Activities calendar

10 июля 2019

Сарчашмаи муътамади иттилоотиву таърихӣ доир ба фарҳанги ғайримоддӣ

(Тақриз ба китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» / Мураттиб Д. Раҳимов: Муҳаррир Ш. Комилзода.–Душанбе: Эр-граф, 2017 .–280 с.)

Назар афкандан ба саҳфаҳои таърихи башар барои насли имрўз кофист, ки ба соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёди тоҷик имон биоварад. Ниёгони тамаддунофари мо бо осори бузургпояву гаронмояи хеш дар густариши тамаддуни умумибашарӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Гузашта аз ин, миллати тоҷик дар дарозои таърих санъату ҳунар, расму маросим ва ҷашну анъанаҳоеро ба вуҷуд оварда ба шакл даровардааст, ки фалсафаи зиндагии шоистаро дар худ нуҳуфта медоранд. Мероси гаронбаҳои фарҳангие, ки аз ниёгони хеш ба ёдгор дорем, бидуни шак, боиси ифтихору сарафрозии мо ворисон дар замони муосир аст.

Анҷумани судманд дар шаҳри бостонии Панҷакент

Дар иртибот бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», ҳамчунин «Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир» рўзҳои 6-10-уми июли соли 2019 бо ташаббуси Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар урдугоҳи кўҳнавардии Артуч конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.