НАВРӮЗ – ПАЙВАНДГАРИ АСЛҲО ВА НАСЛҲО

Таҳти чунин унвон рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо суханони ифтитоҳии директори Пажӯҳишгоҳ н.и.ф. Аминов Абдуфаттоҳ оғоз гардид. Мавсуф зимни суханронӣ оид ба таъриху фарҳанг ва аҳамияти ин ҷашн дар ҳаёти мардуми тоҷик фикру андешаҳояшро иброз намуд.

Пасон доктори илмҳои филологӣ Қосимӣ Саъдӣ дар мавзуи "Нигоҳи дигар ба ҷашни Наврӯз ва ойинҳои он" маърӯзаи пурмуҳтавоеро ироа кард. Қосимӣ Саъдӣ сари ойинҳои наврӯзӣ бештар андешаронӣ карда, далоили ҷолиберо ба самъи ҳозирин расонданд.

"Нақши Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз" чунин унвон дошт маърӯзаи дигар, ки аз ҷониби ходими калони илмии шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр н.и.ф. Охунзода Насруддин пешкаши ҳозирин гардид. Мавсуф нақши Пешвои миллатро дар ҷаҳонишавии Наврӯз хеле хуб ифода карда аз суханрониву осори эшон мисолҳо овард.

Баъдан ходими пешбари илмии Маркази меросии фарҳангии тоҷикон д.и.ф. Одинаев Нурмаҳмад доир ба таносуби рӯйдодҳои иҷтимоӣ дар "Наврӯзнома"-и Нақибхон Туғрал маърӯзаи шавқовареро  муфассал ироа намуд.

Дар бахши музокирот ва мубодилаи афкор дигар ходимони Пажӯҳишгоҳ фаъолона фикру андешаҳояшро иброз доштанд. Конференсия дар сатҳи олӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи воситаҳои

ахбори омма ва табъу нашри ПИТФИ

Юсуфов Ифтихор

барчасп: