Ифтихори шогирдон

Ҳамасола фарорасии ҷашни Наврӯз ва рӯзи Фарҳанг баробар ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои муътабари фарҳангӣ – композитор, навозанда, дирижёр, омӯзгори маъруфи тоҷик, олим-муҳаққиқ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), профессор (2001), Аълочии фарҳанг (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (аз соли 1998) Ҷӯрахон Обидпур рост меояд.

Ҷӯрахон Обидпур дар рушди санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси созҳои миллӣ (рубобҳои қошғарӣ, бадахшонӣ ва прима) яке аз омӯзгорони варзидаи кишвар мебошад. Ӯ нахустин профессори соҳа аст, ки 32 шогирдро тарбия намудааст (аз инқо 11 нафарашон лауреату дипломат шудаанд). Устод муаллифи зиёда 20 китоби дарсӣ, рисолаҳои мусиқӣ, дастуру барномаҳои таълимӣ, маҷмӯаҳо, хрестоматия (аз ҷумла 4 китоби дарсӣ, 2 монография) ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Қамчунин Ҷӯрахон Обидпур 100 суруду навоҳои халқиро ба нота гирифтааст. Чун композитор беш аз 100 суруд бо ҷӯршавии ансамблҳои созҳои халқӣ, эстрадӣ ва оркестри созҳои халқӣ, 2 сюитаи овозиву рақсӣ, 2 фантазия барои рубоб бо ҳаммуалифии К. Тушинок ва 100 сурудҳои хорҳои бачагона навиштааст (аз ҷумла ӯ ба 17 шеърҳои бачагонааш худаш оҳанг бастааст).

Устод Ҷӯрахон Обидпур  соли 2019 китоби “Луғатномаи тафсирии мусиқӣ”-ро рӯйи чоп овард. Лозим ба ёддоварист, ки нашри чунин луғатнома бори нахуст сурат гирифтааст, ки он бо забони тоҷикӣ нашр гардида, барои муассисаҳои таълимии соҳаи санъат  хеле китоби муҳими илмӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки китоби мазкур бо такмилу иловаҳо соли 2021 бо теъдоди бештар дубора интишор гардид.

Префессор Ҷӯрахон Обидпур вазншинос буда, табъи шоирӣ низ дорад. Ӯ дар ин самт дар жанрҳои гуногун зиёда 800 мисраъ шеър эҷод намудааст. Ҷ. Обидпур дар чандин озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ қамчун узв, муовини раис ва раиси ҳакамон фаъолона ширкат варзидааст.

Имсол устод Ҷӯрахон Обидпур ба синни мубораки 83  расиданд ва мисли ҷавонон бо нерӯи қавии корӣ ва илҳоми тоза дар пайи таълифи асарҳои нави илмӣ ва эҷоди оҳангу мақолаҳои нав мебошанд. Устод аз солқои 90-уми асри ХХ то имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқоотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими пешбари илмӣ  фаъолияти илмию эҷодӣ доранд.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони ПИТФИ устодро ба ба муносибати ҷашни зодрӯзашон табрику муборакбод гуфта, ба эшон тансиҳативу рӯзгори осуда ва дар корҳои илмиву эҷодӣ дастовардҳои нав ба навро таманно менамоянд.

  

 

Каримова Гулзира

Муовини директори ПИТФИ

оид ба корҳои методӣ

барчасп: