Беш аз 100 номгӯй китобҳои электрониии Пажуҳишгоҳ дар хидмати мардум

Пажуҳишгоҳи Фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 матни китоби электрониро дар бойгонии худ дорад, ки хонандагон метавонанд барои ошноӣ бо онҳо ба Пажуҳишгоҳ ташриф биёранд. Аз ҷумлаи ин китобҳои нодир “Донишнноми Шашмақом”, ки соли 2009 интишор ёфтааст, ҳафт ҷилд “Энсиклопедияи советии тоҷик”, ки солҳои 1978 – 1988 чоп шудаанд, се ҷилди “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, ки солҳои 1988-2004 аз чоп баромадаанд ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин хонандагон метавонанд бо фарҳангномаҳои зиёд, китобҳои илмӣ оид ба китобшиносӣ, мусиқӣ, таърихи фарҳанг, тақвимҳои мухталифи мавзуъӣ ва солномаҳо, эҷодиёти мардум, театр, синамо, нашрияҳо ошно шавад.

барчасп: