Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

Дастури умумибиблиографии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» ба муштариён имкон медиҳад, ки роҷеъ ба осору зиндагиномаи чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ва матбуоти кишвар маводи заруриро пайдо намоянд.

Дар «Тақвим…» ахбори воқеаҳои соли 2021 ва очеркҳо бахшида ба шахсиятҳои шинохтаи фарҳангу ҳунар, матбуот ва ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.

Ахбори воқеаҳои дастур нисбат ба солҳои қаблӣ комилтар буда, фарогири ҳама ҷабҳаҳои фарҳангу ҳунар ва матбуот мебошад.

Дар «Тақвим…» очеркҳо роҷеъ ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва ҳунарии арбобони фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ, ба монанди Аҳмад Бобоқулов, Ғаффор Валаматзода, Фазлиддин Шаҳобов, Убайдулло Раҷабов, Бурҳон Раҷабов, Ҷӯрабек Назриев, Ҷӯрабек Набиев, Толиб Шаҳидӣ, Тағоймурод Розиқов, Ортиқ Қодиров, Ҷамшед Исмоилов, Суҳроб Қурбонов, Сабзалӣ Шарифзода, Валимад Одинаев, Рустам Муқимов, Баҳоваддин Зуҳуриддинов, Отахон Латифӣ, Муқаддама Ашрафӣ, Нуриниссо Бобоҷонова, Бекназар Аҳмадов, Ислом Ҷӯраев ва дигарон пешниҳод шудааст.

Рӯйхати адабиёт ва очеркҳо барои омӯзиши зиндагинома ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ҳунарии соҳибҷашнҳо мусоидат мекунанд.

Тақвим ба мутахассисони соҳа барои тарҳрезиву созмондиҳии чорабиниҳои оммавӣ ва таҳияи нақшаҳои солонаи муассисаҳои фарҳангу ҳунар метавонад кӯмак расонад. Онро метавонанд гурӯҳи васеи хонандагон низ истифода намоянд.

Тақвими   ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2021

 

барчасп: