МАТБУОТИ ДАВРИИ ТОҶИК ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН МАРБУТ БА ОБ (Дар мисоли матолиби рӯзномаи «Ҷумҳурият»)

«Имрӯз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз норасоии об азият мекашанд, 80 дарсади обҳои партов бидуни коркард ба муҳити зист партофта мешаванд ва беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ бо об алоқаманданд». Ин нуктаро Антониу Гуттериш, Дабири кулли СММ дар яке аз суханрониҳои худ изҳор доштааст. Нигаронии Дабири кулли СММ аз мушкилоти  ҷаҳонии об дар ҳоле мебошад, ки ҳоло чаҳоряки аҳолии ҷаҳон, яъне 2 миллиард нафар аз сарчашмаҳои оби нӯшокии хатарнок истифода мебаранд. Нисфи башарият ё 3,6 миллиард нафар бе санитарияи бехатари идорашаванда зиндагӣ мекунанд ва аз ҳар 3 нафар 1 нафар ё 2,3 миллиард нафар – дар хона воситаҳои оддии дастшӯй надоранд ва  хушксолӣ метавонад пандемияи навбатӣ бошад.

Воқеан ҳам, маълумоти омории вобаста ба об аз он далолат мекунад, ки масъалаи норасоии об ба сифати мушкилоти ҷаҳонӣ бояд мадди назари ҷомеаи ҷаҳон қарор гирад, зеро он на танҳо хоси як мамлакат, балки  марбут ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳон ва тарғибгари сиёсати башардӯстона худро аз ҳалли масоили нигаронкунандаи об канор гирифта наметавонад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ташаббуси глобалии экологиро маҳз дар масъалаи об пешниҳод намудааст, зеро Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дорои захираҳои зиёди обӣ буда, ҳамасола дар ҳудуди он 64 млрд. м³ об ҳосил мешавад, ки 60% - и оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад”. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа Тоҷикистон, аз рӯйи бузургии ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8 – ум ва аз рӯйи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км. ҳудуд), мутаносибан, ҷойҳои аввалу дуввумро ишғол мекунад. “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор дарё ва дарёчаҳо, зиёда аз 10 000 пирях ва кӯлҳои зиёде, ки дар онҳо 20 км³ обҳои нӯшокӣ захира шудаанд, ҷойгир мебошанд”.

Маҳз мушкилоти норасоии оби тоза, безараргардонӣ ва самаранок истифода бурдани он, инчунин пешгирии хатарҳои марбут ба об Тоҷикистонро водор сохт, ки дар ҳалли ин масъалаҳо ташаббус нишон диҳад. Гарчанде то пешниҳод гардидани ташаббуси нахустини глобалии Тоҷикистон дар масъалаи об, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба масъалаи об диққати махсус дода мешуд, вале маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳамияти экологии мавзӯъ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд. Маҳз дар асоси ташаббуси мазкур ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳазорсолаи нав ба хатар ва таҳдидҳои экологӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуд.

      Баъд аз пешниҳод намудани ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об, таваҷҷуҳи матбуоти расмӣ ва мустақили тоҷик ба ин мушкилот бештар гардида, ба воситаи мақолаву мусоҳибаҳои гуногун аҳли ҷомеа ба самаранок истифода бурдани об ва расидан ба қадри ин неъмат даъват шудааст. Вобаста ба баррасии масъалаи об дар журналистикаи тоҷик муҳаққиқи тоҷик Ҷамолиддин Яқубов қайд намудааст, ки агар дар солҳои 90-уми асри ХХ рӯзноманигорон бештар вобаста ба мавзуъҳои кӯҳу даштҳо, ҳифзи набототу ҳайвоноти Тоҷикистон, масъалаҳои кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ мавод омода менамуданд, пас «инъикоси мавзӯи марбут ба об дар ибтидои асри XXI дар журналистикаи тоҷик ба яке аз мавзӯъҳои асосӣ табдил ёфт». Муҳаққиқ яке аз сарчашмаҳои асосии пайдоиши мавзӯи марбут ба об дар журналистикаи тоҷикро маҳз ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об вобаста намудааст.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти глобалии обро пайваста ба таври муфассал дар саҳифаҳояш нашр намудааст. Дар ин масъала мо тасмим гирифтем, ки баррасии масъалаи обро дар суханрониҳои Президенти мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ, ки дар рӯзномаи мазкур нашр шудаанд, мавриди пажӯҳиш қарор диҳем. Зеро муаррифгари асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон пеш аз ҳама Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Дар ин суханрониҳо Президенти мамлакат паҳлуҳои гуногуни мушкилоти глобалии обро дар назди ҷомеаи ҷаҳон ба миён гузошта, ҳалли ҳарчи зудтари масъаларо талаб намудаанд. Аз ҷумла, дар суханроние, ки 7-уми сентябри соли 2000-ум дар мулоқоти Ҳазорсолаи СММ аз ҷониби Президенти мамлакат ироа гардида буд ва он ба таври муфассал дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” инъикос ёфтааст, таъкид шудааст, ки Тоҷикистон кӯшиш менамояд, то дар ҳалли проблемаҳои ҷиддии экологии имрӯза саҳми арзанда гузорад [“Ҷумҳурият”, 2000. 14 сентябр]. Ин аз он дарак медиҳад, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз солҳои нахустини пешниҳоди ташаббуси глобалии Тоҷикистон марбут ба об, онро ҳамчун кишвари саъйкунандаи ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ муаррифӣ намудааст. Маҳз чунин кушишҳои Тоҷикистон дар масъалаи об аст, ки дар суханронии дигари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти 7-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, рӯзномаи “Ҷумҳурият” нигаронии Президентро аз тезутунд гардидани масъалаи об нишон додааст, ки роҳбари давлат барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои номатлуб саъю кӯшиши давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии салоҳиятдорро талаб намудаанд   [ “Ҷумҳурият”, 2002. 18 октябр ].

Мӯҳтавои бештари матолиби рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи глобалии об мебошанд, онро бозгӯ мекунанд, ки пешниҳод намудани ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об аз ҷониби Тоҷикистон беасос набуда, дар ин ташаббусҳо дурнамои ҳалли мушкилоти об дар сайёра ба таври ҷиддӣ баррасӣ мегардад. Ин масъаларо яке аз матолиби “Ҷумҳурият”, ки аз натиҷаи суханронии Президент дар Иҷлосияи Генералии 33-юми ЮНЕСКО-и шаҳри Париж иттилоъ медиҳад, ба таври возеҳ равшан месозад. Тавре Президенти мамлакат дар ин суханронӣ таъкид намудаанд: “Мақсади ташаббусҳои Тоҷикистон аз “Соли оби тоза” эълон намудани соли 2003-юм ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи ҳаётии сайёра ва истифодаи оқилонаву ахлоқии он мебошад”[“Ҷумҳурият”, 2005. 15 октябр ].

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо нашри суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи об таваҷҷуҳи ҷомеаро ба муносибати хайрхоҳона ва беғаразонаи Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ниёзманди об ҷалб намуда, ин тарзи муносибатро ҳамчун як ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии кишвар нишон додааст. Мо чунин мавқеъгирии Тоҷикистонро дар масъалаи об дар мисоли маводи навбатии “Ҷумҳурият” муайян намудем, ки дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза аз  мушкилоти норасоии оби тозаи нӯшокӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кардаанд, ки “мо мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем” [“Ҷумҳурият”, 2003. 2 сентябр]. Президенти кишвар дар суханронии мазкур таъкид менамоянд, ки масоили вобаста ба об тарзе бояд ба роҳ монда шавад, ки мушкилоти марбут ба нарасидани об барои халқҳои сайёра на воситаи тафриқаандозӣ, балки омили муттаҳидкунанда гардад. Таҳлили суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи об дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчунин нишон медиҳад, ки сарвари давлат дар бештари маврид масъалаи обро ҳадафи нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ [“Ҷумҳурият”, 2003. 4 сентябр] ва ҳалли босамар ва мутақобилан судманди онро дар маънии васеъ ва ҳатто глобалии он “таъмини сулҳ, рушд ва суботи давлатҳо” [“Ҷумҳурият”, 2005. 31 май]  ном бурдаанд.

Қобили зикр аст, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчунин матолиби зиёде доир ба ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба об нашр шудааст. Аз ҷумла, таҳлили яке аз маводҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки ба қалами таҳлилгар Субҳон Кошонов тааллуқ дорад, нишон дод, ки ташаббуси нахустини глобалии Тоҷикистон “Соли байналмилалии оби тоза” – ро намояндагони кишварҳои Ғарб, бахусус Африқо қобили дастгирӣ донистаанд. Дар ин мавод таассуроти Алаби Оломадаӣ, яке аз намояндагони кишвари Нигерия нисбат ба табиати Тоҷикистон ва рӯду обҳои фаровони он дар Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза оварда шудааст, ки ӯ бо вуҷуди доштани захираҳои зиёди обӣ дар Тоҷикистон, роҳбари тоҷиконро ҳамчун шахсе муаррифӣ кардааст, ки «на танҳо ғами дарди халқи худ…балки бори ғаму дарди мардуми тамоми оламро» бар дӯш доштааст [“Ҷумҳурият”, 2003. 25 декабр].

Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза доир гардид, ки дар он 500 вакили 53 кишвари дунё ва намояндагони 105 созмону ташкилоти байналмилалӣ ширкат варзиданд. Мухбирони рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои муайян намудани андешаи ҷомеаи ҷаҳон оид ба ташаббуси нахустини глобалии Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷараёни баргузории Форуми мазкур андешаи меҳмонони иштирокчиро оид ба муҳиммияти “Соли байналмилалии оби тоза” пурсон шудааст. Дар матлаби мазкур намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маъсума Ибтикор ба ташаббуси  глобалии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об баҳои баланд дода, изҳор доштааст, ки “воқеан ҳам об заруртар аз он аст, ки мо тасаввур мекунем” [“Ҷумҳурият”, 2003. 16 сентябр]. Ба андешаи мо рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо нашри ақидаи намояндагони кишварҳои гуногуни олам доир ба аҳамияти ташаббуси нахустини Тоҷикистон дар масъалаи об, то андозае дар муайян намудани мақоми сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақш гузоштааст.

Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷонибдории СММ нисбат ба Тоҷикистон ва ташаббусҳои он ба воситаи нашри мақолаи собиқ намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон А. Зуев таҳти унвони “Тоҷикистон муаллифи як қатор ташаббусҳои ҷаҳонист” ба таври возеҳ баррасӣ гардидааст. Дар матлаби мазкур А. Зуев ба нақши Тоҷикистон дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ баҳои баланд дода, таъкид намудааст, ки “натанҳо СММ ба Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ёрӣ мерасонад, балки Тоҷикистон низ Созмони Милали Муттаҳидро дар сатҳи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дастгирӣ мекунад” [“Ҷумҳурият”, 2012. 6 март]. Дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3-4 декабри соли 2007 дар шаҳри Беппуи Ҷопон зимни мулоқоти роҳбарон ва намояндагони мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором пешниҳод намуд, ки доир ба проблемаҳои об Конвенсияи байналмилалии СММ таҳия карда шавад. Оид ба ин масъала рӯзи 18 декабри соли 2007 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” маводе ба табъ расидааст, ки дар он коршиноси нашрияи “Азия-Плюс” дар шаҳри Москва Дмитрий Верхотуров андешаи худро нисбат ба ин ташаббуси Президент, чунин иброз доштааст: “...Президент дар ҷараёни мулоқот ба проблемаи ҷиддӣ дахл кард, зеро дар ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи танзими масъалаҳои марбут ба захираҳои об чизе гуфта нашудааст...Проблемаи оби тоза ва захираҳои об муддати тӯлонӣ проблемаи нисбатан маҳдуд ҳисоб карда мешуд. Вале ин масъала имрӯз аҳамияти байналмилалӣ пайдо намудааст ва ҳалли он дар сатҳи Конвенсияи СММ талаб карда мешавад...ин ҷо ба таври махсус таъкид кардан лозим аст, ки суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти Ҷопон “ғалабаи дипломатӣ дар масъалаи об” шумурда мешавад” [“Ҷумҳурият”, 2007. 18 декабр].

      Мухбирони рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ҳошияи ташаббуси саввуми ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об “Соли 2013-соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” андешаи намояндагони кишварҳои гуногуни оламро нашр намудаанд. Чунончӣ дар маводи навбатии “Ҷумҳурият” таҳти унвони “Ҷаҳон иқдомоти Президенти Тоҷикистонро дар мавриди истифодаи об хуш истиқбол мекунад”, Летичиа Обейг, роҳбари ниҳоди ҳамшарикии глобалии об, нақши сиёсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди сиёсати ҳадафманди обӣ, ташвиқи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таъмини дастрасии мардум ба оби мусафои ошомиданӣ муҳим арзёбӣ намудааст [“Ҷумҳурият”, 2012. 26 июн]. Дар идомаи маводи мазкур суханронии намояндаи Бонки ҷаҳонӣ низ оварда шудааст, ки номбурда пешниҳоди ташаббуси “Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об” – ро аз ҷониби Тоҷикистон василаи муҳими пешгирӣ аз ҳар гуна низоъ ва баҳс дар атрофи об номида, аз нақши калидӣ доштани иқдомҳои Тоҷикистон дар бунёди заминаи мустаҳками ҳамкориҳои фарогири миёни кишварҳо дар соҳаи об ёдовар гардидааст [“Ҷумҳурият”, 2012. 26 июн].

Соли 2017 Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ташриф овард, ки ин низ аз таваҷҷуҳи хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” дур намондааст. Дар маводи таҳлилие, ки аз ҷараёни боздиди дабири кулли СММ аз кӯли Сарез омода шудааст, мухбирони рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷонибдории дабири кулли СММ аз ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистонро баррасӣ намуда, намуна будани Тоҷикистонро дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ аз нигоҳи А. Гутерриш нишон додаанд [“Ҷумҳурият”, 2003. 25 декабр].  Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар баъзе аз матолиб ҳамчунин ба зарурати қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” низ таваҷҷуҳ намуда, афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки обро аз омилҳое номидааст, ки ба норасоии об оварда мерасонанд [“Ҷумҳурият”, 2017. 26 сентябр]. Бо овардани чунин нуктаҳои муҳим рӯзномаи “Ҷумҳурият” зарурати қабули ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистонро оид ба мушкилоти глобалии возеҳ нишон додааст.

Тибқи таҳлили матолиби “Ҷумҳурият” ҷомеаи ҷаҳон дар баробари ҷонибдорӣ аз ташаббуси глобалии Тоҷикистон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, инчунин ба фаъолияти сиёсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар баррасии мушкилоти глобалии марбут ба об баҳои баланд медиҳад. Аз ҷумла, дар як маводи “Ҷумҳурият”, ки ба ташрифи Президенти Бонки осиёии рушд Такехико Накао ба Тоҷикистон бахшида шудааст, иқдоми навбатии Президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 аз ҷониби Т. Накао муҳим ва башардӯстона арзёбӣ гардида, “талошҳои пайвастаи Сарвари тоҷикон ба беҳтар сохтани вазъи зиндагии сокинони Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида” маънидод гардидаанд [“Ҷумҳурият”, 2017 . 30 октябр].

Бояд қайд намуд, ки барои исбот намудани зарурати пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об, аз ҷумла пешниҳоди Даҳсолаи навбатӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, рӯзномаи “Ҷумҳурият” андешаи коршиносони соҳаро низ бо овардани далелҳои илмӣ нашр намудааст. Аз ҷумла, 25 январи соли 2018 таҳти унвони “Тоҷикистон. Ташаббусҳои Пешвои миллат ба манфиати аҳли башар аст” мақолаи Номвар Қурбонов нашр шудааст, ки дар он коршинос ташаббуси чаҳоруми глобалии Тоҷикистонро марбут ба об танҳо бо таъмини амнияти экологӣ маҳдуд накарда, яке аз ҳадафҳои онро ба омилҳои иқтисодӣ вобаста намудааст [“Ҷумҳурият”, 2018. 25 январ]. Аз ин рӯ, бо овардани чунин далелҳои илман исботшуда, муҳаққиқ Н. Қурбонов муҳим ва саривақтӣ будани пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” - ро таъкид намудааст. Аз нигоҳи коршиноси соҳа Қутбиддин Олимов низ пешниҳод намудани Даҳсолаи навбатии об аз ҷониби Тоҷикистон тақозои замон аст, зеро ба андешаи коршинос ҳанӯз тақрибан 800 млн. нафар дар ҷаҳон бо оби тозаи нӯшиданӣ ва 2,5 миллиард нафар бо шароити кофии беҳдошт таъмин нестанд. Дар ин хусус Қ. Олимов дар мақолаи илмӣ таҳти унвони “Об наҷотбахши сайёра аст”, ки рӯзи 12 январи соли 2017 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, таъкид намудааст [“Ҷумҳурият”, 2017. 12 январ]. 

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 20 – 21 июни соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 буд. Ҳадафи асосии конфронси мазкурро хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» С. Азизӣ дар яке аз матолиби рӯзнома зери унвони «Умед ва эътимод», дар «равшан намудани самтҳои амал, ба вуҷуд овардани заминаи мустаҳкам ҷиҳати муколамаи сиёсии кишварҳои ҷаҳон барои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва мудирияти об ба хотири рушди устувор, муайян кардани иқдомоти оянда дар сатҳҳои глобалӣ, минтақавӣ ва кишварӣ» арзёбӣ намудааст [“Ҷумҳурият”, 2018. 21 июн]. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» муҳим будани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» - ро барои ҷомеаи ҷаҳон дар матолиби зиёд дарҷ намуда, бо овардани далелҳои зиёди оморӣ ин гуфтаҳоро исбот намудааст.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар баробари баррасии ташаббуси чаҳоруми глобалии Тоҷикистон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 инчунин бозтоби ташаббуси мазкурро дар расонаҳои хабарии хориҷи кишвар низ пайгирӣ намуда, муайян намудааст, ки аҳамияти Даҳсолаи навро расонаҳои хориҷи кишвар низ дарк намуда, онро муҳим арзёбӣ намудаанд. Аз ҷумла, хабарнигори “Ҷумҳурият” Додоҷон Рӯзиев бозтоби муҳиммияти ташаббуси чаҳоруми глобалии Тоҷикистонро вобаста ба об дар аксари расонаҳои электронии Ҷумҳурии Мисри Араб бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agensy - MENA), воситаҳои ахбори оммаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар, маҷаллаи “Invoice Magazine” – и Ҷумҳурии Исломии Покистон [“Ҷумҳурият”, 2017. 16 феврал] ва маҷаллаи “Лоҷвард” – и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон [“Ҷумҳурият”, 2017. 20 апрел] баррасӣ намуда, баргузории чорабиниҳои муҳимро вобаста ба масъалаи об ва ҷалби таваҷҷуҳи расонаҳои ин кишвар ба ҳамоишҳои мазкур махсусан таъкид намудааст.

Ҳамин тариқ, пажӯҳиши матолиби рӯзномаи “Ҷумҳурият” вобаста ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи об нишон дод, ки рӯзнома ба мавзуи мазкур таваҷҷуҳи махсус равона карда, паҳлуҳои гуногуни мушкилоти марбут ба об ва аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст. Мухбирони “Ҷумҳурият” дар баробари инъикос ва тарғиби сиёсати экологии Тоҷикистон вобаста ба об, инчунин мушкилоти мавҷудаи аҳолии Тоҷикистон бо обро низ ба таври доимӣ пайгирӣ намуда, барои ҳалли масъалаи мазкур нақши назаррас гузоштаанд. Аз ҷониби дигар, рӯзнома майдони муҳими иттилоотӣ барои коршиносони соҳа низ гардида, имкон додааст, ки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳон нуқтаи назари худро оид ба мушкилоти глобалии марбут ба об, роҳҳои ҳалли ин масъала ва аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об баён намоянд.

                                 

Баҳромзода Манижаи Зафаршодухт,

 номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии

шуъбаи воситаҳои ахбори омма  ва табъу нашри

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти

 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

барчасп: