Интишорот

Мактаби намунавӣ

«Шашмақом»  барҳақ  яке   садоҳои тамаддунҳои  бузург  аст. Дар  мазмуни  фарҳангии  мусиқии  олам  ба  монанди  он  падидаи  нодиреро  дастрас  намудан  ғайри  имкон  аст. Дар доираи  санъати  шифоҳӣ «Шашмақом»  низ   беназир    ва  аз  лиҳози  маънӣ, сабк  ва  мазмун  бузург  буда  аз  шоҳҳасари  мусиқии  суннатӣ  буданаш  шаҳодат  медиҳад. Баҳри  ҳифзу  рушду  нумӯ  бахшидан  ва  аз  умқи  қарнҳо  интиқол  додан  то  ба  замони мо садҳо  муаррихону,  мусиқишиносон, мутафаккирон  хидматҳои  беназире  намудаанд...   

барчасп: 

АЛОҚАМАНДИИ РИВОЯТҲО БО ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ТАБИӢ

Ривоятҳо аз гунаи осори шифоҳӣ буда, дар рушду густариш ва ҳифзи фарҳанги мардумӣ нақши муассир доранд. Чунки ривоят ҳамчун қиссаи шифоҳӣ ифодагари донишу таҷриба ва тасаввуроти мардум дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳо, мазору дахмаҳо, деҳкадаву зиёратгоҳҳо ва ғайра мебошад. Гарчанде ривоятҳои дар атрофи ин ё он ёдгорӣ ва ё шахсиятҳо эҷодшуда билкул воқеӣ набошанд ҳам, вале онҳо дар рушди фарҳанги маънавии мардум ва зинда нигоҳ доштани номи аксари ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ аҳамияти хосса доранд... 

барчасп: 

Саҳми ПИТФИ дар рушди илми китобдорӣ дар даврони истиқлол

Дар даврони истиқлол Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (минбаъд ПИТФИ) тавассути ташкил ва баргузории экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла библиографияи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Бо ташаббуси олимони ПИТФИ дар заминаи таҳқиқотҳои анҷомдодашуда теъдоди муайяни барномаву китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ, маҷмуаҳои илмӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ омодаву нашр шуданд...

барчасп: 

АҲАМИЯТИ ФАРҲАНГИИ ЗИЁРАТГОҲҲОИ ДЕҲАИ ЁРИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Дар Осиёи Марказӣ аз пайдоиши дини ислом то инҷониб шахсиятҳои зиёде зиндагонӣ кардаанд, ки роҷеъ ба онҳо нақлу ривоятҳо ва қиссаҳо дар адабиёти китобию шифоҳӣ мавҷуданд. Аксари ин шахсиятҳо дар замони худ мадрасаҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд мамлакатҳои Арабро хатм карда, ба зодгоҳашон баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва фаъолият намудаанд...

барчасп: 

Нақши мактабҳои санъат дар рушди фарҳанги миллӣ

Мактабҳои бачагонаи санъат поягузори фарҳанги миллӣ буда, дар рушду такомули он нақши муҳим мебозанд. Санъати касбӣ баҳри густаришу мустаҳкам ва ғанӣ гардидани фарҳангу санъати  аҷдоди мусоидат менамояд. Бо мақсади  омӯзиш ва баррасии барномаҳо, нақшаҳо ва рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои санъати бачагонаи  ҷумҳурӣ қисмати ҳунарҳои занона ва санъати рассомии Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб мавриди пажȳҳиш қарор гирифт...   

барчасп: 

АРЗИШИ ИЛМУ ИЛМОМӮЗӢ АЗ НИГОҲИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

Дини мубини ислом бо иноят ва таваҷҷуҳи хосе, ки ба илм ва илмомӯзӣ дорад, пайравони худро ба он тарғибу ташвиқ менамояд ва пешрафту тараққӣ ва такомулро бар мусалмонон воҷиб гардонидааст, зеро шахс дорои каромат нахоҳад буд, магар пас аз он ки ба фазилати илму дониш ороста шавад...

барчасп: 

Русуми ҳафтрангии кӯрпаи арӯс

Ҷашни арӯсӣ яке аз пурнишоттарин ҷашнҳоест, ки бо фарогири расму оинҳои анъанавӣ ва дар доираи ақидаву боварҳои суннатӣ то имрӯз дар шакли васеъ миёни мардуми тоҷик таҷлил мегардад. Зеро дар ин ҷашн мақсаду маром ва орзуву ниятҳои неки ду авлод, баҳри бунёди оилаи ҷавон роҳандозӣ мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳар як маросим ва ё анъанае, ки дар доираи баргузории ҷашни арӯсӣ созмон дода мешавад, дар  такя   ба  эътиқоду  боварҳои  мардумӣ  ба  амал омадаанд.

барчасп: 

Созмони ҳамкории Шанхай ва Тоҷикистон: ҳамкорӣ ва таъмини амният дар минтақа

Барои фаъолияти густурда дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятии ҷаҳони муосир, ташкилотҳои гуногун таъсис ёфтанд, ки тавассути узвият ба онҳо афзалияту дастгириҳои тарафайн сурат мегирад. Яке аз чунин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҳсуб меёбад...

барчасп: 

Страницы