Тасвири баҳор ва ҷилваҳои табиат аз мушоҳидаи устод Рӯдакӣ

Дар васфи табиат, бахусус, арӯси фаслҳо -  баҳор адибони салаф ва муосир ашъори зиёде бахшидаанд. Ва табиист, ки ҳар адиб аз мушоҳидаву эҳсос ва мувофиқи завқу шавқу салиқа, истеъдоду қобилияти фаҳмиши худ қалам ба сафҳаи дафтар кашида. Масалан, дар тасвири табиат Манучеҳрии Домғонӣ машҳур аст. Адибони дигаре чун Унсурӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Анварӣ баҳорияҳои зиёде сурудаанд ва дар саҳнаороии табиат ва тавсифи баҳор маҳорат ва устодӣ нишон додаанд, аммо ба ҳар ҳол дар ин ҷода муқаддамтар устод Рӯдакист.

Дар таърихи адабиёти тоҷик баҳорияе бо номи устоди шоирон Рӯдакӣ сабт аст, ки ҳам аз назари қидомат ва ҳам аз дидгоҳи арзишҳои шеърӣ дархӯри таваҷҷуҳи фаровон аст. Баҳор бо тамоми рангомезиҳояш ва ҷилову тобишаш дар ин қитъа бозтоб меёбад ва устод Рӯдакӣ аз чанд зовия ба баҳор ва табиат менигарад, ки ҳатто бо дар даст доштани ин қитъа метавон дар кӯр будани ӯ шакку шубҳа кард. Унсури ранг дар назди кӯрон таъин нест, дар ҳоле ки Рӯдакӣ аз сурхии лола сухан пеш оварда, онро ба панҷаи арӯси даст ҳинокарда ташбеҳ мекунад. Бозгӯийи ин қитъаи зебо ва тафсире аз он дар остонаи Наврӯз ва баҳор бомақсад ва бомаврид хоҳад буд:

 

           Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тайиб,

            Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

            Шояд, ки марди пир бад – ин гаҳ шавад ҷавон,

           Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Устод Рӯдакӣ ороишҳо ва зебоиҳои баҳорро берун аз шумораш медонад, дар оғози қасида ишора ба ранг дорад ва дар сурудаҳое, ки аз Рӯдакӣ ба ёдгор монда ба паймонаи зиёде аз рангҳои сабз, зард, сурх ва бунафш ном гирифта шудааст. Ин худ далели устуворест, ки ӯ дар даврае аз зиндагӣ кӯр набудааст. Бо боварии Рӯдакӣ шоиста аст, ки марди пир ҷавонии худро аз сар гирад, зеро ҷаҳон пас аз як давраи пирии зимистонӣ ба ҷавонӣ расидааст:

 

       Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

       Лашкар – ш абри тираву боди сабо нақиб.

       Нуқоти барқ равшану тундар – ш таблзан,

        Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб.

Рӯдакӣ бо вуҷуди он ки шоири ғаноисарост, аммо дар ин қитъа аз тағаззул ба хамоса рӯй меоварад ва аз истилоҳҳоти ҷангӣ суд меҷӯяд. Ӯ чунин мешуморад, ки осмон лашкаре ороста ва ин лашкар абрҳои тираест, ки боди сабо пешвоиашро бар дӯш дорад. Барқ вазифаи нафтандозиро ба уҳда дорад ва тундар таблзани ин лашкар аст. Ёфтани ин ташбеҳҳо ҳам истеъдоди шоирӣ ва ҳам маҳорати баландро тақозо дорад, ба вижа дар асри Рӯдакӣ, ки сувари хаёл (ташбеҳ, истиора, маҷоз, киноя) маҳдуд буд:

 

      Он абр бин, ки гиряд чун марди сугвор,

      В – он раъд бин, ки нолад чун ошиқи касиб.

      Тундар миёни кишт ҳаме бод бардамад,

       Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.

Боз ҳам фикри ҳамосӣ боандешаи тағаззулӣ гиреҳ мехӯрад. Рӯдакӣ абрро монанди марди сугворе медонад, ки дар марги азизе ашк мерезад ва раъдро монанди ошиқи дардманде мешиносад, ки аз фироқи маъшуқ ба гиря меоғозад, зеҳни Рӯдакӣ боз аз фарози осмон ба замин бармегардад ва ё ба таъбири дигар, вақоеъи осмонро ба замин гиреҳ мезанад. Боде, ки бар киштзор дар ҳангоми баҳорон мевазад, гӯйӣ тундарест, ки ғиреви он аз осмон шунида мешавад.

Дар маҷмуъ раъд, барқ, тундар, абр, бод таносубҳоест, ки зеҳни пӯё ва табъи баланди Рӯдакӣ онҳоро ба сурати шоиронае дар канори ҳам қарор медиҳад дилпазиртарин манзараи баҳориро падид меоварад. Рӯдакӣ ҷаҳиши барқро аз миёни абрпораҳои тира бо тозёнае ташбеҳ медиҳад, ки ин ташбеҳ то ҳанӯз тозагӣ ва латофат дорад.                                                                             

     Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ – гоҳ,

   Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.                               Миёни кишт лола бихандад ҳаме зи дур,

     Чун панҷаи арӯс бо ҳино шуда ҳазиб.

Ташбеҳи хуршед дар ҳангоме, ки сар аз зери абр берун мекашад, ба маъшуқе, ки дар зиндон афканда шуда ва ҳар лаҳза мунтазири он аст, ки пинҳонӣ аз чашми зиндонбон бигрезад ва ба зани зебое, ки чодар пӯшида ва гоҳ – гоҳ чодарро аз сар бармедорад ва ба ошиқ нимнигоҳе мекунад, аз беҳтарин тасвирҳои шоирона аст ва назиру намунаи онро камтар метавон дарёфт.

Ташбеҳи гули лола, ки ҳангоми баҳор сар аз хок бурун оварда ва аз дур ба монанди панҷаи арӯс дида мешавад, ки онро дар шаби зифоф ҳино кардаанд, низ аз бори шоиронаи латифе бархӯрдор аст, шинохти Рӯдакиро аз табиат мерасонад. Касе, ки ҳаргиз гули лола ва ранги панҷаи арӯсро надида бошад, ҳеҷ гоҳ тасвире ба ин зебоӣ наметавонад биёфарад:

    Борони мушкбез биборид нав ба нав,

     В – аз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.

     Ганҷе, ки барф пеш ҳамедошт, бирӯфт,

    Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.

Борони баҳор аз боронҳои дигаре, ки дар фаслҳои дигари сол меборад, тафовут дорад. Борони баҳор абролуд ва мушкбез аст, вақте бӯйи борони баҳор бо хоку сабза ва шукуфа дарҳам  меомезад, ҷонро лабрези шури зиндагӣ мекунад ва сухани Рӯдакӣ ба газоф нест, ки дар атри борони баҳорӣ нафаси зиндагӣ нуҳуфта аст.

      Вақте устод Рӯдакӣ барфро ба порчаи катонии сафед ташбеҳ мекунад, ин далели дигарест, ки ӯ дар саросари зиндагонии худ нобино набудааст. Ва чӣ тасвири зебое ба вуҷуд меоварад, ҳангоме ки мегӯяд: “Борони мушкбез, ки тоза ба тоза нав ба нав меборад, аз тани барф ҷомаи катонии сафеди ӯро берун мекашад, ҷойи барфро гул мегирад ва дар ҷӯйбори хушкида ва яхбаста суруди об ҷорӣ мешавад.

Хониши ин қитъаи баҳории устод Рӯдакӣ мерасонад, ки ӯ дар тавсифи манзараҳои табиат дасти волое дошт, истиораҳо ва ташбеҳҳое, ки ӯ меофарад, ҳаракат ва ҳам зиндагӣ доранд. Ва муҳимтарин унсури созанда дар шеър ҳамин сувари хаёл аст. ки бо Рӯдакӣ оғоз меёбад, албатта чанд шоир пеш аз ӯ низ ба ин масъала таваҷҷуҳ доштаанд, аммо ин ҳунар дар шеъри устод Рӯдакӣ ба авҷи камол ва борварӣ мерасад.

Арзиши дигаре, ки ин дидгоҳҳои шоирона доранд, ин аст, ки маҳсули кашфи таҷриба ва дарёфти худи Рӯдакиянд. Пеш аз ӯ шоирон ин роҳро тай накардаанд.

Дар фарҷом бояд зикр намуд, ки ин қитъаи баҳорияи устод Рӯдакӣ дар шумори нигораҳои забоест, ки дар кохи адаб ва фарҳанги тоҷикон то ҷовидон, то бекарон овехта хоҳад монд. Чунон ки то рӯзгори мо аз зебоиҳо ва латофатҳои он як зарра ҳам коста нашудааст.

 

Хоҷаев Қурбон

Ходими пешбари илмии шуъбаи

фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ

барчасп: