Activities calendar

25 июня 2018

Дар маркази шаҳри Истаравшан меҳмонхонаи замонавии “Киропол” ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Эргашев Бурҳон буда, лоиҳакашон - Корхонаҳои Воҳиди Давлатии “Меъмор”, “Лоиҳакаш”-и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Уротеппа” мебошад.

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги давлатӣ — 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Сафари навбатии мо ба вилояти Суғд ба ифтихори солгарди яке аз дастовардҳои муҳимтарини мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол - Ваҳдати миллӣ доир мегардад ва мо имрӯз бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти корҳои ободонӣ ба