НАҒМАИ АНДАЛЕБОН (мушоҳидаҳои умумӣ дар бораи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023».

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» дар чорчӯбаи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ” барои солҳои 2021-2025 ва мутобиқи Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01, 2023, №АП-318 тасдиқ шудааст, сурат гирифт.

Ҳадаф аз баргузор намудани ин фестивал-озмун  рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстию фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкории онҳо, рушду тарғиби ҳунарҳои бадеии халқӣ, танзими анъана ва расму ойинҳои миллию мардумӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар ду давр баргузор шуд. Даври нахуст аз 10-ум то 30-юми июл дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҷараён гирифта, беҳтарин дастаҳои ҳунарӣ даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Даври ниҳоӣ аз 12-ум то 16-уми августи соли 2023 дар саҳнаи амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод С. Айнӣ сурат гирифт. Дар он дастаҳои санъаткорон аз ноҳияҳои Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Мастчоҳ, Муъминобод, Рӯшон, Рӯдакӣ, Сино, Файзобод, Хуросон, Шуғнон ва шаҳрҳои Панҷакенту Ҳисор иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Аз миёни дастаҳои ғолиби даври аввал санъаткорони шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд бо сабабҳои муайян ширкат карда натавонистанд.

Барномаи имсолаи «Андалеб» аз 12 бахш иборат буда, мутобиқи Низомномаи баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» сурат гирифт. Бахши нахуст таҳти унвони «Бозори ҳунар» дар роҳрави даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод С. Айнӣ созмон дода шуд.  Ин бахш аз намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ ва намоиши раванди истеҳсоли маснуот иборат буд. Маснуоти ҳунарҳои гуногун аз ҷониби ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо ба маъраз гузошта шуда буданд. Чунончи, оҳангарӣ, табақтарошӣ, кандакорӣ, сабадбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, порчадӯзӣ (қуроқдӯзӣ), кашидабофӣ (кешбофӣ), тоқидӯзӣ, болиштдӯзӣ, шероздӯзӣ, муҳрабофӣ, ресандагӣ, қолибофӣ, гилембофӣ, армуғонсозӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворӣ, анвои нон, самбӯсаву кулчақанд, шириниҳо, ҳатто баъзе намуди таомҳо низ ба намоиш бароварда шуданд. Дар маҷмуъ, намоиши «Бозори ҳунар»-и дастаҳои ҳаваскори шаҳрҳои Панҷакенту Ҳисор, ноҳияҳои Файзободу Муминобод нисбатан мукаммал буда, навъҳои зиёди ҳунарҳоро инъикос карданд.

Ҳамчунин дар ин бахш баъзе камбудиҳо ба назар расиданд, ки ин ҷо зикр кардани онҳо ба манфиати кор дар оянда хоҳад буд. Дар ташкили намоиши маҳсулоти ҳунармандони қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тартиби муайян набуд. Ҳамаи маҳсулот омехта, баъзе ноҳияҳо вобаста ба ҷамоатҳо миз ва рафҳои намоишро тақсим карда буданд, ки як намуди маснуоти ҳунармандӣ дар чанд ҷой такрор мешуд. Ё худ дар рӯйи як миз ду-се ашёи оҳангарӣ, ду-се адад ашёи чӯбӣ, чандто матоъ ва куртаҳои гулдӯзию қуроқӣ, хулоса ҳама омехта! Ба иловаи инҳо маҳсули дасти кӯдакони боғчаю мактабҳоро ҳам қатор карда, гузоштаанд, ки ҳама ашёи ҳаваскоронаи кӯдакона буданд.

Минбаъд бояд ба назар гирифта шавад, ки бозори маҳсулоти ҳунармандӣ бояд раста ба раста тақсим шавад. Растаи оҳангарон, растаи табақтарошон, растаи сабадбофон, растаи гулдӯзон ва ғайра.

Дар бахши “Навозиши умумӣ бо созҳои мусиқии миллӣ” ҳунармандони ноҳияҳои Сино, Муъминобод, Файзобод ва Мастчоҳ нисбатан хуб буданд. Чанде аз дастаҳои ҳунарӣ созҳои мусиқии ғайритоҷикӣ: скрипка, флейта, аккордеон ва ҳатто синтезаторро дар навозиши умумӣ истифода бурданд, ки тибқи низомномаи фестивал-озмуни мазкур иҷозат нест. Баҷои инҳо агар ғижак ва най менавохтанд, хуб мешуд. Мушоҳида мешавад, ки созҳои аврупоӣ, бахусус созҳои мусиқии барқӣ, тадриҷан мавқеи созҳои миллиро танг карда истодаанд. Дар иҷрои ин бахш санъаткорони синни миёна ва калонсолон бештар аз ҷавонон буданд, ки ин масъала ҳам нигаронкунанда мебошад. Бояд бештар ҷавононро тарбия намоем ва саҳнаро оянда ба онҳо супорем.

Дар бахши “Намоиши либосҳои миллӣ ва навгониҳо” либосҳои намоишдодаи ҳунармандони шаҳрҳои Ҳисору Панҷакент ва ноҳияҳои Сино, Файзободу Муъминобод нисбатан зебо ва тарзи қадамзании ҳунармандон ва  ҳаракат дар саҳна хуб буданд. Баъзе дастаҳо либосҳои кӯдакона ва суннатии мардонаро ҳам намоиш доданд, ки боиси афзудани холҳояшон гашт. Дар ин бахш баъзе ноҳияҳо шумораи зиёди кӯдаконро ба саҳна ворид намуданд, ки чандон мувофиқи мақсад нест. Либосро ҷавонони хушқаду қомат ба бар карда, намоиш диҳанд, зебанда аст. Албатта, мутобиқ ба синну сол ҳам дар саҳна бонувону мардони калонсол ва бачагону наврасон ҳам либосҳои худро намоиш диҳанд, хуб мешавад.

Дар бахши “Рақси якка” ҳунарнамоии раққосаҳои ҷавон: Дилангези Зафарзод (рақси “Моҳпайкар”, н. Хуросон), Гулазор Мараматшоева (рақси “Қатраи об”, н. Шуғнон), Ёсуман Исрофилова (рақс дар навои “Насри сегоҳ”, ш. Панҷакент), Рухшона Умарова (рақси “Қумбоқ”, н. Сино), ҳамчунин рақсҳои мардона дар иҷрои Раҳматшоев Дилкушо (рақси “Уқоб”, н. Рӯшон), Бобоев Бахтовар (рақси “Такнобӣ”, н. Муъминобод), (н. Файзобод) ҳам ба тамошагарон ва ҳам ба ҳакамон писанд омада, сазовори холҳои баланд шуданд. Ҳамаи иҷрокунандагони ин бахш ҷавонон буданд ва падидаҳои нави санъати рақси тоҷик мебошанд.

Дар бахши суруди якка низ ҷавонони соҳибистеъдод рӯйи саҳнаи фестивал-озмун омаданд ва бо иҷрои худ ҳамаро мафтун намуданд. Аз он ҷумла, сарояндагони ҷавон Шаҳнозаи Иброҳим (суруди “Эй Душанбе”, ш. Ҳисор), Дилбарҷон Шарипова (суруди “Душанбе”, н. Сино), Ҳофиз Хотамов (суруди “Ватан зодбумам”, ш. Панҷакент) нисбат ба дигарон суруди яккаро хеле хуб сароиданд.

Бахши дигари Фестивал-озмун навозиши якка бо сози нодири мусиқӣ унвон дошт. Дар ин бахш навозандагони ҷавон созҳои мусиқии суннатии тоҷикон – най, дутор, ғижак, сетор, баландзиком, уд, рубоби бадахшонӣ, тутак ва қонунро бо маҳорати баланд навохтанд. Махсусан, тутакнавозии Сафархон Салимов (оҳанги “Навои кӯҳсор”, н.Муъминобод), ки бо либосҳои анъанавии чӯпонӣ рӯйи саҳна омад, писанди ҳамагон шуд.

Чун солҳои пешина як бахши Фестивал-озмунро “Намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ” ташкил медод. Ҳунармандону ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бештар ба одобу русуми ҷашни арӯсӣ рӯ оварда буданд. Аз он ҷумла, маросимҳои “Арӯсбиёрон” (н. Файзобод), “Саршӯён” (н. Абдураҳмони Ҷомӣ), “Сартарошон” (н. Шуғнон, ш. Ҳисор), “Кокулбандон” (н. Муъминобод), “Ӯсмакашӣ” (н. Хуросон) бо нозукиҳо ва унсурҳои фарҳангию эътиқодӣ иҷро шуданд. Ҳамчунин расми хонаводагии “Гаҳворабандон” (н. Сино, н. Рӯдакӣ), ойини кишоварзии “Хирманкӯбон” (ш. Панҷакент), ҷашни баҳории “Батайём” (н. Рӯшон) ба тамошогарон ва ҳайати ҳакамон пешкаш намуданд.

Бахши “Бадеҳа, лапар ва дуэт” низ бештар тобиши фолклорӣ дорад. Аммо ҳунармандони баъзе дастаҳо бо номи бадеҳа на матнҳои фолклорӣ, балки матни шеърҳои шоирони муосирро сароиданд, ки суруди онҳо таровати мардумӣ надошт. Бадеҳаи нисбатан комилтарро ҳунармандони ноҳияи Сино Зокирҷони Хусрав ва Парвинаи Саидмурод иҷро намуданд.

Бахши суруди анъанавӣ фарогири таронаҳо аз жанрҳои “Шашмақом”, “Фалак”, “Алла”, “Лалаик”,  “Нақш”, “Мавригӣ”, “Даргилик” ва ғайра буда, ба эҳёву густариш ва таҳкими мусиқии суннатӣ мусоидат мекунад. Дар ин бахш ҳунарнамоии ҳаваскорон шаҳрҳои Панҷакент (“Чапандози Ироқи Бухоро”, ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ, дар иҷрои Умар Мунавваров) ва Ҳисор (“Қашқарчаи Содирхон”, ғазали Бадриддин Ҳилолӣ, дар иҷрои Сарвина Хуҷамбердиева) нисбатан хубу бомаҳорат буданд ва сазовори холҳои баланд гаштанд.

Бахши ҳаҷвии Фестивал-озмун фарогири сурудҳои ҳаҷвӣ, саҳнача ва монологи ҳаҷвӣ буда, чун озмунҳои пешина ба рангорангии барнома мусоидат мекард. Дар “Андалеб”-и имсола саҳначаҳои ҳаҷвии гуногун манзур намоиш дода шудаанд, ки беҳтарини онҳо суруди ҳаҷвии “Шов-шови мардум”, шеъри Мирзо Файзалӣ буда, онро ҳаваскорони ноҳияи Сино – Кароматулло Юсупов ва Умедмардон Зарифов дар сатҳи олӣ иҷро намуданд. Ҳаҷвияи мазкур ҳамаи унсурҳоро фаро мегирифт: либосу чеҳраи музҳик, рақсу рафтор дар саҳна, матни баланди ҳаҷвии дорои ҳам ҳазл ва ҳам танқиди иҷтимоӣ. Ҳаҷвияи “Хостгорӣ”-и ҳунармандони ноҳияи Муъминобод низ ҷолиб буд, махсусан, мазмуни асари саҳнавӣ – тазоди насли ҷавону калонсолон, аҳамияти тарбиявии ҳаҷвия ва тағйири садои ҳунарпешаҳо ба тамошогарон писанд омад.

Чун Фестивал-озмунҳои пештара бахши сюитаи рақсию овозӣ дар охири барномаҳо иҷро шуда, ҷамъбасткунандаи барномаҳои ҳамаи дастаҳои ҳаваскорон буд. Дар ин бахш сюитаҳои шаҳрҳои Панҷакенту Ҳисор, ноҳияҳои Мастчоҳ, Сино ва Файзобод хеле фарогир буда, хуб иҷро шуданд.

Хулоса, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб»-и имсола ҳам мувафаққиятҳо буданд ва ҳам камбудиҳо. Дастаҳои ҳунарӣ, вобаста ба имкону шароит ва таваҷҷуҳу дастгирии роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба санъату фарҳанг то ҳадде ба мақсад ноил шуданд. Аз миёни дастаҳои санъаткорон барномаи ноҳияҳои Сино, Файзобод, Муъминобод, Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент нисбатан хуб буданд.

Мутобиқи низомномаи “Андалеб” имсол барои барандаи “Шоҳҷоиза” 30 000 сомонӣ, барои ҷойи якум – 20 000 сомонӣ, барои ҷойи дувум (ду даста) – 15 000 сомонӣ, барои мақоми севум (ду даста) – 10 000 сомонӣ ва барои дастаҳои дигар, ҷиҳати иштироки фаъолонаашон 6000 сомонӣ ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ ҷудо шуда буд, ки маблағгузори онро Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда гирифта буд. Холҳои ин дастаҳо мутаносибан аз 110 то 112,7 буда, ҳеҷ дастае ба гирифтани “Шоҳҷоиза” мушарраф нашуд. Ҳамин тариқ, ҷойи якумро дастаи санъаткорони ноҳияи Сино (112,7 хол); мақоми дувумро дастаҳои ҳунармандони ноҳияҳои Файзобод ва Муъминобод бо холҳои баробари 112,6; ҷойи севумро дастаҳои шаҳри Панҷакент (110,8 хол) ва Мастчоҳ (110 хол) соҳиб шуданд.

Мо пеш аз ҳама худи санъаткорони шаҳру ноҳияҳои кишварро, ки заҳмат кашида, ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» роҳ ёфта, барномаҳои ҷолибу диданӣ пешкаш намуданд, табрик мегӯем. Ҳамчунин ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили Фестивал-озмуни мазкур ва дар сатҳи баланд гузаронидани он ташаккур баён мекунем.

Дилшод Раҳимӣ,

номзади илмҳои филологӣ,

Мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Раиси ҳакамони “Андалеб-2023”

 

барчасп: