Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ-иҷлосияи тақдирсоз ва оғози сулҳу ваҳдати тоҷик буд

Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ  ва хатари парокандагии давлат аз16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд   баргузор гардид. Дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло­лияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

 Дар иҷлосия як қа­­­­тор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо ба фаъол на­мудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.  Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯ­зи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кар­дани 26 ноябри соли 1992», Қонунҳои Ҷумҳурии То­ҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯ­рои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил на­мудани вилояти Хатлон  дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд. Собиқ Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар иҷлосия баромад ва аз мансаби президентӣ озод намуданашро изҳор намуд. Дар лоиҳаи қа­рор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пеш­бинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пеш­ниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таш­кил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ­икистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Ва­зирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ до­нис­та шуд. Аз ин рӯ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Консти­тут­сияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қа­бул гардид.

Бешак, муҳимтарин дастовард Иҷлосияи 16 –ум Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин шахсият на танҳо вазъро бо эътидол оварда балки баъдан ҳам дар бунёди давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани обруву нуфузи Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ саҳми босазо гузошт. Марҳилаи созиши миллӣ дар таърихи ватанӣ ҳодисаи фаромушнашаванда маҳсуб меёбад ва дар ин марҳила нақши Сарвари давлат беназир аст.

Ходими давлатӣ, иштирокчии иҷлосияи мазкур, намояндаи халқ Адолат Раҳмонова зикр кард, ки дар ҳақиқат ин иҷлосия барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо тақдирсоз буд. Дар натиҷаи нофаҳмиҳои байни гурӯҳҳо, ки мехостанд дуруст будани ақидаҳои худро исбот намоянд ва шояд дарк накардани демократия, ки қисмате бо номи демократ баромад мекарданд, кишвари моро ба ҷанг кашиданд. Гурӯҳҳои мухолиф бо ҳар восита мехостанд сохти конститутсиониро тағйир дода, бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат оянд. Шояд онҳо на фақат аз дохил ба иштибоҳҳои сиёсӣ роҳ доданд, балки хоҷагоне доштанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мекарданд ва мехостанд Тоҷикистонро ба қисматҳо ҷудо намоянд ва мардуми сарбаланди тоҷикро мутеъ созанд. Баргузор гардидани иҷлосия ба чунин ихтилофот хотима бахшид.  Аз ин ҷост, ки онро тақдирсоз мегӯем. Рӯзи сеюми иҷлосия собиқ раиси вилояти Суғд зимни баромад бо баҳонаи он ки гӯё вакилони мардумӣ омода нестанд, таклиф намуд, ки кори иҷлосияро ба моҳҳои оянда гузаронем. Ба таъхир гузоштани иҷлосия хатари ҷиддӣ дошт

Дар он рӯзҳои ҳассос сухан гуфтан осон набуд. На ҳар кас ҷуръат дошт, ки бар хилофи гурӯҳҳои мухталиф фикру ақидаҳояшро ба хотири дифоъ аз сохти конститутсионӣ, нигоҳ доштани давлат ва ҳифзи миллат иброз дорад.

Мо тавонистем, ки зарурияти доир гардидани иҷлосияро исбот созем. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон, шахси фидоии миллату Ватани хешро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудем. Сардори давлат дар он солҳои мудҳиш борҳо ба Афғонистон сафар кард, ки на ҳар кас чунин ҷуръатро дошт. Фақат шахси фидоӣ, ки ҷонашро барои сарҷамъии миллату оромиву осудагии кишвараш дареғ намедошт, ба ин кор қодир буд.

Он бунёдсозиҳое, ки бо роҳбарӣ ва ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 сол дар Тоҷикистон ба сомон расид, худ гувоҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуи одамони сулҳпарваранд. Ва имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашнгирии Иҷлосияи XVI Шӯрои  Олӣ  қарор  дорем, орзу  менамоям,  ки  сатҳи зисти  мардуми  мо боз ҳам баланд гардад ва зиндагии гуворо дошта бошанд, зеро миллати мо ба ин сазовор аст.

 

Иштирокчии дигари иҷлосия Гулафзо Савриддинова зикркард, ки ҳанӯз 9 сентябри соли 1991 мо, намояндагони халқ, дар вазъияти хеле мураккаб Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон кардем. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як идда шахсоне пайдо шуданд, ки вазъи сиёсии кишварамонро муташанниҷ гардониданд. Истиқлолиятро ба даст овардем, вале таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб меёфт. Будан ё набудани Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба миён омад. Вазъ дар аксари манотиқи Тоҷикистон, хусусан дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хеле мураккаб гардид. Сохти қонунии  давлатдории Тоҷикистон зери хавф монд. Мақомоти қудратӣ фалаҷ шуда буданд. Бо вуҷуди чунин  нобасомониҳо Шӯрои Олии кишвар ягона мақоме буд, ки мардумро ба оромӣ, сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Баргузор гардидани Иҷлосияи XVI   Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд он вақт хеле мушкил буд. То баргузории ин иҷлосия намояндагони  мардумӣ борҳо даъват шуда буданд, вале бо сабабҳои объективию ғайриобъективӣ сарҷамъ шуда натавонистанд. Вақте ки вазъият хеле мураккаб гардид, як қудрати  илоҳӣ ҳамаи намояндагонро ҷамъ овард.  Бо вуҷуди аксари намояндагон ҷамъ будан, мо се рӯз натавонистем кори иҷлосияро оғоз намоем. Дар ҳамон ҷо низ гурӯҳҳое буданд, ки халал мерасониданд. Чунин сару садоҳо буд, ки гӯё бо сар шудани иҷлосия вазъият боз ҳам мураккабтар мегардад. Ҳатто баъзе роҳбарон низ ба оғози кори иҷлосия монеъ мешуданд. Он рӯзҳо барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо тақдирсоз буд.

Ниҳоят ҳамаи намояндагони гурӯҳҳо сари инсоф омаданду мо, вакилони мардумӣ, ба кори иҷлосия оғоз намудем. Дар иҷлосия фикру андешаҳо хеле зиёд буданд.

Яке аз масоили асосӣ ин қабули сохти давлатдорӣ: президентӣ ё порлумонӣ буд. Масъала ҳалли худро ёфт. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сардори давлат тасдиқ шуд.

Баъди он ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисии Шӯрои Олии мамлакат пешниҳод карданд, дар чеҳраи ҳамаи вакилони мардумӣ як шукуфоӣ ва ризоиятмандӣ ҳувайдо гардид ва ҳамагон ин пешниҳодро бо қаноатмандӣ пазируфтанд.

Ҳамаи мо он замон масъулияти хеле ҷиддиро ба ӯҳда доштем.

Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати тозаинтихобшуда, дар назди ҳозирин иброз дошт: «Ман  қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул – гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки  Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Ин суханон ба рӯҳи аҳли нишаст  таъсир гузошту ҳама оҳи сабук кашиданд.

Ҳангоме ки кори иҷлосияро ба итмом расондем дар дили ҳамагон як умед ба беҳбудӣ ҷой гирифт ва қуввае пайдо шуд, ки мо сохти конститутсиониро барқарор карда тавонистем. Чунончи Абӯшакури Балхӣ мегӯяд:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Дар чанд соли душвортарини оғози давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари тавонои давлат, балки ҳамчун як фарзанди бовафои миллат, роҳбару роҳнамои мардумӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо таъмини сулҳу салоҳ ва пешниҳодҳо оид ба ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии на танҳо Тоҷикистону минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю эътибори ҳақиқӣ касб кардаанд.

Мунаввари Сафар,

ходими калони илмии ПИТФИ

 

барчасп: