Тараннуми Ваҳдат

Дар замони соҳибистиқлолии кишвари мо тараннуми сулҳу ваҳдат, тантанаи ҷашнҳои таърихиву миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангиву адабӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли ин аз мавзӯъҳои мубрам маҳсуб меёбанд. Инъикос ва тараннуми ин мавзӯъҳо дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангиву адабии кишвар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ ва созандагиро тақвият мебахшанд. Миёни ин мавзӯъҳо сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзиш ва мақоми баландтар дорад, зеро пешравии ҷомеа, тақвияти рӯҳияи бунёдкориву созандагиҳо маҳз ба ҷомеаи орому осоишта вобаста аст. Ба ин мазмун, агар ағлаби пешравиҳои  кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба шарофати ваҳдати миллӣ арзёбӣ кунем, хато нахоҳад шуд.

Аслан ваҳдат мавзӯи нав нест. Чун инсон худро шинохт ва ба маърифати худу олам кӯшид, масъалаи ваҳдат таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намуд. Ин таваҷҷуҳ тадриҷан вусъат пайдо карда, тобиши фалсафӣ (ваҳдати вуҷуд), адабӣ (ваҳдати умумиинсонӣ), фарҳангӣ (ҳамдилии халқиятҳои гуногун) ва публитсистӣ (эҳтироми ҳамдигарӣ, ба қадри зиндагии осоишта расидан) касб намуд.  Ин далел бар он аст, ки ваҳдат дар ҳар давру замон зарур аст. Ба қавли Мирзо Турсунзода:

            Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

            Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Нооромиҳои солҳои аввали пас аз истиқлол аҳамият ва зарурияти ваҳдатро барои мо дучанд гардонд. Пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз муҳимтарин дастоварди таърихи навини давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Расидан ба сулҳ кори осон набуд, зеро, аз як тараф, ҳукумати тозаташкили Тоҷикистон таҷрибаи кофии сулҳофариро надошт, аз ҷониби дигар, гурӯҳҳои мухолифини «пасипардагӣ» кӯшиш мекарданд, ки ба ин раванд халал расонанд. Бо вуҷуди ин ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари оқилу хирадманд Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба сабақҳои таърихӣ тӯли чор сол (1994-1997) бо намояндагони Иттиҳоди Мухолифини тоҷик дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон музокираҳо ба анҷом расониданд. Музокираҳои роҳи сулҳ низ осон набуд. Ба хусус музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон дар вазъияти басо мураккаб ва ноамн сурат гирифт. Дар тӯли чор сол барои тадбиқи ҳадафҳои сулҳ 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокираҳо баргузор гардид. 

  Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди қабул ва омӯзиш қарор гирифт. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо сокинони Тоҷикистонро ба ҳам овард, балки он ба ваҳдати тоҷикони ҷаҳон мусоидат кард. Сулҳи тоҷикон собит намуд, ки дар ҳалли ҳар гуна моҷаро ва зиддиятҳои иҷтимоиву гурӯҳӣ ва қавмиву миллӣ нақши шахсияти таърихӣ барҷаста аст.

Барои мо-тоҷикон ин шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар давраи мушкилоти сиёсӣ тақдири давлату миллатро ба дӯш гирифт ва онро аз вартаи ҳалокат раҳо бахшид. Ба ин мазмун, ба яқин гуфтан мумкин аст, ки ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории мо бозёфти арзимандтарин маҳсуб меёбад. Моро мебояд, ки ба қадри он расем, арзишҳояшро гиромӣ дорем ва ҳифз кунем, сабақҳои арзишманди таърихиашро ба наслҳои имрӯзу оянда омӯзонем. Ин рисолати зиёиёни кишвар, ба хусус аҳли эҷод аст, ки дар шаклҳои гуногун: асарҳои таърихӣ, илмӣ, адабӣ, публитсистӣ, театрӣ, синамоӣ ва ғайра сурат мегирад.

Агар гӯем, ки ба мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ аксарияти адибону публитсистони тоҷик таваҷчуҳ зоҳир намуда, шеъре, ҳикояе, қиссае, очерк ва ё лавҳае навиштаанд, хато нахоҳем кард. Зеро ин воқеаи арзишманди таърихиро ҳама ба хушнудӣ истиқбол гирифтанд ва ҳама мехоҳанд, ки дар таҳкими он саҳим бошанд. Ин ҷо ин нуқтаро бояд дар назар дошт, ки ҳар халқу миллат нерӯи бузург аст,  аммо ин бузургӣ бидуни Пешвои оқилу хирадманд ҳеҷ аст. Бинобар ин метавон гуфт, ки ҳарчанд дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ хизмати халқ басо бузург аст, аммо дар ин раванд бидуни муҳобот қаҳрамони асосӣ фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ии мазмун, осори марбут ба мавзӯи сулҳу ваҳдати миллиро бидуни тасвири корнамоиҳои Пешвои миллат наметавон тасаввур кард. Дар адабиёт ва публитсистикаи мо мавзӯи сулҳу ваҳдат ва шахсияти Пешвои миллат ба ҳам сахт алоқаманданд. Вақте сулҳу ваҳдат мегӯем, корномаи асосгузори он пеши назар меояд, ҳангоме ки аз хидматҳои беназири Пешвои миллат сухан ронданӣ мешавем, кӯшишҳои сулҳофаринии Сарвари давлат ба ёд меояд.

Мавзӯи сулҳу ваҳдат дар асарҳои гуногуни маҷмӯавӣ ва инфиродӣ ба табъ расидааст, ки маҷмӯаи  мақолаҳои илмиву оммавии «Дар роҳи таҳкими ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд» (1996), асарҳои В. Сухомлинов, В. Шалаев «Роҳ ба сӯйи созиш» (2003), С. Мирзошоҳ, Ш. Ҳаниф «Меъмори Ваҳдат» (2004), Қ. Восеъ «Аз Қасри Арбоб то кохи Ваҳдат» (2004),  А. Ҳамдам, Л. Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» (2012), Воҳид Ғаффорӣ, Зафар Сайидзода «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» (2012), Н. Абдулваҳҳоб, У. Шерхон «Ваҳдатофар» (2014), Ш. Мӯсо «Ҷасорат» (2016),  маҷмӯаи «Шукӯҳи ваҳдат» (2017) намунае аз онҳост.

Дар баробари ин нашрияҳои даврии «Садои Шарқ» ва «Адабиёт  ва санъат» даҳҳо асарҳои хурду калони адибону публитсистонро доир ба мавзӯи сулҳу ваҳдат ба нашр расонидаанд, ки аз ҳар ҷониб хонданӣ ва қобили мулоҳиза аст.

Ин асарҳо бо вуҷуди мавзӯи ягонаро фаро гирифтан, вижагиҳои гуногун доранд. Ин вижагиҳоро ҳам дар доманаи мавзӯъ, ҳам дар дараҷаи огоҳиву маърифати муаллифон ва ҳам дар муносибати нигорандагон метавон мушаххас намуд. Масалан, дар публитсистикаи китобии фарогирандаи  муқовиматҳои сиёсӣ ва ҷараёни сулҳофарӣ дар Тоҷикистон, ки аксаран дар гармогармии воқеаҳо навишта шудаанд, бо вуҷуди фаро гирифтани паҳлуҳои мухталифи  раванди муноқишаҳо ва талошҳои сулҳхоҳонаи гурӯҳҳои алоҳида, муносибатҳои субъективии муаллифон ва худситоишии онҳо афзалият дорад. Аз мутолиаи чунин осор хулоса ҳосил мешавад, ки ба ғайр аз муаллифон, ашхоси дигари дар ин раванд шарик «гунаҳгор»-анд. 

    Асарҳои баъд аз анҷоми муноқишаҳо ва Созишномаи сулҳи тоҷикон таълиф шуда, аксар аз ҷониби коршиносон ва адибону публитсистон навишта шудаанд. Албатта, ин гурӯҳи муаллифон низ аз раванди хатми ҷанги дохилӣ ва марҳалаҳои ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидан огоҳӣ доштаанд, аммо онҳо дар раванди муноқишаҳо ва ё сулҳи тоҷикон бевосита шарик набудаанд. Бинобар ин дар чунин осор мо ҳам аносири илмиву оммавӣ ва ҳам услуби публитсистиву бадеиро мушоҳида мекунем. Масалан, мақолаҳои маҷмӯаи «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» – «Эмомалӣ  Раҳмон: «Ман ба шумо сулҳ меоварам» (1998), Президент Эмомалӣ Раҳмон ва густариши худшиносии миллӣ» (2002), «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон» (2002), «Пешбару роҳнамои миллат» (2006) ва амсоли ин дар заминаи сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ навишта шуда бошанд ҳам, дар онҳо таъсири  фазои иҷтимоӣ кам нест, балки муҳтавои матолиб бо асноди ҳуҷҷатӣ ва таассуроти фазоии муаллифон омезиш ёфта, ба баланд шудани оҳанги иҷтимоии асарҳо  мусоидат кардааст.

«Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»-и А. Ҳамдам, Л. Чигрин ва  «Ҷасорат»-и Шералӣ Мӯсо бо вижагиҳои мавзӯиву услубӣ ба ҳам наздик бошанд ҳам,  аз нигоҳи сабку услуби нигориш фарқ мекунанд.  Асари аввал ба саволҳои чи гуна сурат гирифтани раванди ташаккули шахсияти Президенти Тоҷикистон, чи гуна будани робитаи мутақобилаи он бо таърихи халқ, чи корҳои азимро иҷро намудан ва монанди ин посух медиҳад.  Ато Ҳамдам дар мақолааш «Зинаҳои ифтихор» (Адабиёт ва санъат.–3 сентябр) ҳадафи эҷоди ин асарро чунин тавзеҳ додааст:   «Мехоҳем хонандагон ба мазмуни он сар фурӯ бурда, дар бораи он паҳлуҳои шахсияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасаввурот ҳосил кунанд, ки махсусияту паҳнои онро ифода менамояд. Мехоҳем хонандагон бифаҳманд, ки чӣ корҳои зиёде кардааст ӯ, чӣ талошҳое ба харҷ додааст».

Асари Шералӣ Мӯсо аз маҷмӯи қиссаю очерк, мақола ва ҳикояҳои воқеӣ таркиб ёфтааст. Ин ҷо низ аз корнамоиҳои фидокорона ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан меравад, аммо фазо ва доманаи тасвирҳо нисбатан маҳдуд буда, дар атрофи ҳодисаи моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Ваҳдат рух дода, чарх мезанад.

Ин ва дигар асарҳо дар маҷмӯъ симои Асосгузори сулҳу ваҳдат– Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаббускори арсаи кору пайкори бузург, сиёсатмадори дунёшинохта, таҳкимбахши ваҳдати миллӣ дар қолабҳои публитситиву бадеӣ таҷассум намудаанд, ки арзандаи мутолиа ва нақданд.

Тавре дар боло тазаккур намудем, ҳарчанд дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ фарҳанги волои мардум нақши муҳим бозидааст, аммо бидуни муҳобот қаҳрамони асосии ин раванд фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин муҳобот нест, балки ҳақиқати таърихӣ аст. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург мебошад. Ҳарчанд солҳо сипарӣ мешаванд ин нақш арзиши бештар пайдо мекунад. 

Мавзӯи ваҳдати миллӣ тамоми соҳаҳои эҷодро фаро гирифта, на танҳо ба  қисми таркибии мундариҷаи матбуоти давриву воситаҳои дигари ахбори омма бадал шуд, балки он ба як рукни ҷудонашавандаи эҷодиёти адибону публитсистон табдил ёфт. Ба хусус дар назми иҷтимоӣ ин мавзӯъ мақоми хосса пайдо кард. Адибон Низом Қосим, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Гулназар Келдӣ, Муҳамад Ғоиб, Камол Насрулло, Озарахш, Фарзона, Давлат Сафар, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Шералӣ Мӯсо, Ҷумъа Қувват, Раҷабалӣ Аҳмад, Доро Наҷот, Назри Яздонӣ,  Рустами Ваҳҳоб, Хайрандеш, Абдуллоҳи Раҳнамо, Зулфия Атоӣ, Муҳтарам Ҳотам ва дигарон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ намуда, дар заминаи бардошту таассурот ва эҳсоси иҷтимоии худ шеъру достонҳо офарида, моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, азму талошҳои ӯ дар роҳи расидан ба сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба ватан, талош баҳри ободии он ва амсоли инро тараннум намудаанд. Асарҳои эшон ҳарчанд саршор аз тасвирҳои бадеиву шоиронаанд, аммо аз воқеияти аслӣ дар канор нестанд. Дар онҳо саҳнаковию саҳнасозӣ ва суханёбию суханбофӣ камтар аст, балки ҳақиқати воқеӣ тасвир ва талқин мешавад. Чунончи порчаҳои аз ашъори Низом Қосим:

 Аз миён бархост ногаҳ тоҷбарсар тоҷике,

Мулкро кард аз хатар огоҳ бафар тоҷике.

Тоҷиконро ҷамъ овард аз ҳама дар тоҷике,

Зарра-зарра, ҳамчу аз реги равонзар, тоҷике…

 

Муҳаммад Ғоиб:

            Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ,

            Ливои мулки худро ашкрезон бӯсаҳо кардӣ.

            На танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ,

            Ҳалолат бод, дар ваҳдат вафо, қарзат адо кардӣ.

 

Ҷумъа Қувват:

            Марде, ки мадори Тоҷикистон бошад,

            Қалбаш ҳама кони шону имон бошад.

            Маҳбуби дили мардуми Раштон бошад,

            Бисёр азизи Суғду ҳатлон бошад.

            Чун кӯҳи сахобахши Бадахшон бошад,

            Бунёдгузори Ваҳдатистон бошад.

            В-андар дили сулҳпарварон ҷон бошад,

            Фархундапай Эмомалӣ Раҳмон бошад.

 

Рустами Ваҳҳоб:

Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,

            Души мо, имрӯзи мо, фардои мост…

Ин гуна ашъор ҷанбаи қавии публитсистӣ доранд, мазмуну мундариҷааш ҷавобгӯйи талаби замон аст. Дар онҳо  на танҳо сиёсати ваҳдатофарӣ ва ҳадафҳои созандагии Пешвои миллат тараннум мегардад, балки дарку маърифати фарҳанги сулҳ талқин мешавад, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносии хонанда пуштибонӣ намуда, ҳиссаи худро маҳз ба воситаи ашъори худ чун ташвиқи пешрафти ҷомеаи озод ва Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд.

Дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки ин самти кӯшишу талош ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар адабиёт ва публитсистика  ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ бозтоби худро наёфтааст. Аз нигоҳи миқдор дар ин бора асарҳо зиёданд. Ба хусус асарҳои назмӣ, шеъру сурудҳо дар васфи Пешвои миллат хеле зиёд гуфта шудаанд, аммо ағлаби онҳо на танҳо мазмуни ҳамгун доранд, балки баъзан такрори ҳамдигаранд.

  Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат дар ваҳдатофариву сулҳу суботи мамлакат ва ободу зебо гардонидани кишвари соҳибистиқлоламон беназир аст. Пешвои миллат бо ҷоннисориҳои хеш тавонист маҳбуби дилу дидаи тоҷикон гардад ва аз ҷониби мардум унвони ифтихории Президенти мардумиро касб намояд. Ҳамзамон ӯ бо сиёсати хирадмандонаи худ дар сатҳи байналмилалӣ обурӯю эътибори бузург пайдо намуда, дар қатори дигар сиёсатмадорони ҷаҳон сазовори унвони “Пешвои асри XXI” гардид.

 Тасвири ҳунармандонаи чунин симо дар адабиёт ва публитсистикаи бадеӣ нишони арҷгузориву эҳтироми халқ нисбат ба Пешвои миллат аст. Мутмаинам, ки ин арҷгузорӣ умри тӯлонӣ дорад ва ин умр боиси эҷоди асарҳои нав ба нав хоҳад шуд.

Сулҳ заминагузори ваҳдат ва осоиши кишвар аст, онро бояд маърифат кард, ба қадраш расид ва ба наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун олиҳаи зебоиву осудагӣ тарғиб кард. Дар ин кор, пеш аз ҳама, адибону публитсистон ва олимону муҳаққиқон  саҳм гузошта метавонанд.  Ҷойи шубҳае нест, ки таблиғи ғояҳои истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ба вазифаи муқаддасу меҳвари адабиёт ва публитсистикаи тоҷик маҳсуб меёбад.

 Гумон мекунам, ки асарҳои зиёди адабиву публитсистӣ ва илмиву оммавии дар ин мавзӯъ то ин дам иншову эҷод шуда, на танҳо дар фазои фарҳангиву адабии кишвар нақши созанда доранд, балки барои таълифотҳои минбаъдаи нисбатан барҷастаи илмиву адабӣ ва асарҳои ҳуҷҷативу публитсистӣ ҳамчун сарчашмаҳои хубу пурмуҳтаво мусоидат намуда, боиси тавлиди асарҳои боз ҳам хонданиву монданӣ хоҳанд гашт.

 

         

                                                                                               Мурод Муродӣ,

профессори ДМТ

барчасп: