СОЛИ НАВАТОН ФАРХУНДА БОД! Табрикоти солинавии директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Абдулфаттоҳ Ҳакимович

Ҳамкорони арҷманд!

Дар соли 2023  рӯйдодҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакатамон ба амал омаданд, ки муҳимтаринашон 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 Дар интиҳои соли сипаришаванда мо боз шоҳиди як қатор рӯйдодҳои муҳими дорои аҳамияти байналмилалӣ гардидем. Аз ҷумла, 3 намунаи мероси фарҳанги ғайримоддии мардуми тоҷик ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном гардид, ки ин яке аз дастовардҳои шоёни кормандони пажӯҳишгоҳ низ маҳсуб меёбад. Боиси зикр аст, ки дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 4-9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардид, баррасии номинатсияҳои кишварҳои гуногун сурат гирифт. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа парвандаи 3 унсури фарҳанги ғайримоддӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шуда буданд. Инҳо “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”, ки ҳамчуни номинатсияи мустақили миллӣ танҳо аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гашта буд; номинатсияҳои Ҷашни Сада” (муштарак бо ҶИ Эрон) ва “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ (муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон)  мебошанд, ки боиси  ифтихори мо, тоҷикон гардиданд.

 Рӯйдодҳои мазкур, албатта, собитгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ ва дорои таърихи қадимию пурѓановат аз тарафи дигар кишвару мардуми олам шинохтаю эътироф шудааст. Муаррифии унсурҳои фарҳангии мо дар  арсаи байналмилалӣ аз таърихи куҳан ва тамаддуни волои ин миллати куҳанбунёд дарак медиҳад. Арҷ гузоштан ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, зинда гардондани таърихи куҳан ва монанди ин аз фазилатҳои умда ва фарҳангпарвари мардуми тоҷик мебошад.

Дар соли 2023 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолияти хешро дар самти ташкили гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба омӯзиши намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддас, муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мактабҳои мусиқӣ ва санъат, ҳамчунин вазъи иттилоот дар замони соҳибистиқлолӣ ва ғайра ба роҳ монда, дар тадқиқотҳои анҷомдода пеш аз ҳама моҳияти Паёмҳои Сарвари давлат ва дастовардҳои замони истиқлолро мавриди пажӯҳиш қарор додааст.

Кормандони пажӯҳишгоҳ ба муносибати рӯйдодҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ як қатор чорабиниҳоро, аз қабили “Артиши миллӣ – сипари Ватан”, “Масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар матбуоти даврии тоҷик”, “Проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол”, “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ”, “Рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол”, “Конститутсия – санади тақдирсози миллат”, “Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои фарҳангӣ”, “Парчами миллӣ – рамзи ҳувиятсози тоҷикон”  баргузор намудаанд. Илова бар ин, тавассути телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо суҳбату мусоҳибаҳо анҷом шудааст, ки мавзуъҳо фарогири эҳёи фарҳанги миллӣ ва рушду инкишоф бахшидани он мебошад. Ҳамчунин мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба хотири тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, вусъат бахшидани мубориза бо зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм, муқовимат бо корупсия ҷаласаву корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, чанде аз кормандони пажӯҳишгоҳ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО баромадҳо кардаанд.

Дар ин давра ходимони илмии ПИТФИ зиёда аз 275 кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расониданд, ки аз онҳо 13 китобу маҷалла, 91 мақолаи илмӣ, 116 мақолаи илмию оммавӣ, 55 нашри электронӣ мебошанд.

Дар соли 2023 ҳамкории Пажӯҳишгоҳ бо як қатор муассисаҳои илмиву таълимии ватанӣ ва хориҷӣ густариш ёфт. Дар ин давра ҳамкориҳои илмии ПИТФИ дар самти ташкилу баргузории конференсияву семинарҳо, мубодилаи афкор, таҷрибаомӯзӣ, тайёрнамоии кадрҳо, таҳияю пешниҳоди номинатсияҳо, таблиѓи фарҳанги миллӣ, нашри маҷмӯаҳои илмӣ, китобу рисолаҳо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, нашриётҳо, дигар муассисаҳои зертобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигар мунтазам идома ёфт.

Ҳамзамон аз тарафи роҳбарияти ПИТФИ ходимони илмие, ки дар соли 2023 фаъолияти назаррас нишон доданд, бо ифтихорномаю мукофотҳои соҳавӣ пешбарию қадрдонӣ гардиданд. Умед дорем, ки ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар соли 2024 низ ҷиҳати иҷрои иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, рушди фарҳанг, таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси ватандорӣ фаъолияти илмию таҳқиқотии хешро тақвият мебахшанд.

Дар маҷмуъ, соли 2023 соли сермаҳсул, пур аз барору комёбӣ ва амалишавии орзуҳои нек буд. Бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, кормандони соҳаи фарҳангу илм ва дар умум мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли наватон муборак, ҳамватанони азиз! 

 

барчасп: