Сурнай – сози сурурбахш

Сурнай (сурной) яке аз созҳои анъанавии нафасии тоҷикон ва инчунин халқҳои дигари Шарқ мебошад, ки асосан дар ҷашну маъракаҳои хурсандӣ истифода мешавад.
Решашиносӣ
Сурной.  Нойи румӣ аст, ки сарно бошад. (“Бурҳони қотеъ”). Ва ин мухаффафи сурной аст, чӣ сур ба маънои  шодӣ аст. (Ғиёсу ул-луғот”). Ной, ки дар ҷашну сур навозанд, дар  асл сурной буда. (Рашидӣ).

Ошиқи майдону асбу пой на,
Ошиқи рамзу лабу сурной на.

 Мувофиқи иттилооти ҳунармандон, сурнайро барои даъват ва пазироии меҳмонон, барои рақсу бозӣ ва ифодаи шодию нишот дар ҳамовозӣ бо доира менавозанд. Номи ин сози мусиқӣ низ ба шодиву хурсандӣ далолат мекунад. Калимаи «сур» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои сурур ва шодиро ифода мекунад. Аммо дар баъзе гӯишҳои эронӣ, инчунин дар забонҳои озарӣ арманӣ, ин созро «зурно» ва ё «зурной» мегӯянд, ки вожаи «зур» дар забони паҳлавӣ маънои шохро дорад. Баъзе муҳаққиқон ба чунин ақида омадаанд, ки калимаи сурнай аз ҳамин «зурно» маншаъ гирифтааст. Шояд сабаби чунин ном доштани ин сози мусиқӣ ин аст, ки шабеҳи шохи гови аст ё дар замонҳои пеш бо истифода аз шохи гов созҳои нафасиро менавохтанд.
    Сурнайро дар водии Ҳисор «меҳтар» низ меноманд ва ба қавли баъзе ҳунармандон он аз калимаи «маҳинтар» гирифта шудааст, зеро садои сурнай нисбат ба овози дигар созҳои нафасӣ маҳинтар мебошад. Албатта ин назари мардум аст, таҳқиқи этимологии ин ном вазифаи забоншиносон мебошад.

Сохтусози сурнай

Сурнай ба гурӯҳи созҳои нафасӣ шомил буда, шаклан ба най монанд мебошад. Қисмати нӯги он қифшакли васеъ ва поёнаш борик буда, дарозиаш 45-50 см аст. Сурнай, асосан, аз чӯби чормағз, зардолу, чинор, тут ва баъзе дарахтони маҳаллӣ сохта мешавад. Қабати болои найи он 7 ё 8 сӯрох дорад, дар қисми поёнии он як сӯрохии овоз барор вуҷуд дорад, ки онро бо ангушт мепӯшонанд. Нӯги борики он дорои сар пӯшест, ки бо он найчаи мисӣ (филизӣ) ва забонаки тунуки қамишӣ пайваст буда, барои навохтан хидмат мекунад.
    Диапазони сурнай аз «ре»-и октаваи якум то «си»-и октаваи дуюм ва аз он ҳам бештар буда, овозаш пурқувват ва ҷарангдор аст. Сурнай дар анъанаҳои тоҷикӣ ва маросимҳои халқӣ бо ҳамовозии карнай, нақора ё доира ансамбли хосро ташкил медиҳад ва ҳамчун сози якканавозӣ низ машҳур аст.
    Ҳунари сурнайсозӣ, дар Тоҷикистон асосан, дар водиҳои Ҳисору Зарафшон ва баъзе ноҳияҳои дигари вилояти Суғд рушд ёфтааст. Дар Ҳисор созандагони ин сози мусиқиро устои сурнайсоз  ё  меҳтарсоз меноманд. Устоҳои сурнайсоз пеш аз ҳама барои сохтани сурнай аввал, чӯбро интихоб мекунанд.

Шеваҳои сохтани сурнай

Чӯби сурнай бояд аз чӯбҳои сахт бошад, мисли навдаи чанор (кундааш намешавад), зардолӯи талхак ва ширинак, лекин зардолӯи талхак овози хуб дорад. Аз чӯби тут ҳам сохтан мумкин аст, аз тутҳои наҳтут ва шаҳтут, инчунин чӯби муруд низ месозанд. Бояд таркибу мағзи чӯб сахт бошад. Аввал чӯбро тарошида монанди дастаи бел мекунанд, сипас, дарунашро сӯрох карда, бо регкоғаз ҳамвор намуда, аз болояш монанди нуқта сӯрох мекунанд. Дар давоми ду рӯз тарҳи сурнай таёршуда онро оҳиста-оҳиста хушк мекунанд, ки 1 моҳ сипарӣ мегардад. Сурнай боз чанд ҷузъиёти дигар, аз қабили зерлаб, найбар, қолиб, мил дорад. Зерлабро аз чӯб ё аз плостик месозанд барои ҳавои зиёдатӣ надаромадан аст.
    Барои сохтани сурнай аз парма, болға, суянҳои секунҷа ва гирд, ҷадвал, амбӯр, паргор, регкоғаз, чӯби най барсозӣ ва ғайраҳо истифода мекунанд.
    Устои сурнайсоз ду рӯз пурраро барои сохтани 1 сурнай сарф мекунад. Дар ду рӯз асбоб ба сураташ таёр мешавад, лекин барои пурра таёр шуданаш оҳиста-оҳиста вайро мехушконанд ва ҳудудан як моҳ лозим аст, то як суранй омода ба истифода шавад.
    Баъди таёр кардан аввал, сурнайро навохта камбудиҳояшро меёбанд, онро ислоҳ менамоянд ва сипас ба харидор пешкаш мекунанд.
    Сурнайнавозон барои навохтани ин соз тамринҳои гуногун мекунанд, масалан, як пиёла обро гирифта бо найча ба дарунаш пуф мекунанд. Дар аснои пуф кардан нафасро бо бинӣ ба дарун кашида, ҳаворо дар холигиии даҳон каме нигоҳ дошта,  сипас ба берун хориҷ мекунанд. Ҳамин гуна тамринҳоро устодон ба шогирдонашон меомӯзанд, ки дар рафти навохтан нафасашон ба дарун наафтад.
    Гӯяндаи ин матлаб устои суранйсоз Турсунмурод Саидов, сокини деҳаи Хоҷачилдиёри ноҳияи Ҳисор аст, ки мегӯяд:  Пири касбии сурнайнвозон Исрофил мебошад ва ҷони одамизод ҳам бо сабаби ҳамин ворид шудагӣ аст.

Муаллиф: Зафар Холмуродов

барчасп: