ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Бебаҳоӣ ё баҳои оламӣ,

Мову манро, эй забони модарӣ.

Ман бар онам, ки набуду нест, нест,

Аз ту шевотар забони дигаре.

 

Дилфурӯзӣ ҳамчу меҳри модарон,

Дилнавозӣ чун нигоҳи кӯдакон.

Дилфиребӣ ҳамчу рангу бӯи гул,

Дилписандӣ чун баҳори гулфишон.

 

Эй забони лаззати шеъру суруд,

Эй забони зиннати базму тараб.

Эй забони аз нафосат бениёз,

Эй забони шойгони вирди лаб.

 

Эй забони бӯи гулҳои чаман,

Эй забони чашмаҳои кӯҳсор,

Эй забони обшорони баланд,

Эй забони сози мавҷи рӯдбор.

 

Эй забони шӯру шавқи шоирон,

Эй забони шеъри ноби Рӯдакӣ.

Эй забони нуру тоби офтоб,

Эй забони офтоби Рӯдакӣ.

 

Эй забоне, ки шиносам хешро,

Бо ту танҳо тоҷики толеъбаланд.

Бо ту монам ҷовидон, гарчи маро,

Менамонад зиндагонӣ бегазанд.

 

Эй зи аҷдодам нишони ҷовидон,

Бе ту ёде аз ниёи ман набуд,

Бо ту дорам ифтихору эътибор,

Ҷовидон он сон, ки бо аҷдоди худ.

 

Эй забоне, ки ба шевоӣ ҳанӯз,

Дар ҷаҳон дорӣ ҳаводори зиёд,

Дар Бухоро шӯҳра гардӣ кош боз,

Дар Душанбе ноҳаводорат мабод!

 

  ***

 

ДУБАЙТИҲО

Забони мо забони шеъри волост,

Забони мо забони ишқи рӯъёст.

Забони мо забони вижаи дил,

Забони мо забони ҷони шайдост.

***

Забони мо забони шеъри шевост,

Забони Рӯдакиву Мавлавиҳост.

Забони дарди одам, дарди олам,

Забони доруву дармони Синост.

 ***

Забони тоҷикӣ беҳин забон аст,

Забони «Бӯи ҷӯи Мулиён» аст,

Забони қудсиёни шеъри Ҳофиз,

Забони Лоиқи сарводахон аст.

***

Забони тоҷикӣ азбу гуворост,

Забони тоҷикӣ нағзу дилорост.

Забони тоҷикӣ дар сина чун дил,

Забони тоҷикӣ ганҷина морост.

***

Забони тоҷикӣ ширин забон аст,

Забони тоҷикӣ рангин забон аст.

Забони тоҷикиро кӯ назире,

Забони тоҷикӣ беҳин забон аст.

***

Забони мо забони дилнишон аст,

Забони қудси ишқу ормон аст.

Забони сабки изҳори муҳаббат,

Забони сози рози ошиқон аст.

***

Забони тоҷикӣ нобу гуворост,

Забони ишқу уммеду таманност.

Забони рамзу рози осмонҳо.

Забони ҷону қалби аҳли дунёст..

 

ФАРЗОН НАЗРӢ

                                      мудири шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносӣ

 

 

барчасп: