Activities calendar

18 мая 2018

Устод Муъмин Қаноат даргузашт

Имрӯз, ду рӯз пештар аз зодрӯзаш бузуртарин шоири достонсарои тоҷик, пири шоирони муосири кишвар устод Муъмин Қаноат баъди бемории дурудароз аз олам даргузашт. Устод Қаноат бидуни шак аз базургтарин абармардони шеъри муосири тоҷик аст, ки дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи вай нарасидааст.  Бахусус, достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. 
Муъмин Қаноат
  20 – уми майи  соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи  Дарвоз дар

барчасп: