Модари ман аз табори бениёзӣ буд (ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ МЕҲРУБОНИИ ПЕШВОИ МУҲТАРАМИ МИЛЛАТ БА МОДАРОНИ АЗИЗ)

Модари ман аз табори бениёзӣ буд,

Пову дасту чашму рӯи ӯ намозӣ буд.

Гирдбоди зиндагиро сахт бо дасташ фишурда,

Зиндагияш, бемуҳобо, худгудозӣ буд.

Лӯлаҳои печ-печи абрҳо дар осмонҳо

Ҳаст ёдовар маро аз докаи пурпечи модар.

Роҳи умраш печ дар печ

он қадар печида буд дар ҳеч

Рамзи ин печидагиҳо буд гӯё

докаи пурпечи модар.

Аз нигоҳи беғамон худро панаҳ мекард,

Аз нигоҳи нокасон худро панаҳ мекард,

Аз ҳавасҳои хасон худро панаҳ мекард.

Дардҳоро пушти по мезад,

Балки ғамҳои дарунашро

Андаруни печҳои дока мепечид.

Даври рӯи пурғурурашро

Ҳамчуноне ҳолаи маҳ

Печҳои дока мепечид.

Як даме дар худ наосуд

Балки худро ӯ адо кард

Дар ғами тифлони маъсумаш

Зиндагияшро фидо кард.

Дошт нуҳ фарзанд модар

Ҳар яке бо ҷони ширинаш баробар.

«Қаҳрамонмодар» набуд ӯ,

Лек ҳар дам қаҳрамонӣ менамуд

Баҳри тифлони ятими худ.

Бепадар мондему аммо модари мо

Аз барои мо падар буд,

Пайкаре буд аз ғуруру нанг моломол.

Бар Худои худ таҳаммул дошт

В-аз Худои худ таҷаммул дошт...

Модари ман аз табори бениёзӣ буд,

Пову дасту чашму рӯи ӯ намозӣ буд...

Сахт мебаст ӯ миёни худ чу мардон,

Барфҳои рӯи боми хонаро меруфт

Субҳгоҳи чиллаи фасли зимистон.

Бо садои барфрӯбиҳои модар

Меҷаҳидам ман зи бистар,

Аз паси тиреза рӯи боми хона

Хира-хира модари муштипарам метофт.

Дар бухорӣ ҳезумаш қарсасзанон месӯхт,

Кӯдакиҳои маро месӯхт,

Кӯдакиҳои маро месӯхт...

Модари ман аз табори бениёзӣ буд,

Пову дасту чашму рӯи ӯ намозӣ буд...

                                        Саъдӣ Мирзо

барчасп: