Activities calendar

03 июля 2019

Намоиши наққошиҳои рассоми маъруф Зокир Собиров дар меҳмонхонаи “Сирена Душанбе”

Дирӯз дар чойхонаи “Машрабия”-и  меҳмонхонаи “Сирена Душанбе” бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, рассомон, меҳмонон аз Сафоратҳо ва созмонҳои хориҷии муқими Душанбе, хабарнигорони васоити ахбори дихиливу берунӣ намоиши наққошиҳои рассоми шинохтаи тоҷик, академик Зокир Собиров ифтитоҳ шуд. Қарор аст ин намошгоҳ то 15-уми августи соли равон боқӣ бимонад ва дари он ба рӯйи ҳамаи алоқамандони фарҳанги волову дӯстдорони асарҳои наққошӣ боз аст.