Activities calendar

22 апреля 2020

Баъзе суннатҳои ҷашни арўсӣ дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Айнӣ (бахши дуюм)

Маросими никоҳ (пурсон-пурсонак). Ин маросимро бо номи никоҳи мусулмонӣ дар саросари кишвар ном мебаранд. Аз рўи анъана он як навъ маросимест, ки розигии навхонадоронро пурсида, бо хондани хутбаи никоҳи исломӣ онҳоро барои ба зиндагии мустақилона қадам гузоштан раҳнамун месозанд. Ҷараёни никоҳ дар ҳама минтақаи кишварамон қариб, ки якранг мегузарад, аммо тибқи бовару этиқодҳо дар баъзе маҳалҳо тафовутҳои ҷузъӣ дида мешавад.

барчасп: