Нақши афсона дар ташакули психологияи кӯдак

Кӯдакон афсонаҳо меоваранд,

Дарҷ дар афсонашон басм сирру панд.

Ҳазлҳо гӯянд дар афсонаҳо,

Ганҷ меҷӯянд дар вайронаҳо.

Ҷалолуддини Балхӣ

Луқмони Ҳаким файласуф- қаҳрамони асарҳои бадеии навиштории халқи тоҷик тарбияи кӯдакро ҳанӯз аз батни модар зарур дониста, роҳи беҳтарини ба камол расонидани фарзанди солеҳро дар ҳанӯз дар батни модар бо суханони нек ва хотироти хуб гуфтан мебинад. Ин суханони Луқмони Ҳаким дар илми тибби ҳозира дақиқ исбот шуда, олимони ин соҳа бар он боваранд, ки кӯдак ҳанӯз аз 6 моҳагии дар батни модар будан қобилияти ҳассосияти 5 ҳисси эҳсосаш шурӯъ ба бедор шудан мекунад ва ҳар ҳассосият ва сухане, ки аз атрофиён гуфта мешавад, зуд дар лавҳи хотираи кӯдак нақш мебандад. Ҳарчанд кӯдак наметавонад пас аз тавлид шудан, (мисли ривоятҳо бобати қобилияти фавқуллодаи Абӯалӣ ибни Сино) ба ёд орад, ки атрофиён он замон чӣ гуфта буданд, аммо он эҳсоси ноҳинҷори ҳамон лаҳза дар батни модар будааш метавонад кӯдакро ҳамвора думболагир боша два рафта- рафта ин ноҳинҷори ҳолати рӯҳияи кӯдакро халалдор сохта, ӯро метавонад чун фарди рӯҳан хаста ва дамдузд ба ҷомеа «бахшад».

Олами кӯдаконро олами беғашию афсона мегӯянд, ки беҳуда нест. Зеро кӯдак худ беғашу бекина ва орзупарвару ҳаёту муҳитро чун афсона қабул мекунад ва барояш шебу фароз ва мушкилоту бадиҳои зиндагӣ аҳамияте надорад. Барои кӯдак бари домони модар биҳишт ва ҳар хандаи беғаши пайвандон афсонаи зебои бо «ҳама ба муроду мақсадашон расиданд, мову шумо ҳам расем» маҳсуб меёбад.

 Кӯдакон бибию боборо хеле зиёд дӯст медоранд. Хусусан дар деҳот гирди сандалии гарм дар зимистон ва ё рӯйи кати ҳавлӣ дар тобистон дар иканори бобою бибӣ нишаста, афсонаҳои ширин шунидан кайфияти ба ягон хуби дунё ивазнашавандаро дорад. Аниқтараш дошт. Зеро имрӯзҳо ҷойи афсонаҳои ширини бобою бибиҳои хушгӯйи моро филмҳои тасвирии трейлерӣ гирифтаанд. Имрӯзҳо чунин филмҳои тасвирие, ки пур аз кушокушию ваҳшоният ва дилсардкунанда афкори кудакони садаи навро вайрон ва онҳоро чун як кӯдаки хашину гапнодаро ва эгоист ба воя мерасонад.

Имрӯзҳо дар дилхоҳ телевизионҳои кӯдакона филмҳои тасвирии трейлерӣ нишон дода мешавад, ҳатто насли калонсол бо дидани ин навъи филмҳои тасвири асабаш хароб мешавад, чӣ расад ба кӯдаке, ки ҳамагӣ 4 ё 5 сол дорад. Вақте ба модарони кӯдакон гӯӣ чаро кӯдакатро иҷозаи тамошои чунин филмҳои тавириро медиҳӣ ҷавоб як аст: э ҳозӣ ҳамаи кӯдако ҳамихелӣ мултик тамошо мекунанд.

Бале, то андозае ин ақида дуруст аст. Чун ин навъи филмҳои тасвирӣ қариб дар тамоми телевизионҳои барои хурдсолон нишон дода мешаванд. Аммо оё андеша кардаем, ки телевизион барои мо ва фарзандони мо хизмат мекунад ё мо барои телевизион? Албатта, ки телевизион бояд дар хидмати тамошобин бошад на тамошобин дар хидмати телевизион. Вақте мо кӯдакамонро намонем чунин филмҳои тасвириро тамошо куна два дар бадалаш мо барояш ҳар шаб афсонаҳои зебои халқиро қисса кунем, дарки некбинӣ ва зебоипарастӣ дар кӯдаки мо хоҳ нохоҳ бедор мешавад ва барояш филмҳои тасвирии трейлерии иборат аз саҳнаҳои даҳшатангез  беарзиш ва ҳатто то андозае  нафратовар мегардад. Яъне мо метавонем афкори кӯдакро дигаргун созем ва дар роҳи дуруст тарбияаш куненм. Дуруст аст, ки вақт меравад. Аммо на зиёдтар аз 3 соат. Вале дар бадали ин се соат мо метавонем як фарзанди солеҳу сомеъ ва рӯҳан солимро ба воя расонем.

Суоле ба миён меояд, ки афсона дар тарбияи кӯдак наход то ин андоза саҳми бориз дошта бошад? Оре, афсона дар тарбияи натанҳо хурдсолон, балки калонсолон хеле нахши бориз ва созандаро дорост. Таърихи афсона ба давраҳои хеле дур ва қадимӣ рафта мерасад. Дар афсона беҳтарин афкор, орзую омол ва ниятҳои самии қавму миллатҳои дунё таҷассум гардидааст. Дар афсона мардум ибтидо аз замони пайдоиши ҳаёт дар сайёра кулли нияту мақсадҳои бо сабаби бедодгариҳои ҳокимони замон амалинашударо бо истифода аз таҷассуми образҳои ҷовиди дорои қобилиятҳои фавқултабиӣ таҷассум мегардониданд. Ин аст, ки аксари афсонаҳои халқии мардуми тоҷик бо ибираи зебои «ҳама ба муроду мақсадаш расиданд, илоҳо мо ва шумо ҳам ба муроду мақсадамон расем» ҷамъбаст шуда, ҳар як шунавандаро ба дунёи зебою ширини афсона ва орзую омоли нек ва нигоҳи некбинона бо ояндаи дурахшон мебарад.

Имрӯзҳо бо сабаби аз байн рафтани анъанаи афсонагӯи дар кишвари мо мардум хеле афсурда ва хашин ба воя расидаю такомул ёфтаанд, хусусан насли наврас. Бетарафи ва беаҳамиятии волиядайн нисбати анъанаи афсонахонии пеш аз хоб ва иваз кунонидани ҷойи афсонаҳои суннатӣ бо трейлер- филмҳои тасвирӣ дар ҷомеа кӯдакони зуд ба воя расидаи хашинро дода истодааст. Имрӯз кӯдаки 4-5 сола барояш саҳнаҳои сеҳромези афсонаҳо шавқовар нест. Барои кӯдаки ҳозира лухтаки аз чӯб месохтаи бибиҳо на, балки автомату мошину тонкҳои ҷанги пластикӣ арзиши бештар доранд. Чун мо худ чунин мекунем. Мо худ дар кишти зиндагиямон чунин дони бетараҳумиро мепошем ва ҳосилаш низ чунин мешавад.

Масъалаи дигари ташвишзо ин бебаҳра будани кӯдакони мо аз табобати равоншинос аст. Яъне вақте кӯдак ба дастгирии равонӣ ниёз дорад мо ба ҷойи беши равоншинос рафтан афзал мешуморем, ки кудакамонро бо ҳабу доруҳои таскинбахши кимиёвӣ табобат кунем. Ҳол он ки дар илми равоншиносӣ як навъи хеле густурдаи равондармонии кӯдакона бо номи «афсонатерапия» мавҷуд аст, ки равоншинос бо истифода аз ин метод норасосии равонии кӯдакро бо истифода аз култ- асбоббозиҳои қаҳрамони афсонаҳои суннатӣ ва нақли ин ё он афсона мушаххас намуда, табобат мекунад. Афсонатерапия барои мукаммал намудани норасоии навони ва ҷуброн намудани ҳисси танҳоии кӯдакон хеле таъсири мусбӣ насонида, мкетавонад кӯдаки моро бидуни истифода доруҳои кимиёвӣ ба ҳолати пешин гардонад ва асабҳои харобгаштаи кӯдакро барқарор созад. Афсонатерапия натанҳо барои барқарорсозии ҳолати равонии кӯдак балки ба калонсолон низ таъсири хуб расонида, метавонад моро аз истифодаи доруҳои ҳархела эмин дорад.

Афсонатерапия натанҳо дар назди равоншинос, балки дар муҳити хона низ аз тарафи волидайн чун кӯмаки беминнати равонӣ ба кӯдак расонида шавад. Барои ин зимни нақли як афсона волидайнро лозим аст, ки ба рафтор ва муносибати кӯдак ба афсонаи гуфташуда диққат диҳад. Яъне вақте кӯдак афсонарот гӯш мекунад хоҳ нохоҳ рекасия нишон медиҳад дар зимн бо истифода аз роҳи дурусти саволдиҳӣ мо метавонем аз кӯдак пурсем, кик адом қаҳрамон ба ӯ писанд аст ва ё кадом саҳнаи афсона. Роҳи дигари афсонатерапия ин рассомӣ аст. Яъне кӯдак вақте расм мекашад аз расми кашидаи кӯдак мо метавонем ҳолати расонии кӯдакро фаҳмем. Барои мисол агар кӯдак расми сагро кашад ин маънои онро дорад, ки кӯдак ба таваҷҷӯҳ ва муҳаббати модар ниёз дошта, бештар бо ӯ буданро мехоҳад. Ва агар кӯдак гул кашад ӯ ба муҳити беруни ва сайру гашт эътиёҷ дорад.

 Ҳамин тариқ афсона ва афсонатерапия дар тарбияву  таълими кӯдаки ҷисману рӯҳан солим нақши бориз дошта, вақти он расидааст, ки ҷаҳонбинии кӯдакро аз ҷаҳони трейлер озод намуда, дар афкори кӯдаконамон нигоҳи неку ояндаи дурахшонбинро бедор созем. Мо метавонем афкори кӯдакро дигаргун созем чун кӯдаки наврас мисли химчаи навхат аст ва ҳар тараф ки тобаш диҳем, ба ҳамон самт нумӯъ мекунад. Имрӯзҳо бо ташвиқу дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумату давлат ва Пешвои миллат китобҳои афсонаҳо хеле зебо бо истифода аз мусаввараҳои зебо ваавроқи босифат ва аз ҳама муҳим бон архи дастрас дар дилхоҳ бозору дӯконҳо дар фурӯш аст вам о метавонем бо хариди ин гуна китобҳои тарбиявӣ ҳам ҷаҳони кудаконамонро аз плостикҳои зараровар орӣ созем ва ҳисси муҳаббати инсонӣ ва некояндабиниро дар афкори кӯдаконамон бедор созем. Мо меъмори қасри бошукӯҳи ояндаи фарзандонамон ҳастем бинобар лозимамон аст, ки ҳар хишти ин қасррро хуб андозагирӣ намуда, болои ҳам бичинем то он қаср солҳо бо шукӯҳу шаҳомати худ шӯҳраи оламу одам гардад.

Фарангиси Ф, ходими калони илмии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

барчасп: