ария

Ария

АРИЯ (итал. Aria – суруд, оҳанг),1) суруди мукаммали шаклан итмомёфта, порча аз опера, оратория, ки ҳофиз дар ҳамоҳангии оркестр иҷро мекунад. А. одатан барои ифшои эҳтиросоти ботинӣ, хислат ва майлу рағбати қаҳрамони опера кўмак мерасонад ва санъати баланди сарояндагиро тақозо менамояд. Дар мусиқии Европаи Ғарбӣ А. ҳанўз а. 15 маълум буд. Дар Франсия (а. 16) навъҳои гуногуни А. пайдо шуданд. Баъзе композиторони франсавӣ (М. Ламбер, М. Лабар) А. - ро шаклан такмил дода, ба он бандҳои иловагии вариатсиядорро илова намуданд. Марҳилаҳои дигари инкишофи А.