Забон ва фарзонафарзандони тоҷик

Ба шарофати иқдом ва ормонҳои неки шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ забони тоҷикӣ дар се давра мавриди таваҷҷуҳи амиқ ва сарпарастӣ қарор дошт. Давраи аввал ба асри Х, давраи дуюм ба ибтидои садаи ХХ ва давраи сеюм ба замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иртибот дорад. Ҳарчанд дар ин марҳалаҳои таърихӣ шахсиятҳои зиёди барӯманд дар самти тозагии забони тоҷикӣ ва мавқеъ пайдо кардани он саҳм гузоштаанд, аммо дар ин раванд хизматҳои Исмоили Сомонӣ, устод Садриддин Айнӣ ва Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон шоиставу мондагоранд.

Миллати тоҷик аз ин шахсиятҳои барҷаста, бузургони илму фарҳанг ва сиёсат, ки барои пойдории давлатдории тоҷикон, худогоҳии миллӣ, худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши бориз доранд, ифтихор менамояд. Зиндагӣ ва кору пайкори онҳо ба давраҳои таърихие мувофиқ омад, ки барои тоҷикон тақдироз буд, балки муборизаҳо сари масъалаи эътироф кардан ва ё будану набудани ин миллат дар харитаи ҷаҳон мерафт. Эшон дар ин ҷода ҷонбозиҳо намуда, хушбахтона, зафар карданд.

Муборизаҳои устод Айнӣ дар самти пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон ҷараён гирифта, барои расидан ба таҳкими ваҳдат ва худогоҳии миллӣ, тарғибу тарвиҷи ақидаҳои ватанпарастона, бунёдгузории адабиёти навини тоҷик, тасдиқу исботи мавҷудияти забони адабии тоҷик ва амсоли ин мусоидат намудааст. Ӯ аз рӯзҳои нахустини Инқилоби ибтидои садаи ХХ баҳри саводнок кардану соҳибҳуқуқ гардондани ҳаммиллатони худ камари ҳиммат баста, барои тарғибу ташвиқи илму дониш ва мактабу маориф аз минбари матбуоти даврӣ истифода менамуд. Мушкилот, камбудиву норасоиҳои мактабу маорифро чун як фарди дилсӯз ва машъалафрӯз ба муҳокимаи умум мегузошт, чун табиби ҳозиқ роҳҳои пешгириву давои дардҳоро баён мекард. Дар матбуоти солҳои бистум таваҷҷуҳи Айнӣ ба масъалаи забони тоҷикӣ зиёдтар гардид. 

Дар замони тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна барои миллати куҳантаъриху куҳанфарҳанги тоҷик вазъи ҳаёту мамот ба миён омад. Аз як тараф, ҳуҷумҳои беасоси равияҳои пантуркистӣ, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва забони адабии онро инкор мекарданд, аз сӯйи дигар, камсаъйиву бепарвоӣ, бехабариву беҳавсалагии ҳаммиллатон устод Айнӣ ва ҳамсафонашро ба по хезонд, ки ба воситаи матбуоти даврӣ мардумро ба ҷидду ҷаҳд, саъю кӯшиш, муборизаву талош, худшиносиву худогоҳӣ даъват карданд. Аз ҷумла, силсиламақолаҳои устод Айнӣ «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии тоҷикон» рӯҳияи худшиносӣ дошта, хонандаро ба истифодаи пурсамари илму дониш даъват мекунад.

Устод Айнӣ ҳамчун ҳомии фарҳанги тоҷик дар муборизаҳои маънавӣ ва мафкуравии тахассусӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт, бавижа дар эътироф намудани забони тоҷикӣ, муайян кардани меъёри забони адабӣ, тозагии забони матбуоти даврӣ ва ғайра. Силсилаи мақолаҳои илмиву публитсистии ӯ дар бораи забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳои забони тоҷикӣ, сабку услуби забони адибон, фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ далели ин гуфтаҳост. Мулоҳизаҳои устод доир ба забон, ки дар мақолаҳояш «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ», «Забони тоҷикӣ», «Ҷавоби ман (дар бораи забони адабии тоҷик)», «Мактуби кушод ба Пӯлод Толис» ва ғайра мунъакис шудаанд, то имрӯз аҳамияти илмии худро гум накардаанд.

Хизматҳои Айниро дар самти ҳимоя, таҷдид ва инкишофи забони тоҷикӣ метавон дар чунин самтҳо баррасӣ намуд: тасдиқу исботи мавҷудияти забони адабӣ ва таърихияти он; навсозии меъёрбандии забони адабӣ; муносибати забони адабӣ ва лаҳҷаҳо; забони адабӣ ва имло; содагии услубҳои забон; эҳтироми минбари тарғиби забономӯзӣ ва ғайра. Дар ибтидои садаи ХХ дар сиёсати ҳукумати вақт оммавӣ гардондани илму фарҳанг тасмими муҳим маҳсуб мешуд. Дар ин роҳ содагиву равонии забон таъсири бештар мерасонд. Бинобар ин, дар баҳсҳои марбут ба ин масъала бештар эътибор дода мешуд. Ҳарчанд ин меъёр ба тамоми аҳли қалам тааллуқ дошт, аммо барои матбуоти даврӣ муҳимтар менамуд, зеро матбуот ягона воситае маҳсуб меёфт, ки доираи имконоти таъсираш васеътар буд. Аз ин лиҳоз, устод Айнӣ рӯзномаро забони ҳар қавм номида, таъкид доштаанд, ки забони тоҷикӣ худ ҳамон забон аст, ки қисман ба майдони матбуот ва адабиёти навини тоҷикӣ қадам мондааст. 

Ин забони қисман ба майдони матбуот гомниҳода маҳз ба шарофати ғамхорию раҳнамоиҳои устод Айнӣ ва ҳаммаслаконаш пояи устувор пайдо намуд ва самтҳои рушди худро муайян кард. 

Матбуот дар роҳи татбиқи андешаву ғоя, фикру назар ва пешниҳодҳои судманд доир ба инкишофи забон ва мавқеъ пайдо кардани он ҳамчун минбари боэътимод хидмат мекунад. Ин хидмат ду паҳлу дорад, ки яке ба эҳтирому гиромидошти меъёрҳои услубиву имлоии забон ва риояи он марбут бошад, дигаре ба омӯзиши забони ноб ва тарғиби он миёни мардум иртибот мегирад. Матбуоти тоҷик тӯли солҳои гуногун дастуру усул ва меъёрҳои доир ба забон муқаррарнамудаи устод Айнӣ ва ҳамсафонашро сармашқи кор қарор дода, дар ғанӣ ва рангоранг гардондани таркиби луғавии забони тоҷикӣ, ташаккули услуби публитсистӣ ва илмиву оммавӣ нақши бориз гузошт. 
Андешаву афкори забоншиносии Айнӣ тадриҷан вусъат пайдо карда, мактаби бузургеро ба вуҷуд овард, ки аз ғановати маънавии он ағлаби адибону публитсистон ва рӯзноманигорони тоҷик истифода менамоянд. Ин мактаб ҳамеша фазои озоди илмиро тақозо менамуд. Устод Айнӣ кӯшиш мекард, ки дар ин фазо имкони мубоҳисаҳои илмӣ фароҳам ояд, то ҳақиқат ҳосил шавад. Ӯ, бо вуҷуди ин қадар сухандону сухансанҷ ва нуктадон будан, ба эроду танқидҳои шогирдон, ба қавли худаш, «бурдборона тан медодааст». Мактаби эҷодӣ ва забоншиносии Айнӣ адибони зиёдеро ба камол расонд ва ба ин васила андешаҳои ӯ тақвият ёфтанд. Бо гузашти вақт таҷрибаи ин мактаб ғанӣ ва таъсири он дар рушди забони тоҷикӣ фузунтар гардид. Бо талошҳои намояндагони он бисту дуюми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон қабул карда шуд.

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои устод Айнӣ рӯҳияи тоза пайдо кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмату фидокориҳои ин фарзанди барӯманди миллат дар эҳёи фарҳангу адаб, бедории ҳисси миллӣ, таблиғу тарвиҷи ақидаҳои ватанпарастона амиқ рафт, ӯро бо унвони «Каҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонд ва дар татбиқи андешаву афкораш имконоту шароити созгорро фароҳам овард. 

 Дар ин давра гиромидошти арзишҳои забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақому шуҳрати он, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба худ ҷалб кард. Барои рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба хотири татбиқи ин қонун ниҳоди нав - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Масъалаи забони давлатӣ, ҳифз ва рушди он ба вазифаи муқаддаси давлату Ҳукумат бадал гардид. Барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, иқдомҳои Пешвои миллат таъсиргузор гардид. Ба ин восита мақоми забони тоҷикӣ на танҳо дар дохили кишвар баландтар шуд, балки аз ҷониби соҳибони он, бавижа Сарвари давлат, бо ҳисси баланди миллӣ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ пахш гардид. 

Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намудааст: «Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад».

Ин нуктаи ифтихормандонаро мо, пеш аз ҳама, дар асарҳо, суханрониҳо ва суҳбатҳои Пешвои миллатамон дарк мекунем, ки басо сода, равон ва шунавост. Борҳо дар мулоқотҳояшон дидаем ва эҳсос намудаем, ки ба нафарони сухандону сухансанҷ эҳтироми хоса дорад, сухани ноб ҳамеша писандашон аст. Аммо, мутаассифона, баъзе аз соҳибони забон ба ин мояи ифтихор чандон эҳтироми ҷиддӣ надоранд. Ҳанӯз ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳо нигоштаҳои пурғалат, дар барномаҳои радио ва телевизион гӯйишҳои сохтакорона ва дар ҷараёни дарс бо шева сухан гуфтани омӯзгорон ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист. 

Дар шароити рушди техника ва технологияи замонавӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, мо - соҳибони забонро мебояд, ки аз иқдомҳо ва заҳматҳои абармардони замон чун Садриддин Айниву Эмомалӣ Раҳмон неру гирифта, бо масъулияти баланди миллӣ дар устувории мавқеи забони давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва фазои коммуникатсионӣ саҳм гузорем ва ба ин васила ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз ва тарғиб намоем. 


 

 

 

Мурод МУРОДӢ, профессор

барчасп: