Activities calendar

31 августа 2021

ШИНОХТ ВА ЭЪТИРОФИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар вожаномаи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи «Истиқлолият» ба маънои «мустақилӣ,  соҳибихтиёрӣ;  озодӣ  ва  комилҳуқуқии  кишвар  дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ» тавсиф шудааст. Ба ин манзур «Истиқлолият» моҳияти дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдории миллӣ ва роҳандозии мустақилонаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии мамлакатро ифода мекунад. Дар ин робита бештари масоили марбут ба истиқлолият ва истиқлолиятшиносӣ ифодаи расмии худро дар асару мақолаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардаанд.

барчасп: