Талафоти бузурги соҳаи фарҳанг

Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо андўҳи гарон хабар медиҳад, ки рўзи 1-уми майи соли 2020 донишманди тоҷик, сарояндаи мумтози таронаҳои классикӣ, номзади илмҳои таърих, муовини директори  Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Абубакр Зубайдӣ баъд аз бемории начандон тўлони олами фониро видоъ гуфт.

Абӯбакр Зубайдӣ дар санаи 1 июли соли 1958 дар деҳаи Ворў (ҳозира Рукнобод), ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод (Суғди имрўза)  таваллуд ёфтааст.

Абўбакр Зубайдов баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (1975) таҳсилро дар шуъбаи суруд ва мусиқии факултаи корҳои маданию фароғатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1975-1979) идома дода, онро бо дипломи имтиёзнок хатм намудааст.

Баъдан фаъолияти кориаш дар ҳамин донишкада идома ёфта, омӯзгор, омӯзгори калон, мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (1993-1998), мудири кафедраи «Тарбияи мусиқӣ» (1998-2003), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (2004-2006), декани факултаи мусиқӣ-омўзгорӣ (2006), дотсент (2006)  будааст. 

Соли 2005 дар мавзўи «Таърихи фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон дар солҳои 30-80-уми асри XX» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Барандаи ҷоизаи фестивал – конкурси телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-96» (1996), аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) мебошад. Абўбакр Зубайдов шоха, гўшаҳои мусиқии устодона «Кўчабоғи ду», «Талқини Бухоро», «Қашқарчаи талқини Бухоро», «Уфари Талқини Бухоро» ва сурудҳои зиёдро бо сабки хоса иҷро намуда, дар Хазинаи тиллоии Радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабт намудааст.

Ў муаллифи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла, “Насими Анбарафшон” (Ирфон – 2012); “Таърихи мусиқии касбӣ-компазитории тоҷик” (Аржанг – 2016); “Мусиқии тоҷик дар даврони истиқлол” (Аржанг – 2017)  ва  ниҳоят рисолаи охирон таҳти унвони “Равандҳои инноватсионӣ дар мусиқии тоҷик” (Аржанг – 2020), ки чанд муддат пеш аз фавташон аз чоп баромад. Метавон гуфт ки то ин муддат таъсири инноватсия ба мусиқии тоҷикро касе баррасӣ накарда буд ва таълифоти устод Зубайдов Абубакр дар илми мусиқишиносии тоҷик дар ин самт яке аз аввалинҳо ба шумор меравад.

Абубакр Зубайдов инчунин муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки аксаран оид ба анъанаҳои эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик таълиф шудаанд. Устод Зубайдов инчунин дар тарбияи насли ҷавони иҷрокунандаи мусиқии мардумию устодона саҳми хосса гузошта, шогирдонаш имрўз дар дастаҳои ҳунарии Тоҷикистону Ўзбекистон ҳунарварӣ менамоянд.

Ёдашон ба хайр ва фирдавси барин маъвояшон бод!

 

 

ҶИСМУ ҶОН СӮЗАД


       Дар сӯги ҳофиз ва олими беҳамто Абубакр Зубайдӣ



Ба ёди хандаҳоят мағз-мағзи устухон сӯзад,
Ба ёди чеҳраи нуронии ту ҷисму ҷон сӯзад.

Ту будӣ шамъи маҳфилҳо, ту будӣ доруи дилҳо,
Ба ёди ҳар ҳуруфи дилкашат пиру ҷавон сӯзад.

Ту будӣ мутриби воло, ту будӣ ҳофизи якто,
Хазон гардидию дар ёди ту барги хазон сӯзад.

Чу сарви дилкаше дар боғи ҷонҳо доштӣ маъво,
Ба ёди қомати сарви ту сад сарви равон сӯзад.

Дилам сад пора гашту оби чашми ман ба поям рехт,
Ба қаъри синаам қалби ҳақири хунчакон сӯзад.

Аё, эй муршиди комил, наороӣ дигар маҳфил,
Агар маргат биёрам бар забон кому забон сӯзад.

 

                                                  Исмоил Зарифӣ

барчасп: