Activities calendar

27 июля 2020

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат бо 27 муассисаи олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкории илмӣ дорад

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо 27 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Словакия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок идома медиҳад.