Чеҳраофаринӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ (дар мисоли “Нури Нуробод”)

Нақши нашрияҳои музофотӣ дар пешрафти ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ ва адабиву илмӣ ҳамеша чашмрас боқӣ мемонад. Ин фикри хулосасозро ба сифати муқаддима ба он ваҷҳ иброз медорем, ки ҳанӯз аз оғози солҳои сиюми асри гузашта, ин вазифаву рисолат ба таври мушаххас барои нашрияҳои маҳаллӣ маълум гашта буд. Ҷои пушида нест, ки дар замони шӯравӣ нашрияҳои маҳаллӣ ҳамчун як унсури муҳими таблиғу ташвиқ мақоми баландро соҳиб буданд. Албатта, нашрияҳои миллӣ дар ҳама давру замон аз лиҳози таъинот, иқтидор ва маҳбубият болотар аз соири матбуоти дигари соҳавию маҳаллӣ қарор доштанд. Аммо нашрияҳои музофотӣ имрӯз дар ҷаҳони пешрафтаи ғарбӣ мақоми хеле густурда доранд. Дар Олмону Фаронса ва Британияи Кабиру Амрико барин кишварҳо нашрияҳои музофотӣ аз солҳои шастуми асри гузашта инҷониб дар паи рушду инкишофи бузург қарор гирифтаанд [2, С.45]. Дар Тоҷикистони имрӯзаи мо нашрияҳои музофотӣ сарфи назар аз мушкилоти молиявӣ ва нерӯи эҷодӣ дар баланд гаштани сатҳи фарҳангиву маънавии ҷомеа масъулияти муайянеро ба дӯш доранд. Оммаро то ҳадде мутаваҷҷеҳ месозанд ва дар инъикоси воқеоти маҳаллӣ талош меварзанд.

Таҳқиқу пажӯҳиш нишон медиҳад, ки бозтоби симо дар саҳифаҳои нашрияҳои музофотӣ пурра дар канор намондааст. Бо ин вуҷуд гуфта метавонем, ки жанрҳои симоофар агарчи имрӯз тағйири шаклу сифат намудаанд, аммо майдони матбуоти маҳаллиро тарк накардаанд. Хонанда аз ин шумори ками маводи офаринанда чизе барои худ бардошт менамояд. Мо симои инсонро бо ашколи мухталиф дар матбуоти маҳаллӣ, алалхусус нашрияи “Нури Нуробод”, ба хубӣ дида метавонем.

Мавриди тазаккур аст, ки “Нури Нуробод” собиқ “Ҳақиқати Комсомолобод” нашрияи расмии ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии Ноҳияи Нуробод буда, аз моҳи феврали соли 1948 инҷониб ба нашр мерасад. Дар ибтидои фаъолият нашрияи мазкур дар формати А-3, дар ҳаҷми 4 саҳифа дар як ҳафта то ду – се маротиба чоп мешуд ва аз ин дидгоҳ номи рӯзномаро ба худ касб намуда буд.

«Нури Нуробод» то имрӯз ҳамгаӣ 1130 нусха шумораи нашр дорад ва айни ҳол моҳе як маротиба дар ҳаҷми 8 саҳифа чоп мешавад. Нашрия дар баробари инъикоси мавзӯоти гуногун дар муаррифии зиндагиномаи инсонҳои наҷиби маҳал нақши муҳим дорад. Шиносоӣ бо шумораҳои соли 2014 нишон дод, ки нашрия дар муаррифии чунин инсонҳо бештар аз имконияти жанрҳои публитсистию бадеӣ, очерку лавҳа истифода намудааст.

Истифодаи ин жанрҳо бесабаб нест. Чунончи М.Муродов менависад: “...лавҳа барои нашрияҳои маҳаллӣ (хурд) жанри мувофиқ аст. Зеро имконияти дар ҷои кам ғунҷонидани сухани самимиро дорад” Ба ин маънӣ, матнҳои “Муаллими муаллимон” (2014, 09), “Омӯзгоронро бо некӣ ёд карданд” (2014, 06), “Киштзори Алишер Гурезов” (2014, 06), “Як рӯзи пурфоҷиа”, (2014, 1.09), “То миёнат ғарқ гаштӣ”(2014. 09), “Дастатон дардро набинад” (2014, 14.06), “Пайи ободӣ, заҳматҳо кашидааст” (2014, 06), “Дар пайи ободиҳо” (2014, 08), “Дарси муаллим ар бувад...” (2014, 06) метавон лавҳа ва ё очеркгуна номид.

Нигоштаи якум ба қалами мухбири ҷамоавии “Нури Нуробод”Абдулҳалим Ҳусайнӣ тааллуқ дорад. Нигоштаҳои дуюму сеюм бидуни исми муаллиф таҳти номгузории хабарнигори “Нури Нуробод” ба чоп расидаанд, ки хусусияти редаксионӣ доранд. Намунаи чорум ба қалами Иброҳим Мирзоев, собиқ прокурори ноҳия, намунаи панҷум ба қалами Ш. Назаров, намунаи шашум ба қалами В. Муллозода, мухбири ҷамоавии “Нури Нуробод”, намунаи ҳафтум бошад ба қалами Мавҷуд Саттор, мухбири “Нури Нуробод”, тааллуқ доранд.

Аз нигоҳи анвоъ муҳақкиқон лавҳаро ба портретӣ, проблемавӣ ва лирикӣ ҷудо намудаанд, ки дар нашрияи “Нури Нуробод” ин се навъ мушоҳида мешавад. Аммо, лавҳаи портретӣ, ки “мақсади он аз хислати неки инсонии шахси муайян нақл кардан мебошад” , зиёдтар ба чашм мерасад. Намунаҳои дар боло ишорагашта ба талаботи жанрии лавҳаву очерк ҷавобгӯ нестанд. Ба ибораи дигар, очерку лавҳаҳое, ки дар замони шӯравӣ дар саҳифаҳои матбуот, алалхусус рӯзномаи “Нури Нуробод”, чоп мегардид, аз очерку лавҳаҳои имрӯза ба куллӣ фарқ мекунанд. Ин ҷо мо кӯшиш менамоем, ки баъзе хусусиятҳои онҳоро нишон диҳем.

Матни «Муаллими муаллимон»-ро (2014, 09) аз лиҳози махсусият метавон ба очерк монанд кард. Муаллиф дар бораи зиндагии омӯзгор – Маҳмадюсуф Холиқов нақл менунад, ки чилу ду соли ҳаёти худро дар ҷодаи омӯзгорӣ сарф намудааст. Аз нигоҳи ҳаҷм ин навишта як саҳифаи рӯзномаро фаро гирифтааст. Чун нигоранда то андозае ҷараёни ташаккули ҳаёти як шахсро нишон доданӣ шудааст, онро басифати очерк метавон шинохт. «Ба ҳамаи масъалаҳо даст задан ва бебокона тамоми соҳаро омӯхтан ва тасвир кардану ба вуҷуд овардани таваҷҷӯҳ хосияти аслии очерк дониста мешавад …»”  

Ин ҷиҳатҳо дар ин нигошта ба чашм мерасанд. Муқаддимаи навишта як андоза саҳнамонанд шурӯъ мешавад. Дар ҷумлаи сеюм алакай шарҳи муаллиф оғоз мегардад. Ин раванд хеле тӯлонӣ аст ва то ба охир ин самт нигоҳ дошта мешавад. Муҳаққиқони соҳа «фактшуморӣ»-ро дар очерк инкор намесозанд ва онро муаррифсозандаи асосии нигоштаҳои хосияти публитсистидошта медонанд. Вале таҳқиқи авзоъ ва кашфи симои зоҳириву ботинӣ дар очерк барин жанри публитсистӣ рукни муҳим ҳисоб карда мешавад. Ин махсусиятҳо дар нигоштаи мавриди назар қариб, ки дида намешаванд. Равзанаи шинохти муаллиф ва лаборатрорияи кории ӯ хеле маҳдуд боқӣ мондааст. Тасвирҳое чун «обрӯи мактаби деҳа», «сазовори эҳтиром», «меҳнати пурсамар», «чашми кордон», «марди шариф», «меҳнати садоқатманд» ва амсоли он истифода шаванд ҳам, вале хушк боқӣ мемонанд. Талоши муаллиф ба он оварда расонидааст, ки махсусияти хронологӣ дар нигошта ба таври «дилхарош» боло равад. Муаллиф танҳо ба як чиз муваффақ гаштааст, ки бо услуби нақлии муқаррарӣ

тамоми зиндагии қаҳрамонро фаро гирад. Аммо «манзараи кору тавзеҳи муаллиф» ”, ки онро муҳаққиқон асоси бунёди очерки рӯзномавӣ донистаанд, дар сатҳи ночиз боқӣ мемонад. Ин ҷиҳат як андоза нокофӣ будани сатҳи ҷаҳонбиниву завқи муаллифи навиштаро нишон медиҳад. Ба муаллифи ин «тавсифнома» муяссар нагаштааст, ки қаҳрамони худро дар саҳнаҳои кору зиндагӣ, дар ҷабҳаҳои талош ва корзори пешаву касб дида тавонад. Сарфи назар аз дигар гаштани қолабҳои жанрӣ лавҳа ва очерк барин жанрҳои симосоз бояд «дар бораи қаҳрамон ба таври публитсистиву бадеӣ нақл намоянд» ”. Ин андешаро ба сифати як ҳукм низ мо қабул карда метавонем. Дар акси ҳол тафовут миёни журналист (эҷодкор) ва як нафари маълумотсозандаи бойгониҳо боқӣ намемонад.

Дар саҳифаи рӯзномаи музофотӣ ба табъ расидани ин навъи нигоштаҳо,ки дар онҳо сужаи муайян, офариниши саҳнаву лаҳза ва тасвирҳои хос дида намешаванд, ба гумони мо ба аудиторияи маҳдуди он сахт тавъам аст. Яъне имрӯз дар деҳот хонандаи рӯзнома хеле кам аст ва ин ҳам завқи чандон комили мутолиаву баҳогузориро надорад. Тасаввур намоем, ки агар дар саҳифаҳои рӯзномаҳои марказӣ чунин мавод ба нашр расад, ки дар он танҳо дар бораи тарҷумаи ҳол нақл карда мешавад, онро танҳо ба сифати як тамаллуқ, ё тавсифу рекламаи бесару нӯке қабул хоҳанд кард. Чунин ба назар мерасад, ки рӯзнома аз ноилоҷӣ дар вобастагӣ ба набудани захираи мавод аз чунин нигоштаҳо истифода менамояд. Албатта, дар доираи андешаҳои мо дар бобати шахсияти қаҳрамон, ки ӯ як умри худро сарфи пешаи омӯзгорӣ кардааст, ихтилофе вуҷуд надорад. Ин гуна ашхос бешубҳа сазовори таблиғу ташвиқ мебошанд. Имрӯз дар маҳаллу деҳот ва умуман ҷомеа ягона қишре, ки моҳияти фарҳангу илму маънавиётро ба омма ҳамчун паём баррасӣ карда метавонанд, бешак омӯзгоронанд. Маҳз онҳо имрӯз бо як маоши каму ночиз кафили заминагузории маънавиёту фарҳанги ҷомеа мебошанд. Агар дар байни силсилаи фактҳои ҳаёти қаҳрамон, ки як саҳифаро фаро гирфтааст, маҳорат ва завқи эҷодии муаллиф ба назар мерасид, онро бешак як роҳи инкишофи жанри очерку лавҳа дар саҳифаҳои рӯзномаҳои музофотӣ номида метавонистем. Ҳамзамон дар олудагӣ бо бадеияту тасвирҳои ҷолиб ин нигошта ҳамчун як намунаи насри мустанад, умри бақодореро соҳиб мегашт. Зеро «…насри мустанад, аз бахшҳои муҳими фарҳангу адабиёти тоҷик» ”барои имрӯзу фардо ба ҳисоб меравад.

Матни “Омӯзгоронро бо некӣ ёд карданд”- ро аз нигоҳи қолабу самт метавонлавҳа номид. Сарлавҳаи ин матн бештар оҳанги хабарро ба худ гирифтааст ва ин ҷиҳат як навъ номутобиқатии матнро нисбат ба сарлавҳа низ ба миён овардааст. Зеро муҳтавои навишта аз лиҳози самту хусусият таърих, тавсиф   ва ёдноммаро фаро гирифтааст. Ёдномае, ки дар асоси он офариниши симоиомӯзгорои собиқадор - Қосимов ба вуҷуд омадааст. Хосияти муҳими жанри лавҳа он аст, ки «дар бораи одамони пешқадаму болаёқат навишта мешавад». Лавҳаи мазкур низ дар бораи муаллими собиқадоре нақл мекунад, ки як замоне дар ноҳияи Нуробод ба касби омӯзгорӣ машғул будааст. Бояд гуфт, ки ин лавҳа қолабиву такрор нест. Яъне муаллиф ба таври муқаррарӣ қаҳрамонро аз як гӯшаи маълуми ноҳия интихоб накардааст. Муаллим Қосимов феълан дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ дорад ва давлати пирӣ меронад. Хусусияти муҳимми нигошта ва нисбатан хонданибоб буданаш он аст, ки аз ҳаёти қаҳрамон лаҳзаҳо оварда мешавад.

Шогирдон ба шуъбаи маориф (дар замони шӯравӣ) аз болои устоди худ аризаи шикоятӣ менависанд, ки Қосимов онҳор бисёр «ҷабр мекунад» ва «таҳқир менамояд». Аҷаб коре ҳам мешавад. Аз райком намоянда меояду муаллимро аз кор пеш менамоянд. Шогирдон дарси бесаводонаи омӯзгори дигарро дида, аз нав ариза менависанд, ки муаллимашон - Қосимовро баргардонанд. Ҷиҳати тарбиявӣ ва хоси ин лавҳа он аст, ки симоҳо дар гирдоби таҳаввулоти давру замони муайян қиёс карда мешаванд. Муаллиме, ки талаботи ҷиддӣ ба таҳсилу омӯзишро ба роҳ мемонд, гирифтори мушкилоту монеаҳои сохта мегашт. Қосимов аз зумраи он ашхос буд, ки бо ҳазорон умед аз Хуҷанд ба як ноҳияи дурдасти кӯҳистони ҷануби кишвар ба кор омада буд. ӯро хиҷолатмнад намуданд. Ба муҷозот гирифтор карданд. Аммо он садоқат ва тарбияи босамараш буд, ки шогирдон иштибоҳашонро дарк намуданд. Маҳз натиҷаи тарбияи судманд буд, ки шогирде чун намоянда баъди даҳсолаҳо ёди устод менамояд ва ба деҳаи Унҷии қисмати шимоли кишвар баъди даҳсолаҳо ба аёдати ӯ меравад, ба ӯ ҷома мепӯшонад ва аз гуноҳи кардаашон аз номи тамоми ҳамсинфон бори дигар узр мепурсад.

Дар лавҳаи мазкур силсилаи саҳнаҳо дида намешаванд. Муаллиф ба сифати ноқили асосӣ амал менамояд ва чанд саҳна бо усули нақлӣ сохта мешаванд. Ин услуб боиси хонданибоб гаштани лавҳа низ ҳаст ва онро як навъ сохти нави лавҳа дар матбуоти маҳаллӣ низ метавон номид. Зеро дар як ноҳияи начандон бузурги кӯҳистон хоҳу нохоҳ фарзандони шоиставу пешқадамро мешиносанд. Дар қисматҳои таҳлилии лавҳаи мазкур ишораҳои ошкори муаллиф ба назар мерасанд, ки ба маротиб баланд будани сатҳи маорифу тарбияро дар замонҳои гузашта таъкид менамоянд. Ҳарчанд аз низоми кори муаллими имрӯза чизе гуфта намешавад, вале хонанда ба хулосаи амиқ меояд, ки ин гуна омузгорон дар ҷомеаи мо хеле ангуштшуморанд. Як андоза ҷиҳати начандон муҳим дар лавҳаи мазкур он аст, ки дар он шумори номи шахсиятҳо зиёд ба роҳ гузошта шудаанд. Тавре ки дар сарлавҳаи ин нигошта низ дидем, номутобиқатии матн, қисматҳо ва таҳлилҳо ба назар мерасанд.

Аммо ба ҳар сурат гумон менамоем, ки он ба завқи хонандаи як музофот мутобиқ гардонида шудааст. Муҳимтарин ҷузъ дар ин лавҳа он аст, ки симои шахсияти фидокори ҷомеа матраҳ гаштааст ва он лавҳаи портретӣ мебошад.

 Зеро дар он «…мақсади ягона шиносондани шахсе аст, ки сазовори эҳтиром мебошад» «Киштзори Алишер Гурезов» (2014, 06) нисбат ба лавҳаҳои «ғарқи фактшуда» хонданитар аст. Дар ин лавҳа якбора чанд штрих (лаҳза) ба назар мерасад. Нахуст он ки қаҳрамони ин лавҳа деҳқоне аст, ки пешаи асосии ӯ духтури бемориҳои асаб мебошад. Баъдан, пас аз муқаддима дар қолаби як зерсарлавҳаи маҳдуд бо ифодаи образнок ва заминаи тасвир чунин андеша оғоз мешавад: «Чун аз мавзеи Гирдоб гузашта, роҳро ба сӯи шаҳраки Дарбанд идома медиҳед, беихтиёр чашматон ба қитъаи замини сабзу хуррам меафтад ва аз мавҷи гандумзору алвонҷхӯрии навниҳолони сарсабз ба дилатон фараҳ пайдо мешавад». Савум муаллиф дар баробари талоши тасвирҳо акси ҷолиби боғу қитъаи навбунёдро низ истифода кардааст. Як андоза боиси қаноатмандӣ аст, ки дар рӯзномаҳои маҳаллӣ то ҳол анъанаи хоси лавҳанависии анъанавӣ боқӣ мондааст. Дар ҳақиқат «як дид ва як мушоҳидаи муаллиф…» боис гаштааст, ки лавҳаи мазкур бунёд шавад. Ин мушоҳидаи муаллиф моҳиятан ҳикматбахш аст: «Алишер Гурезов монанди фавҷ-фавҷ ашхоси дигар ҳар рӯз аз шафати ин замини бекорхобида гузашта ба кор мерафт» (2014, 09). Тавре ки таъкид гашт, қаҳрамони лавҳа на боғбону деҳқон, балк табибест, ки ӯро бо ин кору пешааш бештар мешиносанд. Акнун боғи навҷавону навбунёди Алишер Гурезов ба ӯ дар миёни мардум сифати муаррификунандаи дигарро бахшидааст, ки он ибораи «боғи Алишер» (2014, 09) мебошад. ӯ як нафар меҳнатдӯсту меҳнатқаринест, ки як замини сангзорро ба қитъаи сабзу хурраме табдил додааст. Дар тасвири симои қаҳрамони худ муаллиф дар саҳнаҳои кор ифодаву ибораҳои «дар ҷуяки картошка бошавқ каланд мезад», «регзори сабзшуда», «замини сангзор», «савоби бунёдибоғ», «маҷрои дарёи азим», (2014, 09) ва амсоли онро истифода бурдааст, ки бо бунёди содаву фаҳми худ ба завқи хонандаи кӯҳистон мувофиқ аст.

Муаллиф қаҳрамони худро тавсифи баланд намесозад, балки ин тавсифот аз доираи тасвирҳои ҷолиби ӯ ба таври номаълум ба миён меояд. Интихоби қаҳрамон низ аз ҷониби муаллиф хеле дуруст иттифоқ афтодааст. Яъне як нафар табибе, ки пайваста дар хидмати мардум қарор дорад, имкону вақт пайдо кардааст, ки боз ба як кори пурсавоби дигар даст занад. Нигоранда дар қисмати хулоса қайд менамояд, ки дар соҳилҳои дарёи Сурхобу Хингоб ин гуна заминҳои бекорхобида зиёданд, вале иштиёқмандони обод кардани онҳо каманд. Бо назардошти таъиноти иҷтимоии муаллиф хулосаи ӯ бо чунин саволи таъсирбахши оҳанги даъватӣ дошта ба анҷом мерасад: «Кӯ чунин фидокороне, ки онҳоро шодобу хуррам гардонад» (2014, 06). Барои «Нури Нурообод» ҳарчанд имкони муоливу эҷодӣ нисбатан камтар бошад ҳам, вале дар ҳолатҳои алоҳида рӯзнома дар мутобиқат ба завқу табъи аудитория маводи гуногунро низ ба нашр мерасонад. Дар як назари иҷмолӣ барои мо муяссар гашт, то маълум намоем, ки рӯзномаи мазкур дар истифодаи жанри лавҳа нисбатан комёб аст.

 Ҳарчанд дар нашрия очергунаҳо ба назар расанд ҳам онҳо бештар хусусияти хронологиву маълумотномаро касб кардаанд. Аз нигоштаҳо маълум мешавад, ки дар обурангии саҳифаҳо нақши мухбирони ҷамоатӣ бештар аст. Маҳз мухбирони ҷамоатӣ муаллифони бештари лавҳаҳои саҳифаҳои рӯзномаҳо ба ҳисоб мераванд. Умуман бояд зикр кард, ки лавҳаю очерк ҳамчун жанрҳои симоофаранда саҳифаҳои рӯзномаҳои музофотиро тарк накардаанд. Ин гувоҳи он аст, ки рӯзномаҳои музофотӣ ба бюлетен-варақаи таъинотӣ табдил намеёбанд. Пас сарфи назар аз маҳдудияти имконот ва сарфи назар аз баъзе гумону тахминҳо имрӯзҳо рӯзномаи музофотӣ низ корманди эҷодӣ ва хонандаи худро соҳиб мебошад.

АДАБИЁТ

1. Муродов, М. Асосҳои эҷоди журналистӣ: Китоби дарсӣ / М.Б. Муродов.-

Душанбе: Ирфон, 2014.- 256 с.

2. Нуралиев ,А. Таърихи журналистикаи хориҷӣ.- Душанбе, 2001.-

3. Саъдуллоев, А. Хосияти адабиёт: Бунёди пайванди каломи бадеъ / А.

Саъдуллоев.-Душанбе:Адиб, 2000 .- 256 с.

4. Усмонов, И.К. Жанрҳои публитсистика: воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни

ихтисосҳои журналистика / И.К. Усмонов .-Душанбе, 2009.- 139 с.

5. Нури Нуробод – 2014.

Муаллиф: К. Исоев

Баргирифта аз “Паёмномаи фарҳанг” соли 2015, №1 (29)

барчасп: