ва дар мавзўи «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» маърўза карданд.

Сипас ба таваҷҷуҳи аҳли нишаст навори тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар он дастовардҳои назарраси Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилу баргузории Наврўзи Аҷам ҳамаҷониба инъикос ёфтаанд, пешкаш гардид. Тамошои навори мазкур ба аҳли нишаст имкон дод, ки онҳо роҷеъ ба саҳми Тоҷикистон дар ҷаҳонишавии Наврўз, гиромидошт, омўзиш, тарғиби расму оинҳо ва суннатҳои наврўзӣ, бахусус муаррифии сару либос ва дастархони наврўзӣ бештар маълумот гиранд. 

Ҷараёни баргузории Конфронс ва дигар чорабиниҳои дар доираи он суратгирифта дар воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар васеъ инъикос ёфт.

Мирзоалӣ ҶЎРАЕВ,
котиби илмии ПИТФИ,

номзади илмҳои филологӣ

барчасп: