Интишорот

ҲУНАРМАНДЕ, КИ АЗ НАҚШҲОИ ХУРД ОБРАЗҲОИ ХОТИРМОН МЕОФАРАД

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аминамо Табарова аз шумори камтарин пешаваронест, ки ҳунарро, ба қавли коргардони маъруф Константин Станиславский, дар худ дӯст доштааст, на худро дар ҳунар. Ӯ дар тасвири ҳолати руҳӣ ва мушкилоти ҳаёти қаҳрамонҳояш аз обуранги мухталифи бозигарӣ истифода мебарад. То расидан ба ин мартаба, ӯ мисли дигарон, зинаи шогирдиро низ гузаштааст. Таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ин роҳ барояш қадами ҷиддӣ гардид.  

барчасп: 

Натиҷагирӣ аз сафари хидматӣ ба Ховалинг

Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон гурӯҳи кории ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон экспедитсияи мардумшиносиро доир намуда, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, табиӣ, мавзеъҳои муқаддас, замони пайдоиш ва мавҷудияти онҳоро ба қадри имкон таҳқиқ намуданд.

барчасп: 

ЭЙ ҲАМЗАБОНОН, РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК!

Боиси ифтихормандист, ки дар масири таърихи пурмоҷарои миллати тоҷик ва таҳоҷуми фарҳангҳо забони тоҷикӣ асолати худро гум накарда, ҳамчун муаррифгар ва ҳастии миллат боқӣ монд. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҷаҳду талоши равшанфикрону ватанпарварони миллати тоҷик боис гардид, ки забони модарии мо мақоми давлатиро касб кард ва аз он пас забони коргузории расмӣ эълон гардид...

барчасп: 

ЗАБОН - ОИНАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Таҳти чунин унвон рӯзи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур дар қатори кормандони пажӯҳишгоҳ меҳмонони зиёд, аз ҷумла сардори раёсати фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомӣ Хуршед, директори Муассисаи нашриявии “Ирфон” Абдураҳмонзода Абдувалӣ, муовини директори Муассисаи давлатии Агентиии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ва рӯзноманигорон аз ВАО иштирок доштанд.

барчасп: 

Хусусиятҳои эътиқодии испанд дар расму ойинҳои мардумӣ

Яке аз гиёҳҳое, ки дар тибби халқӣ маъмулу машҳур буда, мавқеи хосаро ишғол намудааст испанд мебошад. Он ҳамчун растании тирреша то 20-80 см қад кашида, намудаш гули 5-гулбаргаи зард, сафед, ғӯзаи сертухм тухми қаҳвагӣ ё буртоби ашхабӣ дорад. Ин растанӣ аввал сабзранг мешавад, ҳангоми пухта расидан оҳиста-оҳиста ба ранги зард табдил меёбад...

барчасп: 

Ривоҷи ҳунари гулдӯзӣ дар Файзобод

Гулдӯзӣ аз қадимтарин ва ҷаззобтарин ҳунари бонувон маҳсуб меёбад, ки дар манотиқи гуногуни олам занону духтарон ба он шавқу ҳаваси беандоза доранд. Бонувони мо аз қадимулайём омӯхтани ҳунарҳои занона, ба хусус гулдӯзиро шараф меҳисобиданд ва ҳар як модар кӯшиш мекард, ки ба духтараш ҳунарҳои дӯхтани дарзу чо ва гулдӯзиро ёд диҳад. Мавриди зикр аст, ки барои офаридани гуле дар матоъ заҳмати чанд ҳунарманд сарф мешавад...

барчасп: 

Драматургия ва театр: аз муқовимат то ҳамкорӣ

Драматургия ва театри миллии мо дар ҳоли талош ва ҷустуҷӯи дарёфти за-бони муосири муошират бо мухлисони хеш ҳастанд. Мо шоҳиди кӯшишҳое ҳастем, ки ба рушди ин ду навъи муҳими ҳунарӣ мусоидат менамоянд. Яке аз ин тадбирҳои муваффақ ва самарабахш дар рушди драматургияи миллӣ Оз-муни ҷумҳуриявии драматургон мебошад, ки қариб ҳамасола бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар амалӣ ва тибқи одат ба санаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар бахшида мешаванд...

барчасп: 

Сирк риштаҳои дӯстиро мепайвандад

Аҳли санъату ҳунар, аз ҷумла ҳунармандони сирк дар пайванди робитаҳои фарҳангӣ саҳми арзанда гузошта метавонанд. Як ҳунарманди сирк метавонад бо номераи худ сайри ними ҷаҳон кунад, риштаҳои дӯстиро бипайвандад, фарҳангу ҳунари кишвари хешро ба халқҳои гуногун муаррифӣ намоянд. Агар ба ин муваффақ шуд, ин рисолати муборак ва бахти баланд аст барои ӯ, барои сирки тоҷик ва аҳли санъату ҳунари кишвараш...

барчасп: 

Страницы