Activities calendar

19 октября 2020

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ПОЙТАХТ

Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур намояндагони табақаҳои гуногун, деҳконону кишоварзон, косибону ҳунармандон, санъаткорон ва умуман аҳли фарҳанг аз шаҳру навоии кишвар, махсусан аз ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда,  намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили сабзавот, полезӣ, меваҷот, ғаладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, иқтибосҳо аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни Меҳргон, шеърҳо аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза  ва банерҳо овезон гардида буд. Ҳанӯз аз субҳи барвақт боғи мазкур идгоҳи ҳақиқиро мемонд.

барчасп: