Эҳёву таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ омили рушди фарҳанги миллист

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо ташаббусу талошҳои пай дар пай баҳри эҳё ва ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат нақши муассир доранд.

Рӯзи 20-уми апрели соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот вохӯрии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» баргузор гардид. Чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар чорабинии мазкур асосан масъалаи ҷашнҳои миллии тоҷикон Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар партави Паёми Пешвои миллат ва ба узвияти ҲХДТ пайвастани кормандони ПИТФИ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни суханронӣ директори ПИТФИ оид ба ҷашнҳои миллии ниёгон Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ибрози ақида намуд. Ӯ қайд кард, ки дар Паёми имсола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ба таҷлили сазовори ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ишора карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари таҷлил, пажӯҳишу омӯзиши ҳамаҷонибаи чунин ҷашнҳои мардумӣ, ки реша дар таърихи фарҳанги бостонии мардуми тоҷик доранд, хеле зарур мебошад. Зикр шуд, ки таҳқиқу омӯзиши фарҳанги миллӣ боиси муаррифии ҳар чӣ бештари он дар саросари ҷаҳон мегардад. Д. Раҳимӣ баён дошт, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гашта, рушд ёфта истодаанд. Масалан, 22 октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Меҳргон Симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҷашнҳои миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ буда, ба ягон дину мазҳаб рабте надорад. Дар ин ҳамоиши илмӣ аз кишварҳои дигар меҳмонон низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Д. Раҳимӣ ёдовар шуд, ки чунин ташаббусҳо боиси муайян намудани мавқеи Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Эҳёи ҷашни Тиргон низ шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим нисбати об эҳтироми хосса гузошта онро оқилона истифода мекарданд. Зеро об бо зироаткориву боғдории тоҷикон, иқлим, ҳодисаҳои табиат иртиботи махсус дорад. Чуноне ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 пешниҳод гардида аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ СММ тасдиқ шуд, арзиши баланд доштани обро миёни мардуми тоҷик ифода мекунад.

Баъдан тибқи барнома Раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло суханронӣ кард. Ҳангоми суханронӣ ӯ иброз дошт, ки ҳар халқу миллатро аз рӯи фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои миллиаш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Соли 2020 таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ аз таърихи бою пурғановати тоҷикон дарак медиҳад. Дуруст аст, ки чунин иқдомҳои Пешвои миллат мавқеи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муайян месозад.

Тибқи масъалаи дуюм Шоҳиён А.М. ибрози ақида намуда, аз сохтори фаъолияти ҳизб ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки давлат аз арзишмандтарин ва мураккабтарин сохтаи инсоният буда, ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун пояҳои он ба ҳисоб меравад. Қайд кардан ба маврид аст, ки баъди инқирози давлати Сомониён (соли 999) давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо ҷонбозиҳои Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дубора рушд кард. Хушбахтона, дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёде ноил гардид, ки ин ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Вале дар баробари ин масъулияти баланди шаҳрвандӣ бар муқобили хатарҳои зиёде меистад, ки дар шароити имрӯза ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳу воситаҳои гуногун мафкураи ҷавонони моро вайрон мекунанд. Аз сабаби паст будани шуури сиёсиву ҳуқуқӣ ва динӣ онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф, ки бар муқобили давлати соҳибистиқлоли мо мубориза мебаранд, шомил мегарданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёсӣ ба шумор рафта, раиси он Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пайвастан ба ҳизб ва пайравӣ аз он, ин ҷонибдорӣ аз Сарвари давлат аст. Бо ин роҳ ҳар як аъзои ҳизб метавонад барои пешравии ватани хеш саҳмгузор бошад. Дар анҷоми суханронӣ Шоҳиён А.М. ба чанд нафар кормандони ПИТФИ, ки ба узвияти ҳизб шомил шуда буданд, дафтарчаҳои ҳизбиашонро бо тантана тақдим намуд.

Чорабинӣ бо сухани хотимавии директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Раҳимӣ Д. анҷом пазируфт.

 

 

Ходими калони илмии Маркази

мероси фарҳангии тоҷикон

Ҷамшед Ғафуров

 

барчасп: