Мубориза алайҳи вабои аср Covid-19

Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва мардуми он мардуми таҳаммулпазиру меҳмондӯст, ваҳдатгарову дорои маърифати баланди илмиву фарҳангӣ буда, таърихи ниёгони мо моломоли далелҳои мардонагиву шуҷоатнокӣ, озодихоҳиву ваҳдатофарӣ, муборизаи беамон зидди душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳамеша дастгири ҳамдигар дар рӯзҳои душворӣ ҳаёти буда, ҳангоми пайдоиши хатаре ба миллат ва кишвар аз як гиребон сар мебароварданд, то ин ки адӯро бо ҳам несту нобуд созанд. Дар масири таърих тоҷикон бо ихтирооти илмиву амали ҳамеша ливои пешсафиро соҳиб будаву, ба донишандӯзиву тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хосса доштаанд ва дар тамоми ақсои дунёи исломии асрҳои миёна риштаҳои диниву дунявӣ дар дасти онҳо буд ва мо бо аксар фарзонафарзандон - алломаҳои  саҳеҳандеши худ дар байни оламиён то ба имрӯз ифтихор дорем. Имрӯз рӯзест, ки санҷиши ваҳдати миллӣ ба миён омадааст, моро мебояд аз сабақҳои таърихӣ ва таҷоруби ниёгони хеш биомӯзему онро сармашқи кори хеш қарор диҳем.

Ба ақидаи мо шиори рӯз: «Ваҳдат - алайҳи вабои аср COVID-19» бояд бошад ва моро мебояд, ки ибтикорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ кунем ва алайҳи ин «вабои аср» муборизаи беамон оғоз намоем, саҳми худро дар ҳифзи саломатии миллати куҳанбунёдӣ хеш гузорем, ба ҳамагон ёрии беғаразонаи худро дареғ надорем ва пеш аз ҳама аҳли оила, хешу ақрабо, ёру рафиқ ва ҳамсояву ҳамватанони хешро барои пешгирӣ аз он омода ва сафарбар намоем, то ин ки дар ин муборизаи беамон муваффақ гардем. Сарвари муаззам мову шуморо огоҳонидаанд, ки: “Мубориза алайҳи ин беморӣ, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар фарди баномус мебошад”.

Аз ин рӯ, ба ононе, ки хурдро соҳибватан, соҳиби нангу номус, узви ин миллат меҳисобанд муроҷиат менамоем, ки дар ин рӯзҳои пурхатар ба ҳаёти миллат набояд дар канор бошанд ва чӣ ҳамватанони ватанӣ ва чӣ ҳамватанони хориҷӣ бояд аз як гиребон сар барорему вабои асрро аз кишвари биҳиштосоӣ хеш нест кунем ва миллати хешро дар рӯзҳои вазнинии ҳаёт дастгирӣ намоем.

Таърих гувоҳ аст, ки ин гуна санҷишҳои бузургро инсоният борҳо паси сар намудаву ба он ғолиб омадааст ва ба хотир оред: киштии ҳазрати Нӯҳу қавми Лут ва амсоли онро, ки мо бо онҳо аз кӯдаки ошно ҳастем ва медонем, ки нотифоқию ноаҳлии инсоният ғазаби худовандро меорад ва мо кушиш бояд, кунем, ки дар ин лаҳзаи ҳассос инсон будани хешро фаромӯш накунем, ба тафриқандозиву дасисабозӣ оғоз нанамоем, байни мардум таҳлукаву иғвоҳо паҳн накунем, дасти ҳамдигар бигирем, меҳру шавқатро фаромӯш нанамоем, ки бемории COVID-19 ба ягон нафари мо раҳм нахоҳад кард. Дар ин ҷо ду мисраи ғазали Хоҷа Ҳофизро ёдовар мешавем, ки гуфтаанд:

 

 Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад,

   Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

 

Моро мебояд аз бародарони Чинӣ, ки бар ин вабои мудҳиш ғалаба ба даст овардаанд, таҷриба биомӯзем. Ба бародарони чину ӯзбек ва кишварҳои дигаре, ки дар ин рӯзҳои душвор моро дастгирӣ менамоянд, минатдор бошем ва мардумро аз тарсу ҳарос ва нобоварӣ бираҳонем, то ин ки онҳо ба ояндаи худ бовар ҳосил намоянд ва ба муқобили ин вабои нохонда баҳри ҳаёти хеш муборизаи беамон баранд, то ин ки худро дар ин ҷабҳаи нангу номус танҳо эҳсос нанамоянд.

Месазад ҳар яки моро мояи ибрат бошад, аз он иқдоме, ки бародарони ҳаммарзи мо нисбати миллати мо татбиқ менамоянд, онҳо на танҳо ба мо кӯмакҳои башардӯстона мерасонанд, балки табибони хешро барои таҷрибаивазнамоӣ, омодасозии табибони мову табобати беморон фиристодаанд. Аҳсант ба он ҳамсояҳое, ки дар чунин рӯзҳои душвор саломатии хешро зери хатар гузошта, фикри наҷоти моро доранд ва моро дастгирӣ менамоянд, бархилофи он «фарзандони дилсӯзу ҷигарбирёне», ки аз сангарҳои хориҷии хеш миллату давлати тоҷиконро санги туҳмату маломат мезананд.

Мо ба фикри устод Камол Насрулло розием, ки гуфтаанд: «Аввалан, ин замоне нест, ки мо ба изтироб ва эҳсосот дода шавем. Дар чунин  замони ҳассос дода шудан ба изтироб ва  эҳсосот ҳаргиз раҳбалади неки мо  нахоҳад буд, балки, баръакс, масъалаҳоро боз ҳам печидатар мегардонад. Ин ҷо  ҳар кору рафтори мо бояд такя ба андеша ва таҳаммул дошта бошад».

Дар бораи муносибат дар ҷомеа баъди хурӯҷи COVID-19 ҳамагон огоҳ ҳастанд, аммо мову шумо ғояҳои ояндасози миллатро сармашқи кори хеш намоем, ваҳдату инсонгарои ва сулҳу суботи ҷомеаро ҳаддалимкон мавриди тарғиб қарор диҳем ва дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид бошем, то ин ки ин муборизаи мо ба маҷрои пурқувату беамон алайҳи COVID-19 табдил ёбад ва ба паҳншавию таъсири он ба ҷомеаи мо имконияташ маҳдуд гардад. Ишораи дигари устод Камол Насрулло дар ин ҷо бамаврид аст, ки мефармоянд: «Мусаллам аст, ки вақте балое нобаҳангом бар сари мардум меояд, фақат ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, бо ҳам будану аз як гиребон сар баровардан метавонад моро наҷот диҳад. Намешавад, ки ҳар кас аробаи худро бигираду ба сӯе бигурезад. То куҷо хоҳад гурехт, зеро пушту паноҳи ҳамдигар танҳо худи моем, на каси дигару на ҷои дигар. Аз ин рӯ шарти асосӣ якдилии халқу ҳукумат, якдилӣ дар саросари мамлакат ба манфиати Ватан аст».

Мо ба ин ақидаи шоири ширинкалом сад дарсад розием ва имрӯз моро мебояд сангарҳои худро паси сар гузорему барои муборизаи беамон бо COVID-19 бипардозем, то ин ки он таъсири худро ба саломатии миллати мо камтар расонад ва барои ҳаёти миллат хизматҳои шоиста карда бошем, то ин ки пеши ояндагони хеш шармандаву шармсор набошем.

Тамои минбарҳои ватаниву хориҷиро танҳо барои мақсади ягона – раҳо намудани миллат аз ин хатари марговар ва ваҳдати сартосарии миллати тоҷик истифода намоем ва нагузорем, ки душманони миллат аз ин парокандагии мо истифода намоянд ва ба миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо дар ин давраи ҳассос зарбаҳои ҷонкоҳ назананд.

Аз ҳар яки мо, хусусан аз рафтор ва гуфтори мо бехатариву солимии миллат вобастагии ногусастани дорад ва COVID-19 душмани қаттоли ҳамаи мост, ва моро мебояд, ки зиракии сиёсии хешро ба кор барему роҳи дурустро интихоб намоем, чунки ватани мо яктост, миллати мо яктост ва мо баҳри ҳифзи ватану миллат омода бошем, ҳамчун Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми ба даст овардани сулҳу суботи миллӣ ва бозгардонидани тоҷикони гуреза ба Тоҷикистон ҷони хешро ба гарав гузошта буданд, ибрат гирему дар паҳлӯи ӯ ҳамчун афсарони содиқ омодаи муборизаи беамон зидди ин бемории аср бошем.

Ба он иғвогароне, ки мақсади онҳо ҳангома бардоштану дар ин давраи барои миллат ҳассос ва тақдирсоз номи тоҷиконро дар ҷаҳон паст задан аст, ҳаминро мегӯем, ки ватани осудаву обод ва сулҳу суботи моро халадор накунед, ки на танҳо модарону падарони шумо балки худо низ ин хиёнати шуморо намебахшад. Тавре ки устод Камол Насрулло ҷавоб додаанд: «Имрӯзҳо вобаста ба вазъияти хатарзои бавуҷудомада дар баробари гирифтории мардум ба вабои аср -  СOVID–19 дар расонаҳо, хусусан дар Фейсбук сару садоҳое баланд мешаванд, ки ба андешаи ман аксаран  бисёр сатҳӣ ва аз сари эҳсосоту изтироб, баъзан аз содагиву нофаҳмӣ  ва ҳатто баъзан бо таъсири ангезишҳои иғвобарангез ва душманона рӯ мезананд». Хотирнишон менамоем, ки имрӯз рӯзи айбҷӯиву гунаҳгор кардани касе ва тарафе набояд набошад. Ҳамаи иқтидорҳо бояд баҳри рафъи хатари миллӣ равона гардад. Мутмаинем, ки ҳар касе гунаҳгор аст ҷазояшро дер ё зуд хоҳад дид ва мову шумо, ки соҳибфарҳангему ақлу заковати азали насиби мост, бояд аз сафсаттаҳои кӯчагӣ боло бошем ва ақлу заковати хешро дар ҳалли муаммоҳои ва мушкилиҳои ҷомеа самаранок истифода намоем. Дар ин равобит Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

 

    Айби риндон макун , эй зоҳиди покизасириш,

 Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.

        Ман агар некам, агар бад, ту бирав худро бош.

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

 

Хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нодида нагирем ва баръакс дар сафи фарзонафарзандоне, ки корҳои шоиста дар рафъи ин хатари аср - СOVID–19 мегузоранд бошем ва саҳми муносиби хешро дар пешгирии он гузорем.

Бояд фаромӯш насозем, ки Тоҷикистон – ватани ягонаи мову шумост ва ободиву сулҳу суботи он низ ба души мо бояд бошад. Имрӯз симои шаҳри Душанбе кулан тағйир ёфта, ҷойҳои тамошобоб, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, биноҳои замонавӣ, гулгашту хиёбонҳои зебо, толорҳои варзишиву ҳавзҳои шиноварӣ, китобхонаву осорхонаи бузургтарини Осиёи Миёна ва ғайраву ҳоказо бунёд ва дар рӯзҳои наздик бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон парки бузургу замонавие бунёд мегардад, ки барои мову шумо ва сайёҳони дуру наздик аз ҷолибтарин маконҳо хоҳад шуд. Ин албатта, аз камтарин дастовардҳои замони истиқлолият аст ва мову шумо огаҳем, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон чи паёмадҳое то соли 1997 дошт ва тамоми бойигарии онро аҷнабиёну хоинони миллат бо роҳҳои гуногун аз кишвар бароварда бурданду ба души миллат чӣ қадар қарзҳои гаронарзиш бор карда буданд. Ба ёд орем, ки барои гирифтани нон соатҳои зиёд навбат мепоидему дар охири рӯз бо гирифтани як ду нон ҷонҳавлона ба назди кӯдаконамон мерафтем, ки моро рӯзи дароз мунтазир буданд ва онҳо аз дидани нон хушҳол ва гуруснагии хешро бартараф мекарданд ва рӯзи дигар боз ҳамин ҳол такрор меёфт. Падарону модаронамонро ним солу як сол намедидем ва аз тарси гурӯҳҳои силоҳбадаст дар кунҷи хона ҳамчун дар маҳбас ҷони худрову аҳли оиларо эмин нигоҳ медоштем. Имрӯз, ки мо озодона дар фазои сулҳу суббот ва бунёдкориҳои бемисл дар кишвар умр ба сар мебарем, боз сару ғавғои нотавонбинону хиёнаткорони миллат аз гӯшаҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ бо дастгирии теъдоди ками нотавонбинони ватанӣ, ки ҳамеша бо супориши хоҷагони худ дар пайи ҷустуҷӯ ва пайдо кардани «сенсатсия» ва ё «компромат»-ҳои дуруғину сохта нисбат ба ҳукумату роҳбарияти имрӯзаи кишвар аз васоити гуногуни иртиботиву иттилоотӣ истифода менамоянд, садо медиҳад. Ин нотавонбинон дар бораи гулгулшукуфии Тоҷикистон, дастовардҳои замони истиқлолият ва саҳми роҳбарияти кишвар дар таъмини он сухане намегӯянд. Имрӯз мо иншоотҳои бузурги барқӣ, ба монанди Сангтуда 1 – 2, Роғун, коргоҳҳои ресандагиву коркарди пахта дар Ёвон, Данғара, корхонаҳои бузурги сементбарорӣ, гипсокартон ва кимиёвие, ки дар гӯшаву канори кишвар фаъолияти самаранок доанд, бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, нақбу роҳҳои байналмилалии транзитӣ бо пулҳои бузурге, ки Тоҷикистонро бо Чину Афғонистону Ӯзбекистону Қирғизистон мепайвандад, роҳҳои оҳан, муассисаҳои таълимии замонавӣ, садҳо мактабу китобхонаҳои муосир ва ғайраву ҳоказо, ки дар ин як давраи начандон бузург бунёду мавриди истифода қарор гирифтаанд, нодида гирифтани хоинони миллат тааҷубовар аст. Эй бародарони куру кар оё гуед, ки худи шумо дар рушди ватани азизамон чӣ кор кардед? Имрӯз миллат гирифтори «вабои аср» - СOVID–19 аст, оё шумо ягон ҳиммате ва ё хидмате барои раҳонидани он аз ин варта ба ҷо овардаед? То ба кай тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ паст мезанед? Оё шумо тоҷик нестед? Оё шумо шири модари тоҷикро нахӯрдаед?

Ба ёд оред, ки ҳазрати Юсуф подшоҳи Миср буд аммо ҳамеша дар ёди ватан ва миллаташ месӯхт ва кушиш менамуд, ки ба бародарону ҳаммилатонаш ҳангоми сар задани қаҳтии бузург дасти ёри дароз кунад. Ҳол он ки баъзеи онҳо барои куштани ӯ сайъ карда буданд.

Беҳуда Сарвари муаззами миллат нагуфтаанд, ки «Тоҷикистонро дӯст доред». Садоқати ин шахсияти барҷастаро на танҳо гуфтори ӯ балки кирдору рафтори ӯ далолат мекунанд. Ӯ дар давраҳои мудҳиштарин барои миллат тавонист онро аз парокандагиву нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад, сулҳи деринтизори моро таъмин ва субботу равнақи кишварро роҳандозӣ намояд. Ҳамчун фарди боорӯ номус дар рӯзҳои аввали пайдоиши бемории СOVID–19 аввало маоши худро пурра барои пешгирии ин вабои аср тақдим намуда, сипас аз ҳисоби Фонди президенти ба шаҳри Душанбеву вилоятҳои кишвар корвонҳои бузурги маводи тиббиву доруворӣ, беҳдоштиву хӯрокворӣ, таҷҳизоту нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва ғайра сафарбар намояд. Ӯ ҳамеша дар андешаи ҳарчи зудтар рафъ кардани беморӣ дар ҳудуди кишвар аст ва бо пешниҳоди ӯ дар ҳар як ҷаласаи ҳукуматӣ тадбиру чораҳои таъхирнопазир қабул мегарданд. Аллакай дар шаҳри Душанбе ва навоҳии кишвар даҳҳо беморхонаҳо барои табобати маризони бемории СOVID–19 омода ва фаъол гардонида шудаанд. Мардуми тоҷик аз ин иқдомҳои Сарвари муаззами миллат бо рӯҳу илҳоми тоза қабул намуда, муборизаро бар зидди бемории СOVID–19 пурзӯр менамояд ва ҳазорон фарзонафарзандони бонангу номуси ватан аз он пайравӣ намуда, ёрии беғаразонаи худро ба табибону беморон расонида истодаанд. Ҳамаи ин иқдомҳои инсонгароёна, холисона ва меҳанпарастонаву миллатгароёнаи Пешвои миллатро нодида гирифтан ва дар он ғараз ҷустанро танҳо хоинони миллат барои дасисабозиҳои навбатии хеш истифода мебаранду мавриди танқид қарор медиҳанд ва ақидаҳои муғризонаю ғайриинсонии худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд.  

Саҳифаҳои таърихи миллати азияткашидаи мо сабақҳои зиёде барои мову шумо фароҳам овардааст ва бовари дорам, ки касе хуни тоҷикӣ, нангу номуси ватандорӣ, шири модари тоҷикро хӯрда бошад, дар ин рӯзҳои барои миллату ватан душвор дастгиру такягоҳи боэътимоди ӯ мегардад. 

 

Буризода Қ.Б.

барчасп: