Назари устод Садриддин Айнӣ ба нақлу ривоятҳои оид ба Абўалӣ ибни Сино

Абўалӣ ибни Сино, ки дар Машриқзамин ҳамчун «Шайхурраис», дар ма­молики Араб бо номи «Амирултабъ» ва дар кишварҳои Аврупо бо унвони «Авитсенна» низ ёд мешавад, аз зумраи дурахшонтарин ситораҳои фазои та­маддуни умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ў на фақат ба ҳайси маъруфтарин донишманд, файласуфи нозукбин ва мумтозтарин ҳакиму табиб, балки ҳамчун равоншинос, риёзидон, беҳтарин омўзгори мантиқ, ситорашинос ва ниҳоят шоир ва мусиқидон шинохта шуда аст.
    Дар фолклори тоҷик нақлу ривоятҳои зиёде оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолият ва шахсияту характери Абўалӣ ибни Сино мавҷуданд, ки гирдоварӣ ва таҳқиқи онҳо барои мушаххас кардани чеҳраи воқеии Ибни Сино маъхази хубе ба шумор мераванд.

Мазмуни нақлу ривоятҳое, ки дар бораи Абўали ибни Сино иттиллоъ медиҳанд, кайҳо боз диққати аҳли илму адаб ва ҳаводорони осори адабиёти шифоҳиро ба худ ҷалб кардаанд. Ба омўзиши мазмуну муҳтавои ривоятҳои марбут ба Сино адибону олимони тоҷик таваҷҷуҳи зиёде зоҳир кардаанд. Аз он ҷумла, устод Садриддин Айнӣ дар рисолаи «Шайхурраис Абўалӣ Сино» роҷеъ ба ривоёти мардумии бахшида ба ин донишманди бузург андешаву му­носибати хешро баён кардааст. Мо дар ин мақолаи худ мехоҳем бубинем, ки фикру мулоҳизаҳои С. Айнӣ дар хусуси нақлу ривоятҳои оид ба Ибни Сино чи гунаанд ва онҳо дар инкишофи минбаъдаи соҳаи омўзиш ва ҷамъоварии ин қабил асарҳои фолклорӣ чи аҳамияте доранд.

Устод Садриддин Айнӣ на танҳо яке аз аввалинҳо шуда ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии Ибни Синоро таҳқиқ намудааст, балки дар бобати омўхтан ва муайян кардани хусусиятҳои нақлу ривоятҳои халқӣ, ки бо номи Абўалӣ ибни Сино вобастаанд, низ яке аз муҳаққиқони аввалини тоҷик ба шумор меравад. С. Айнӣ дар бораи нақлу ривоятҳои Ибни Сино асари алоҳида ва ё мақолаи махсуси илмӣ нанавиштааст, вале ў дар бораи ин ривоятҳо дар китоби худ «Шайхурраис Абўалӣ Сино» (соли 1941), ки ба таҳқиқи ҷараёни зиндагӣ ва мероси илмию адабии ин донишманди забардаст бахшида шудааст, танҳо баъзе андешаҳои худро зикр намудааст. Ҳарчанд ки ин фикру мулоҳизаҳои ў хеле кўтоҳу мухтасаранд, аммо моҳияти қавии илмӣ доранд.
Аввалин мулоҳизае, ки устод С. Айнӣ дар ин китоб зикр кардааст, дар бораи сабабҳои ба вуҷуд омадани ривоятҳои оид ба Ибни Сино ва дар байни халқ ба таври васеъ паҳн гардидани онҳо мебошад. Устод Айнӣ доир ба ин масъала чунин менависад: «Шояд аз ҷиҳати аз одат берун олими бузург буданаш ва ба муносибати пешааш-табобат ба халқ наздик буданаш бошад, дар бораи Абўалӣ ибни Сино дар миёни омма афсонаҳои бисёре паҳн шудааст».

Чунон ки дида мешавад, С. Айнӣ сабаби ба вуҷуд омадан ва дар байни мар­дум васеъ паҳн гардидани нақлу ривоятҳои марбут ба Ибни Синоро вобаста ба донишу таҷрибаи пизишкии ў медонад. Ба ҳақиқат наздик будани ин ақидаро нақлу ривоятҳои сершуморе, ки дар тўли солҳои зиёд аз замони зиндагии худи ў сар карда, то ба имрўз, бо ташаббус ва саъю кўшиши шахсони алоҳида, адибон, муаррихон ва фолклоршиносон ҷамъоварӣ шуда, қисман ба воситаи маҷмўаю тазкираҳо ва асарҳои илмию адабӣ нашр гардидаанд, комилан ба тасдиқ мерасонанд.

Инчунин устод Айнӣ дар ин китоб чор ривояти халқиро ба тариқи намуна чоп намудааст, ки ин кор ҳам дорои аҳамияти махсус буда, аз кўшиши дар роҳи гирдоварӣ ва нашри ин гуна нақлу ривоятҳо зоҳир кардаи ў шаҳодат медиҳад. Маълум мешавад, ки Айнӣ намунаҳои асарҳои фолклориро на фақат дар асарҳои бадеӣ барои тасвири образу ифодаи маъниҳо истифода бурдааст, балки дар таълифоти илмӣ низ барои собит кардани мақсаду матлаби худ баъзе матнҳои фолклориро моҳирона ба кор бурдааст.

Устод Айнӣ дар мавриди чунин матнҳои фолклорӣ, асосан, истилоҳи «афсона»-ро ба кор бурдааст, на ривоят ва на нақлу ҳикоятро. Яъне аз назари ў чунин ҳикояҳои халқӣ бофтаи омиёна мебошанд ва онҳоро набояд бо воқеаҳои таърихӣ омехта кард.

Инчунин ишораи дигари устод Айнӣ ба мазмуну мундариҷаи ривоятҳои оид ба Ибни Сино дахл дорад. Аммо С. Айнӣ пеш аз баёни мулоҳизаи худ доир ба   ин мавзўъ чаҳор ривояти халқиро, ки дар онҳо фазилатҳои ҳайратангези Ибни Сино бозтоб гардидаанд, мухтасаран ёдовар мешавад. Барои он, ки дар бораи ин ривоятҳо тасаввуроте ҳосил гардад, муҳтавои мухтасари онҳоро дар поён аз забони устод Айнӣ нақл менамоем:

1. «Гўё ў (Ибни Сино Д.О.) дар Бухоро истода, аз садои кўбаи кудунгарони Самарқанд, бинобар халал расонидани он ба корҳои илмиаш, шикоят мекардааст». Яъне гўё қувваи шунавоии ў ба ҳамон дараҷа тез будааст, ки аз масофаи 250 километр роҳ садои кўбаи кудунгариро ба дараҷае, ки ба корҳои илмиаш халал расонад, баланд мешунидааст».

2. «Гўё, рўзе подшоҳ дар зери курсие, ки дар ҳузури ў одатан Абўалӣ бар он курсӣ менишастааст, як тахта қоғазро аз таҳти қолин паҳн кунонида монда­аст. Вақте ки Абўалӣ ба ҳузури подшоҳ омада, бар он курсӣ нишастааст, баъд аз бо тааҷҷуб ба сақфу замини хона назар андохтан ба подшоҳ нигоҳ карда гуфтааст:

-Имрўз ё шифти хона қадре паст шудааст ва ё ин ки заминаш қадре тангтар менамояд».

3. «Гўё дар вақти тифли навзод будани Абўалӣ Сино модараш ўро ба лаган андохта, шустушў кардааст. Дар вақти шустушў ангуштарини пурбаҳои модар ба даруни лаган афтода, бо рехтани оби вай он ангуштарин ба обрез рафтааст. Модар, ки аз ин ҳол бехабар будааст, баъд аз хабардор шуданаш аз гум шудани ангуштарини худ канизаки худро ба дуздӣ туҳмат карда, ўро зарбу лат кардааст. Албатта, ангуштарин аз канизак ёфт нашудааст.

Абўалӣ калонтар шуда, ҳамин ки ба забон омадааст, модари худро таъна карда гуфтааст:

-Ту дар вақти гум кардани ангуштарин беҳуда аз канизак бадгумон шуда будӣ ва ҳол он ки ангуштаринат бо оби лаган ба обрез рафта буд. Ҳамон вақт ман ин ҳолро фаҳмида будам, афсўс, ки забон надоштам, то ки ба ту фаҳмонам. Ту канизаки бечораро беҷо азоб додӣ.

Ҳамин ки обрезро кофта диданд, ангуштарин аз он ҷо ёфт шуда аст ва сухани Абўалии навзабон рост баромадааст».

4. Аҳолии деҳаи Лағлаққа, ки яке аз деҳаҳои Рометан (Ҳурметан) аст, пеш­тар ба содагӣ машҳур буданд. Ба муносибати аз ҳамон деҳа будани Абўалӣ Сино, дар ҳаққи аҳолии он деҳа афсонае машҳур шуда буд. Назар ба он афсона дар вақти тақсим кардани ақл гўё, Худо аз даҳ нўҳ қисми он ақлеро, ки ба саҳми лағлаққаччиён мерасидааст, ба Абўалӣ дода, боқимонда як қисмро ба ҳама аҳолии он ҷо тақсим кардааст, бинобар ин аҳолии он ҷо камақлу сода шуда монда буда­анд».

Ин чаҳор ривояти халқӣ, ки бо ҳиммату ибтикори устод С. Айнӣ аз сокинони шаҳри Бухоро сабт шуда, ҳамчун намунаи фолклорӣ ба хонандагон пешниҳод гардидаанд, дар Ганҷинаи шуъбаи фолклори тоҷики Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ вариантҳои гуногун доранд, ки дар ин мақола ҳангоми таҳлилу баррасии муҳтавои нақлу ривоятҳои оид ба Ибни Сино эҷодшуда аз онҳо истифода шудаанд. Яке аз вариантҳои онро Восифӣ низ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дарҷ кардааст.

 Чунонки дида мешавад, С. Айнӣ сабаби ба вуҷуд омадан ва дар байни мардум васеъ паҳн гардидани нақлу ривоятҳои оид ба Ибни Синоро аз донишманди беназир ва ҳамчун табиб ба дили халқ роҳ ёфтани худи ў медонад, ки ба ҳақиқат наздик будани ин ақидаро нақлу ривоятҳои сершуморе, ки дар тўли солҳои зиёд аз замони зиндагии худи ў сар карда то ба имрўз, бо ташаббус ва саъю кўшиши шахсони алоҳида, адибон, муаррихон ва фолклоршиносон ҷамъоварӣ шуда, қисман ба воситаи маҷмўаю тазкираҳо ва асарҳои илмию адабӣ чи дар ватани худи Ибни Сино ва чи дар кишварҳои хориҷа манзури хонандагон гардидаанд, комилан ба тасдиқ мерасонанд.

Дар воқеъ Абўалӣ ибни Сино аз зумраи он мардони бузурги таърихиест, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиаш дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистад. Эҷодиёти доманадори ин мутафаккири забардаст ҳанўз дар овони барҳаёт буданаш донишмандони маъруфи Шарқро дар ҳайрат оварда буд. Асарҳои илмии Ибни Сино баъдтар тамоми мамлакатҳои Ғарбро тасхир кард ва то асри XVIII «Ал-қонун-фи-тибб»-и ў китоби асосии соҳаи тиб ба шумор мерафт. Ба замми ин ҳама истеъдоду қобилият ва ақлу заковати фавқуллода, Ибни Сино бо раиятпарварӣ ва адолатпешагӣ ном ба­роварда буд.

Маълум аст, ки дар бораи шахсони бузурги таърихӣ - шоиру нависандагон, олимон, қаҳрамонон, сарварони давлат, лашкаркашон ва амсоли инҳо қиссаю ҳикоятҳо гуфтан ва дар ин гуна асарҳо сифатҳои неки чунин шахсонро васф намудан аз одатҳои дерин ва аз фазилатҳои хубу дилписанди халқи оддӣ мебо­шад. Халқ дар бораи олими олимон ва яке аз нобиғаҳои тамаддуни башарият Абўалӣ ибни Сино ҳам нақлу ривоятҳои зиёде дорад, ки онҳо ҳамчун меҳрномаи дили халқ асрҳои аср аз даҳон ба даҳон ва аз насл ба насл гузашта то ба рўзҳои мо маҳфуз мондаанд. Ин гуна нақлу ривоятҳо на фақат дар фолклори халқҳои Осиёи миёна мавқеи намоёнро ишғол менамоянд, балки дар байни мардуми кишварҳои дигари Шарқ - Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва ғайра низ басе маъмул ва машҳур буда, кайҳо боз диққати олимон ва муҳаққиқонро ба худ ҷалб карда меоянд.

Ҳамин тариқ, устод Айнӣ ҳангоми навиштани рисолаи худ маводи зиёдеро хеле ҷиддӣ ва бодиққат аз назар гузаронидааст ва маҳз дар натиҷаи ин ў имкон пайдо кардааст, ки дар масъалаи фаровонии миқдори ривоятҳои дар бораи Ибни Сино гуфташуда ба чунин хулоса ояд. Андешаҳои С. Айнӣ дар бораи заминаҳои асосии ба вуҷуд омадани ривоятҳои марбут ба Ибни Сино ва дар байни мардум васеъ интишор ёфтани онҳо комилан дуруст мебошанд.

Адабиёт:

  • 1.Айнӣ, С. Шайхурраис Абўалӣ Сино. – Сталинобод – Ленинград, 1941. – С. 55-58.
  • 2.Асрорӣ, В., Амонов Р., Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. – Душанбе: Мао­риф, 1980.

Муаллиф: Маҳина Ниёзова

Баргирифта аз  маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг» 2015, № 4 (32) 

барчасп: