Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони тоҷикӣ

Бо чунин унвон рӯзи 05-уми октябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзӣ забон баргузор гардид.

Ҳамоишро директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Д. Раҳимӣ шурӯъ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Зимни суханронии хеш Д. Раҳимӣ қайд намуд, ки имрӯз мо ду иди таърихӣ ва бузургро ҷашн мегирем, ки яке Рӯзи забони давлатӣ ва дигаре зодрӯзи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ҳақиқат ин рӯз барои мардуми тоҷик рӯзи хурсандӣ ва фаромӯшношуданист. Чунки Забони давлатӣ аз асоситарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, барои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир дорад. Гуфтан мумкин аст, Забон аз дигар арзишҳои миллӣ мақоми болотарро касб кардааст. Зеро дар тӯли таърих арзишҳои миллии тоҷикон тағйири шакл намуданд, вале забони давлатӣ дигаргун нашуд. Инчунин ӯ иброз дошт, ки рӯзи таҷлили забони давлатиро иваз кардан ҳам бесабаб нест. Албатта, чанд сол қабл ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ пешниҳод шуда буд, ки бояд баргузории рӯзи забони давлатӣ дар дигар мавсим гузошта шавад, то ҳама имконияти иштирок карданро дошта бошанд. Ва бо маслиҳати Шӯрои илмии Институт таҷлили Рӯзи забон аз 22-юми июл ба 5-уми октябр гузаронида шуд. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат бо ҳамдигар тавъаманд. Дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ оташбас кардани ҷанги шаҳрвандӣ, аз вазъияти хароб бароварда ба як давлати мустақил, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва обод кардани Ватани аҷдодӣ кори хеле мондагор аст. Дар ҳақиқат барои нигоҳ доштани давлату забони миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир бозидаанд.

Дар ҳошияи суханронӣ Раҳимӣ Д. оид ба таърихи пайдоиши забони тоҷикӣ ва рушду такомул ёфтани он ибрози ақида намуд.

Сипас, дар мавзӯи «Васоити ахбори омма ва забон» ходими пешбари шуъбаи ВАО ва табъу нашр Муродӣ М. суханронӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки забони тоҷикиро ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст: забони форсӣ дар асри Х – дар ин давра забони форсӣ ҳамчун забони давлатӣ ба расмият дароварда шуда, мавқеи баландро соҳиб гашт; забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ – дар мавриди тақсимоти марзӣ-ҳудудӣ масъалаи забон пеш омад, ки ин арзиши иҷтимоии забонро баланд бардошт. Бо талоши як зумра равшанфикрон забони тоҷикӣ шакли нав гирифт. Аммо гарчанде дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ таҳсилот бо забони тоҷикӣ буд, мардуми дар ҷойҳои корӣ ва донишкадаву донишгоҳҳо кӯшиш мекарданд бо забони русӣ ҳарф зананд. Чунки инро муҳит тақозо мекард. Ва марҳилаи сеюм забони давраи истиқлол – дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ пурра эҳё карда шуд, ки омилҳои асосии он инҳоянд:

- фазои иҷтимоӣ-сиёсӣ;

- ташаббусу дастгирии бевоситаи Сарвари давлат;

- ивазкунии таҷлили Рӯзи забон, дар рӯзи зодрӯзи Пешвои миллат мувофиқ омадани он. Зеро Пешвои миллат худ забони халқи тоҷиканд, моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносонанд. Аз номи мардуми тоҷик маҳз бо ҳамин забон баромадҳо мекунанд.

Илова бар ин нақши ВАО дар пешрафти забони давлатӣ, оммавигардонӣ, иҷтимоигардонӣ ва бою ғанӣ намунаи он хеле назаррас мебошад. Забони имрӯзро забони илм ҳам гуфтан мумкин аст. Масалан, дар гузашта тамоми корҳои илмӣ бо забони русӣ ба роҳ монда шуда буд (ба истиснои соҳаи гуманитарӣ). Хушбахтона, баъди истиқлолият бахшҳои музокираву дифоъ бо забони давлатӣ сурат мегирад. Барои ин бояд мутахассисон истилоҳоту мафҳумҳои ҳар як соҳаро ба вуҷуд оранд, то забони тоҷикӣ боз ҳам бою рангин гардад.

Баъдан мувофиқи барнома муовини директор оид ба илм Абдулфатоҳ Аминов таҳти унвони «Андешаҳо дар атрофи ободи муошират» маърӯза кард. Дар зимн Аминов А. ишора намуд, ки вақте мо аз таъриху ғановати забони тоҷикӣ ҳарф мезанем фаромӯш набояд кард, ки дар шароити имрӯза одоби муошират ва забони гуфтугӯии одамон то андозае коста гардидааст. Омилҳои ин равандро дар:

- дур шудани ҷомеаи имрӯза аз ҷомеаи суннатӣ;

- таъсири муҳит;

- таъсири техникаву технологияи муосир ва истифодаи нодурусти он;

- бетарафӣ зоҳир намудани волидон ва ҷомеа;

Истифодаи нодурусти меъёрҳои забони адабӣ

дидан мумкин аст.

Сипас, аз ҷониби мудири шуъбаи илмӣ-методӣ Каримова Гулзира таҳти унвони «Мулоҳизаҳо дар атрофи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат» маърӯза ироа гардид. Ӯ қайд кард, ки бори нахуст дар даврони истиқлолият китобе дар чунин шакли мукаммал ва бахшида ба Забони тоҷикӣ «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду ҷилд рӯи чоп омад. Ҷилди аввал соли 2018 ва ҷилди дуюми он соли 2020 чоп шудааст.

Ҷилди якуми он бо суханони муаллиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад» оғоз мегардад. Ин китоб аз 6 боб иборат аст:

  1. Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ
  2. Саргузашти таърихии вожаи «Тоҷик» ва забони тоҷикӣ
  3. Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор
  4. Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин
  5. Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ
  6. Густариши забони тоҷикӣ

Ҷилди дуюми китоб 7 бобро дар бар мегирад:

  1. Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон
  2. Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон
  3. Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XVI
  4. Забони тоҷикӣ дар асрҳои VII-VIII
  5. Забони тоҷикӣ дар асри XIX
  6. Вазъи забони форсӣ-дарӣ дар Эрону Афғонистон
  7. Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри XX

Аз ин ду ҷилд муайян мегардад, ки ҳамаи вожаву истилоҳоти дар забони тоҷикӣ мавҷудбуда сарватмандии луғавии онро ташкил медиҳанд. Захираи луғавӣ ва таркиби луғавии забон ҳамеша рушду густариш ёфта, ба тағйироту таҳаввулот рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳамаи ин таъсиргузорӣ ба забони тоҷикӣ дар бобҳои алоҳидаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ шудаанд. Ба забони миллат аҳамият додану китоберо бо чунин шакли комил таълиф намудан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амри тасодуфӣ нест. Бешак Сарвари давлат дар ҳама самтҳо ғамхору роҳбари асиланд.

Ҳамчунин аз ҷониби ходимони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ – Давлатов Ф. (мудири шуъба) ва Мирзоев С. (ходими калони илмӣ) шеърҳои тозаэҷод қироат карда шуд, ки ифодагари ҳамоиши имрӯза буд.

Дар бахши мубодилаи афкор иштироккунандагон ва ходимони илмии шуъбаҳо ва марказ иброза ақида намуданд.

Бо сухани хотимавӣ директор Раҳимӣ Д. ҳамоишро ҷамъбаст намуда, бори дигар ҳамагонро бо Рӯзи забон таҳният гуфт.

       Таҳияи Носирова Лайло

барчасп: