ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи 23.06.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти роҳбарии директори муассиса, н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов оғоз ёфт. Сараввал Аминов А. ташрифи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Суҳроби Бозоралиро хайрамақдам намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин рӯзи таърихӣ ва фархунда шодбош намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамоиши имрӯза меҳмонон аз ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ВАО ва телевизион, Донишгоњи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  “Таъминот ва савдои китоб”, нашриёти “Ирфон”,  Сарредаксия илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва дигар муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд.

Директори муассиса, н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Ваҳдат яке аз воқеаҳои тақдирсозу фаромӯшнопазир арзёбӣ шудааст. Дар он давраҳои ҳассосу душвор, яъне солҳои аввали Истиқлолият ба даст овардани Ваҳдати миллӣ кори саҳлу осон набуд. Вале аз рӯзҳои аввали ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ дар дили мардуми тоҷик тухми умед сабзид. Зеро аксари дастоварду комёбиҳо ва пешрафту тараққии замони истиқлол ба ҳамин воқеаи таърихӣ марбут мебошад. Боиси ифтихор аст, ки Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамасола дар қатори дигар иду ҷашнҳои милливу давлатӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамояд. Имсол низ тасмим гирифтем, ки ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир намоем.

Сипас, дар кори ҳамоиш Раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён суханронӣ намуд. Дар зимн Шоҳиён А. иброз дошт, ки чуноне таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад дар чунин як давраи ҳассос хомӯш намудани оташи ҷанг кори саҳлу осон нест. Раиси Шӯрои Олӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан ба мардуми одӣ сохтани кишвари афсонавӣ ва боҳашамату зебо не, балки сулҳу осоиштагиро ваъда намуданд. Дар музокираву сухарониҳояшон пайваста таъкид мекарданд, ки: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба ҳамаи мушкилиҳо ва мухолифатҳо нигоҳ накарда барои бастани Созишномаи истиқрори сулҳ солҳои зиёди пурхатарро паси сар намуданд. Дар натиҷа мардуми тоҷик Сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллиро ба даст овард. Чунки Ваҳдати миллӣ омили асосии суботи ҷомеа ба шумор мерафт. Дар он солҳо ҷилави як давлати парокандаро ба даст гирифтан ва ҳамаро муттаҳид сохтан осон набуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо барқарор намудани Ваҳдати миллӣ ва ҳокимияти сиёсӣ давлати ба нобудӣ рафта истодаро барқарор созад. Дар идомаи суханронӣ А. Шоҳиён таъкид ба амал овард, ки агар ҳисси худшиносии миллии ҳар як фарди ҷомеа баланд бошад, Ваҳдати миллии мо ҳеҷ гоҳ коста намегардад.

Тибқи барнома маърӯзаи ходими илмии ПИТФИ, д.и.ф. Мурод Муродӣ таҳти унвони “Инъикоси Ваҳдати миллӣ дар публитсистикаи муосир” ироа гардид. М.Муродӣ ёдовар шуд, ки аз давраҳои қадим халқу қабилаҳои гуногун баҳри барпо намудани Ваҳдат кӯшишҳо мекарданд. Халқи тоҷик низ аз давраҳои Сомониён бо сохти давлатдории хеш дар ҷаҳон маълуму машҳур гаштааст. Маҳз дар замони Сомониён халқ тавонист бо ҳукумат наздик шавад, ҳаммаслаку ҳамрадиф бошад. Баъди чунин як давлатдории бузург мардуми тоҷик боз дубора имконият пайдо намуд, ки ба истиқлолияти миллӣ бирасад. Чунки пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва бесару сомониҳо зарурати ба вуҷуд овардани муттаҳидӣ ба миён омад. Дар ин марҳилаи носозгор шахсияте сари минбар омад, ки бо суханони пурҳикмат ва қотеъонаи хеш мардуми ҷангзадаро ба ҳаёти орому осоишта талқин намояд. Таърих исбот намуд, ки суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимӣ ва воқеӣ буда, ин абармарди замон барои фароҳам овардани сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон талошу ҷонбозиҳои зиёде кардааст. Дар радифи чунин шахсиятҳои таърихӣ ВАО ҳам барои инъикоси Ваҳдати миллӣ ва тарғиби дастовардҳои он нақши муассир дорад. Зеро Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои бузург ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, саҳми публитсистон дар тараннуми Ваҳдати миллӣ, омӯзишу баррасӣ ва тавзеҳи он хеле бузург аст. Маҳз тавассути ВАО мардум метавонад муҳтавои Ваҳдати миллиро дарк намояд, арзишҳои онро қадр кунад ва ба наслҳои оянда тарғиб намояд.

 Мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр Ифтихор Юсуфов дар бораи нақши воситаҳои ахбори омма ва таҳкими Ваҳдати миллӣ суханронӣ кард. Дар зимн ӯ ёдовар шуд, ки нақши ВАО дар бозтоби Ваҳдати миллӣ муҳим буда, барои ҷалби мардум, хусусан ҷавонон, шиносоии арзишҳои миллӣ, қадрдонии натиҷаҳои Ваҳдати миллӣ хеле муҳим мебошад.

Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мунаввар Сафар дар мавзуи “Ваҳдат ғояи асосии миллату давлат” суханронӣ кард. Сафаров М. қайд намуд, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ зиёиёни кишвар тариқи воситаҳои ахбори омма ва мусоҳибаҳо нуқтаи назари хешро иброз медоштанд. Академик Раҷаб Амонов дар яке аз мусоҳибаҳо баён намуд, ки: “Мурод аз Ваҳдати миллӣ мусоидати судманд ба эҷоди ҷамъияти демократӣ қонуни асосии дунявист, ки бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳо ва нерӯҳои мансуби ин ва ё он ҳизб, ҷамъият, миллат, маҳал, минтақа, мазҳаб бунёд хоҳад гардид. Зеро омили пойдорӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ ва яклухтии мамлакат, пеш аз ҳама, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳукумат вобаста аст”.

Ҳамчунин ходими пешбари илмии ПИТФИ, н.и.п. Шариф Комилзода оид ба рисолати ваҳдатофаринии фарҳанги миллӣ ва вижагиҳои он маърӯза ироа кард. Дар идомаи суханронӣ Ш.Комилзода феҳристи библиографии “Ваҳдати миллӣ”-ро, ки ба тозагӣ бо ташаббуси кормандони Пажӯҳишгоҳ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон нашр гардидааст муаррифӣ намуд.

Дар идомаи ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт, ки меҳмонон ва иштирокдорон – директори Корхонаи воњиди давлатии “Таъминот  ва савдои китоб” С.Завқӣ, муовини директори нашриёти “Ирфон” Ф.Давлатов, ходими калони илмии ПИТФИ С.Мирзо ва дигарон оид ба Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар пойдор гардонидани он андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар поёни ҳамоиш аз тарафи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ба аъзоёни ҳизб Аминов Абдуфаттоҳ ва Раҳимӣ Дилшод Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва чанд нафари дигар дафтарчаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Дар анҷоми ҳамоиш директори пажӯҳишгоҳ, номзади илми филология Аминов А. бори дигар ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва фарорасии иди шарифи Қурбон таҳният намуда, ба кори чорабинӣ ҳусни хотима бахшид.    

Носирова Лайло

барчасп: