Таронаҳои Обидпур

Ҷурахон Обидпур. Ӯро натанҳо дар консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, ки ӯ ба шогирдон дарс мегӯяд, балки берун аз он аксарият медонанду номашро бо эҳтиром ба забон меоранд… Ӯ оҳангсоз аст.

Аз аёми тифли ба олам санъат рағбат пайдо карда буд. Доимо суруд мехонд. Шуғлаш мутолиаи китоб буду аз бар намудани абёти классикон.

Ҳине, ки шеъреро аз бар менамуд, онро худ ба худ бо оҳанг месароид.

Ҳамин тавр шеър аз ёд мешуд. Ҳам аз ёд мешуду ҳам оҳанге эҷод. Падар шавқи беандозаи фарзанди хешро дида дар тааҷҷуб мемонд.

Охир ӯ санъаткор набуд. Меҳри фарзанд нагузошт падар бепарво бошад. Барояш дуторчае харид. Ин туҳфа барои Ҷурахон нодиртарин ашёи олам дониста мешуд. Дере нагузашта дуторча бо торҳои дили ӯ ҳамҷур шуду зери агуштони ӯ ба наво даромад. Синфи 7-ро хатм кард. Устодаш Элчибек Мукамолов тавсия дод, ба омӯзишгоҳи мусиқии пойтахт дохил гардад. Бо дили пурорзуи пурмеҳр озими ин ҳунаристон шуд. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашт. Солҳову рӯзҳои таҳсил якояк паси сар мешуд. Ӯ дар ин ҷо бисёр чизҳоро омӯхт. Навозиши асбобҳои миллию аврупоӣ акунун барояш муаммо набуд. Зеро ангуштонаш ҳар кадоме ба таври худ оҳангеро менавохт. Вале ҳанӯз ҳам аз хеш қонеъ набуд.

Он рӯз шарикдарсон барояш хушхабар оварданд, ки ӯро дар қатори чанд нафар хатмкунандагони бо ибораи директор беҳтарин барои идомаи таҳсил ба консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд мефиристанд. Дилаш лабрези суруру шодӣ гардид…

Таҳсил дар консерватория барояш дари олами пурғановати мусиқиро кушод. Дар ин даргоҳи ҳунар низ байни шарикдарсон унвони «беҳтаринро» чун мусобиқа аз даст надод. Аз курси дуввум дар оркестри созҳои Ӯзбекистон ба фаъолият пардохт.

Панҷ соли пурҷӯшу хурӯш, панҷ соли айёми ҷустуҷӯҳо, ташвишҳо, омӯхтанҳо, паси сар шуд. Гоҳе, ки имтиҳони охирин супорид, устоди куҳансолаш хоҳиш кард, фаъолияташро дар ҳамон коргоҳаш яъне оркестри созҳои миллӣ идома диҳад.

Устоди солхӯрда бо умеди шунидани ризоияти шогирд дидаи пурмеҳр сӯяш дӯхта буд. Чӣ гӯянд  ба устод?

Охир дар он ҷо, дар Душанбе мутахассисон намерасанд-ку? Чӣ гуна ӯ метавонад, ин ҷо монад.

–Устод, ман ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳам, ҷуз ин ҳарф чизе ба забон наовард.

Устод бо сарҷунбонӣ ва табассуме, ки кунҷи лабонаш сайр дошт, гӯё ризоият дод…

Мутахассисони ҷавон ба диёри худ баргашт. Ва муддате нагузашта китобе нашр кард, ки нахустин дастури методӣ барои омӯзиши рубоб ва дигар асбобҳои миллӣ буд.

Оре, Арбоби Ҳунари Тоҷикистон, профессор, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Ҷӯрахон Обидпур муаллифи чандин китобҳо дастурҳои таълимӣ аз қабили «Дарси рубоб», «Чаманоро», «Этюдаҳои хушоҳанг», «Савтҳои борбадӣ», «Гулбонги рубоб» буда, сурудҳои эҷодкардаи ӯ тавассути садою симо рӯз дар миён садо медиҳанд.

Китоби ба тозагӣ нашршудаи устод бо номи «Ману тарона» сар то сар аз сурудҳои ҷолибу хушоҳанг эҷод шудааст, ки дунёи рангорангу афсонахези бачаҳоро инъикос менамояд. Раиси иттифоқи оҳангсозони кишвар Аслиддин Низомов дар пешгуфтори китоби мазкур чунин оварда.

«Аз мазмуну мундариҷа ва рӯҳияи пурнишоти оҳангҳои ин маҷмӯа бармеояд, ки суруду таронаҳои Ҷӯрахон Обидпур ба шунаванда қалб аз ҳама меҳру муҳаббат, некӯкорӣ ва бунёдкориро талқин менамоянд.

Оҳангсоз дар интихоби шеър хеле сарталаб аст. Ӯ на танҳо шеърҳои хубу мавзунро барои оҳангҳояш истифода мебарад. , балки дар ҳар мавриди алоҳида қабл аз ҳама ба мазмун ва ғояи асосии порчаи назмӣ диққат медиҳад.

Шояд ҳамин аст, ки шеъру оҳанг дар асарҳои ин маҷмӯа комилан ба ҳам омадаанд».

Воқеан, маҷмӯаи сурудҳои барои бачаҳо эҷоднамудаи Обидпур беҳтарин армуғон барои бачаҳост.

Китоб бо сифати хеле хуб нашр гардида бо муқоваи зебо оро дода шудааст. Дар ин маҷмӯа 12 суруди яккахонӣ ва 6 хори бачагона ҷой дорад. Мавзӯи сурудҳои маҷмӯаро ватану табиати зебои он, дунёи нотакрори кӯдакон дар бар гирифтаанд. Эҷоди суруд ва оҳанг бастану сурудео эҷод кардан масъулияти баландтареро тақозо дорад.

«Ману тарона»-и устод Ҷӯрахон Обидпурро метавон як дастури таълимӣ дар мактабҳои мусиқӣ ва ҳамагонӣ номид. Боиси зикр аст, ки дар мактаб-интернати мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ин маҷмӯаро аллакай чун дастури таълимӣ пазируфтаанд. Борҳо шудааст шоҳид мегардем, ки кӯдакон дар мактаб, кӯдакистонҳо баъзан таълими мусиқиро бо сурудҳои бемазмун ё хориҷӣ оғоз мекунанд. Албатта, мо зид нестем, ки дар дабистону кӯдакистонҳои мо омӯзиши забонҳои русиву англисӣ хуб ба роҳ монда шавад. Вале агар матни суруди «Котёнок»-ро бо матни «Таронаи Ориён»-и Ҳақназар Ғоиб муқоиса кунем, бартариро аз замин то осмон мебинем.

Ва баъдан гумони мо ин аст, ки пеш аз он, ки мо бо дастовардҳои бузурги маданият ва фарҳанги ҷаҳонӣ ошно гардем, сараввал бояд аз фарҳанги хеш бохабар бошем. Ҳисси худшиносию фарҳангшиносии миллӣ бояд дар ин айём, айёми туфуллият ташаккул ёбад. Кӯдак бояд дар кӯдакистон, дар мактаб бо фарҳанги миллӣ, адабиёт, санъати миллӣ, расму ойинҳои ниёгон ошно гардад.

Пойдевори маънавиёти ҳар фарде бояд нахуст аз фарҳанги миллии худ таҳкурсӣ дошта бошад.

Устод Обидпур ин нуктаро ба хубӣ дарк намуда, ба эҷоди ин тозамаҷмӯаи хеш даст задааст.

Худи устод инро чунин шарҳ медиҳанд:

–Шунидани сурудҳои бемазмун маро дилгир кард. Ва хостам бачаҳо сурудҳои пурмазмуну хушоҳанг хонанд, ки ҷавобгӯи олами тифлии онҳо бошад. Ва ин боиси эҷод ва чопи ин маҷмӯа гардид.

Дӯст ва шогирди устод муаллими омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Ғолибшо Акобиров дар ҳақи он кас чунин мегӯяд.

–Устод Обидпур шахсест воқиф аз санъату фарҳанг ва адабиёти миллии хеш. Ин аст, ки нашри китоби «Ману тарона» ба миён омадааст.

Ёд дорам, моро чӣ хел талқин мекарданд, ба шеърхонӣ. Агар сари гуноҳе донишҷӯёнро сарзаниш мекарданд, ҳарфашон аз ашъори классикон буд.

Умуман аз нашри ин китоб ман хеле шодам ва шахсан устодро бори дигар табрик мегӯям.

Оре устод Обидпурро метавон бо чунин як дастоварде табрик гуфт.

Ҳанифаи Муҳаммадохир 

Адабиёт ва санъат. 14.11.2005.   

барчасп: