Ҷӯрахон Обидпур: Савтҳои баҳорӣ–илҳомбахши ман

Айёми наврӯзӣ, баробари  чаҳ-чаҳи булбулону хониши дигар мурғакони хушилҳом дар хонаи Шайх Обид сокини деҳаи хушобу ҳавои Бедаки кӯҳистони Муъминобод садои тифли навзоде низ баланд шуд. Мурғакони хушилҳом аз лаҳзаҳои эҳёю шукуфтанҳои табиат илҳом гирифта, ба нағмапардозӣ шурӯъ карда буданд.

Ҳамнаво бо садои мусиқии форами табиат, шилдирроси оби чашмасорон, хониши парандаҳо, садои баъ-баъи бузғолаю баррачаҳо ба гӯши тифли гаҳвора аллаи модар хеле фораму гуворо мерасид. Шояд ҳамон лаҳзаҳои тифлӣ, ҳамин симфония ибо ҳам ҷӯру гӯшрас дар қалби кӯчаки Ҷӯрахон ҷой гирифт ва оянда ӯро ба пайроҳаи зебои мусиқӣ бурд.

Инак, 70 сол боз бо ин пайроҳа қадам мезанад, эҷод мекунад ва ҳамеша чун мурғакони айёми наврӯзӣ ва дарёчаҳои айёми баҳорон хурӯшон илҳомаш дар ҷӯш аст. Имрӯз Ҷӯрахон Обидпурро бисёриҳо ҳамчун оҳангсози машҳуру сермаҳсул, мусиқишиноси нотакрор ва хунёгари чирадаст мешиносанд.

Вақте ки дар арафаи ҷашни Наврӯз бо устод Ҷ.Обидпур суҳбат кардем, ӯро хаёлоташ ба давраи кӯдакию бачагиаш мебурд ва бештар дар бораи он айём ҳарф мезад.

Дар сини чорсолагиам оилаи мо аз деҳаи Бедак ба деҳаи Томчӣ кӯчид ва дар он ҷо ман ба камол расидам, – ба ёд меорад устод ва идома медиҳад:– Айёми кӯдакӣ дар талу теппаҳои гулпӯши атрофи деҳа бо ҳамсолон бозиҳои гуногун карда, вақти холии худро шоду хуррам мегузаронидем. Бегоҳиҳо шуғли дӯстдоштаи мо, бачаҳо, шунидани савту каломи машшоқони чирадаст, овозхонҳо, базлагӯёну шоирони деҳа буд. Онҳо маҳфилҳои ҷолиб ороста, дар шеъру таронахонӣ, байтбараку қиссахонӣ ва ғайра сабқат мекарданд. Ба ин мусобиқаҳои ҳунар аз ноҳияи Шӯрообод хунёгарони моҳир даъват мешуданд. Аз ҳама бештар ба ман садои дуторнавозии мӯйсафедон, ки бо садои мусиқиҳои табиат ҷӯр шуда, дар отроф паҳн мегашт, писанд буд.

Бале, табиист, ки дар чунин муҳит кӯдак бо завқи баланд ба воя мерасид, зеро ба ваҷд меомад ва худро дар олами зебои афсонавӣ медид. Ҳамин тавр Ҷӯрахон ба дунёи суруду мусиқӣ, дунёи шеъру маърифат ворид гардид. Имрӯз хотираҳои айёми наврасӣ дар дили ӯ нақш баста, ҳангоми ба ёд овардани он рӯзҳо вуҷудашро эҳсосоти аҷибе фаро мегирад. Ҳар боре, ки ӯ ёди зодгоҳ ва ёди ҷавонии худ менамояд, албатта пеши назар ҳамон манзараҳои дилошӯб ва садои пурғановату ширадори устодони халқии пешин меояд, ки ҳангоми тифлию ҷавониаш дар ҳалқаи онҳо буд. Ва, ҳатто, ҳангоме, ки бобои Қурбон дутор дар даст суруд мехонд. Ҷӯрахони тахминан даҳсола ҳамроҳи ӯ доира менавохт.

Вақте ки ӯ ба камол расиду тадриси илм кард ва ҳаёти минбаъдаи хешро ба санъат бахшид, аз ҷумлаи асарҳои эҷодкардаи давраи камолоташ «Навои Бедак» ном дошт ва он солиёни дароз дар консертҳои ҳисоботии ансамбли рубобнавозони  Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода иҷро карда мешавад ва сабти он дар хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон ҷой гирифтааст.

Ҷӯрахон Обидпур давоми фаъолияти пурмаҳсули хеш асарҳои зиёди мусиқӣ офарид, ки «Дарси рубоб» (1962, 1982), маҷмӯаҳои асарҳои мусиқии «Чаманоро» (1986), «Савтҳои борбадӣ» (1990), «Хушмизроб» (1996), «Гулбонги рубоб» (2000), «Гулбоғи рубоб» (2002), рисолаҳои мусиқӣ – «Шеър оҳанг аст» (2002), «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» (2008), суруду хорҳои бачагона- «Ману тарона» (2005), китоби дарсии «Суруд ва мусиқӣ» (2007) намунаи онҳост. Ҳамчун оҳангсоз зиёда аз 100 суруд бо ҳамовозии ансамбли созҳои миллӣ эстрадӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон» (ба шеъри Ҳадиса Қурбонова), «Мапӯшон рӯйро» (ба шеъри Сайфи Фарғонӣ), «Хобам наомад» (дубайтиҳои Мастон Шералӣ), «Ишқи ман» (шеъри З.Атоӣ), «Сарвиноз», «Бути тоҷик» (шеърҳои А.Қодирӣ), «Эй дил» (дубайтиҳои А.Лоҳутӣ) ва ғайра, ду суитаи овозию рақсӣ ба шеърҳои Салими Хатлонӣ, ду фантазия ва чанд пиеса барои рубоб ва фортепиано эҷод кардааст.

Дар фаъолияти консертии Ҷ.Обидпур – якканавозӣ (давоми солҳои 1965-1990) ҷои намоёнро ишғол менамояд. Дар тӯли 25 сол Ҷ. Обидпур ба тарғибу ташвиқи асарҳои композиторони тоҷик камар баста, дар радифи созҳои машҳури Ғарб ба мисли роял, скрипка, виолончел, флейта, кларнет рубобро ҳамчун сози якканавозӣ дар байни мардум машҳур сохт. Бо номераҳои якканавозӣ ба воситаи телевизион, дар маҳфилу ҷамъомадҳои мусиқишиносон, композиторон, дар ҷамъомадҳои муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо мунтазам баромад мекард. Ӯ аввалин иҷрокунандаи қариб ҳама асарҳост, ки ҳамон солҳо барои рубоб аз тарафи композиторони тоҷик эҷод мешуданд. Аз ҷумла «Фалак» ва «Насими кӯҳсор»-и А.Одинаев, «Рақси помирӣ»-и Фирӯз Баҳор, «Фантазия» ва «Савти рубоб»-и Х.Абдуллоев, фантазияҳои «Гулсуман» ва «Нози дилбар»-и худи Ҷ.Обидпур ва гайра аз қабили ин асарҳоянд.

Аз ҷониби хунёгарони мумтоз 17 асари композиторон бо ҳамовозии оркестри созҳои миллӣ ва фортепиано дар фонди тиллоии радиои тоҷик сабт гардидааст.

–Устод Ҷ.Обидпур дар баробари ромишгар буданаш дирижёри моҳир низ мебошад. Ӯ солҳои 1969-70 вазифаи дирижёри оркестри созҳои халқии назди Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радишунавониро ба ӯҳда дошт. Дар ин муддат як қатор асарҳои композиторони тоҷикро барои якканавозони созҳои миллӣ ва овозхонон барои оркестр таҳия кард, ки адади онҳо беш аз 100 мебошад. Вай ҳамзамон асарҳои композиторони классикии Ғарбу русро низ таҳия намудааст. – мегӯяд номзади илми педагонӣ, иҷрокунандаи вазифаи профессор, яке аз шогирдони устод Ҷ.Обидпур Неъмат Ҳалимов.

 Дар давраи ҳамкориҳои хеш бо Ҷ.Обидпур Ҳунарпешаи халқии СССР, профессор Ҳанифа Мавлонова чунин зикр кардааст: Ҷӯрахон Обидпур истеъдоди фавқулодаи дирижёри дошта, дар назди пулти дирижёрӣ дар обурангдиҳӣ ва итоат кардани оркестр ба овоз ва нафасгирии овозхонӣ ҳамто надорад, ки ин сифатҳо на дар ҳамаи дирижёрҳо мавҷуд аст. Барои ҳамин якчанд маротиба бо роҳбарии ӯ дар оркестри номбурда сурудҳои гуногунро иҷро кардам».

Ҷ.Обидпур дар инкишофи санъати навозандагӣ ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси созҳои миллӣ (рубобҳои қошғарӣ, бадахшӣ ва прима) яке аз омӯзгорони пешбару варзида мебошад. Ӯ то имрӯз нахустин ва ягона профессори соҳа аст. Зиёда аз 30 нафар шогирд аз мактаби ӯ гузаштаанд ва ихтисосманд гардидаанд. Аз ҷумла 11 нафар шогирдони Ҷ.Обидпур дар озмунҳои байниҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ иштирок варзида, лауреату дипломант гаштаанд.

Аз соли 1998 инҷониб узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва аз моҳи майи соли 2007 аъзои гурӯҳи ҳамоҳангсози Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷӯрахон Обидпур ҳамчун роҳбари меҳрубону ғамхор ва серталаб мақоми шоистаеро ишғол менамояд. Имрӯзҳо ӯ вазифаи мудири шӯъбаи муассисаҳои муассисаҳои таълимии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотро ба ӯҳда дорад. Ҷ.Обидпур ягона композитори муосирест, ки ба шеърҳои худаш оҳанг бастааст. Сурудҳои бачагонаи «Бузғола», «Алла», «Барфак», «Фасли баҳор», «Соли нав», «Китоб», «Меҳргон», «Гули лола» ва ғайраҳо шеърҳои худи Ҷ.Обидпур буда, намунае аз эҷодиёти бисёрҷабҳаи ӯст. Ӯ ҳамеша серкору серҳаракат буда, барои равнақи илми мусиқӣ заҳматҳои зиёд мекашид. Ҳоло бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва дар асоси «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ду китоби дарсии устод- «Мактаби омӯзишии чанг» ва «Маҷмӯаи пиесаҳо барои рубоб ва фортепиано» дар арафаи чоп аст.

Профессор Ҷ.Обидпур табъи шоирӣ низ дорад. Ӯ дар жанрҳои қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ ва ғайра зиёда аз 1000 мисраъ шеър навиштааст. Дубайтии зерин намунаест аз ашъораш:

 

Бикун некӣ, ки дар некӣ савоб аст,

Ба некиҳои ту рӯзе ҷавоб аст.

Ғанимат дон ҷавонӣ, илм омӯз,

Ки умри одами андар шитоб аст.

         

 Даст задани устод ба масъалаи вазни шеър («ритм» ва «ритмика») ва суруд аз дарки амиқи фазилати илмии ин олими варзида ва дилсӯз ба фардои миллат дарак медиҳад. Аз ин рӯ, месазад, ки малакаю маҳорат ва таҷрибаи касбии ин хунёгари чирадаст аз ҷониби олимону таҳқиқгарони мусиқиву адабиёт мавриди омӯзишу тартиб қарор гирад.

 

    Б.Каримзода,

                                                     «Садои мардум»

20.03.2010

барчасп: