Ҳунарҳои мардумӣ: ҚУРОҚДУЗӢ

Дар Восеъ қисме аз занони ҳунарманд махсус ба дўхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро барои кўдакон ва арўсон ҳамчун ҷиҳози арзандаю муқаддас мешуморанд. Сабаби боқӣ мондани ин ҳунар пеш аз ҳама, таҳияи ҷиҳози гаҳвораи кўдак, арўс ва дигар ашёи рўзгор бо ин усул мебошад. Ҷиҳози қуроқӣ дар ин ноҳия монанди дигар ноҳияҳои кишвар баёни орзуву омоли мардум буда, қадру қимати махсус дорад.

Ҳунари қуроқдўзӣ дар байни сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо номҳои қаламрезгӣ, қурама, қарамадўзӣ, малофадўзӣ таркдўзӣ ва порадўзӣ  маъруфу маъмул мебошад.  Қуроқ як навъ усули гулпартоӣ тавассути матоъпораҳо дар болои суф ё чит буда, аз он либосу маҳсулоти рўзгор, ба монанди кўрпаа, кўрпача, болишт, рўйҷо, дастархон, гаҳворапўш ва ғайра дўхта мешавад.  

Маҳсулоти қуроқӣ, ки аз ҷониби занону духтарон омода мегардад, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии мардуми тоҷик алоқаманд аст. Дар нақшҳои маснуоти қуроқӣ бовару ақидаҳо ва рамзу маънӣ ва орзую омол таҷассум ёфтаанд. Аз ҳамин лиҳоз ин пешаи қуроқдўзӣ дар байни мардум ривоҷу равнақ дорад ва ба маҳсулоти он талабот кам нест.   

Ҳунари қуроқдўзӣ дар ноҳияҳои мухталифи кишвар аз замонҳои қадим муҳимтарин бахши ҳунари занона ба ҳисоб рафта, монанди сўзанидўзӣ кори пурмашаққат аст. Дар ҳар як минтақа қуроқ бо шаклу намуд ва номҳои гуногун маълум мебошад. Аз дигар ҷиҳат қуроқ як навъи ҷиҳози хона буда, аз пораҳои матоъ тайёр карда мешавад. Одатан сифати қуроқ ба матоъ ва санъату маҳорати дўзанда вобастагӣ дорад.

Солҳои пеш маҳсулоти қуроқиро аз матоҳои якранг омода мекарданд, аммо барои арўсон онро аз матоҳои гулдору симин медўхтанд. Дар шароити имрўза ҳунармандон қуроқро аз матоҳои рангину ҷилодор ва бо омехтаи нақшҳои гулдўзӣ тайёр мекунанд.

Ҷараёни дўхтани маҳсулоти қуроқӣ ва нақшу нигори он дар минтақаҳои кишвар то андозае фарқият дорад. Ҳунари қуроқдўзиро дар ноҳияи Восеъ қаламарезгӣ мегўянд. Тарзи дўхтани он чунин аст: сараввал матоъро интихоб карда онро ба шаклҳои гуногуни геометрӣ  пора мекунанд ва дар намудҳои мухталиф пайи ҳам гузошта, бо мошина медўзанд. Дар замонҳои пеш ҷараёни дўхтани қуроқ дастӣ сурат мегирифт, баробари тараққиёти илму техника акнун онро ба воситаи мошинаи махсуси дарздўзӣ омода мекунанд.

Давоми сафари хидматӣ ба ноҳияи Восеъ аз як қатор ҳунармандони қуроқдўз оид ба нозукиҳои ҳунари мазкур маълумоти муфассал ба даст омад. Аз мусоҳиба бо онҳо маълум гардид, ки санъати қуроқдўзии ноҳияи Восеъ дар ҳолати фаъол қарор дорад.

Дар ин ноҳия занону духтарон дар қатори дигар ҳунарҳо ба қуроқдўзӣ низ завқу рағбат дошта, барои такмили он тарзу усули гуногунро истифода мекунанд. Махсусан дар байни мардуми ноҳияи Восеъ қуроқ мавриди эҳтироми хоса қарор гирифта, ҳунармандон онро ҷиҳози пурарзишу давомнокии зиндагии навхонадорон шарҳ медиҳанд. Аксари ҳунармандон барои омода намудани ҷиҳози қуроқӣ таҷрибаи бойи хешро истифода карда, баҳри насли оянда мерос мегузоранд. Махсусан, дар ҳунари қуроқдўзӣ тасвири шаклҳои гуногунро дидан мумкин аст. Қуроқи маъмулиро аз ду навъи матоъ: сафед ва сиёҳ дўхта, онро дар шакли секунҷаву чоркунҷа  ба ҳам пайваст мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо ин шаклҳоро турна ва чашмак низ меноманд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар ноҳияи Восеъ бисёртар дўхти варақӣ, чашмӣ ва қўӣ (турнашакл)-и қуроқ маъмул аст. Чунки ҳамин навъи қуроқҳо дар зиндагии мардум аҳамияти махсус дошта, нисбати он ҳар гуна бовару эътиқодҳо мавҷуданд.

Дар Восеъ қисме аз занони ҳунарманд махсус ба дўхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро барои кўдакон ва арўсон ҳамчун ҷиҳози арзандаю муқаддас мешуморанд. Сабаби боқӣ мондани ин ҳунар пеш аз ҳама, таҳияи ҷиҳози гаҳвораи кўдак, арўс ва дигар ашёи рўзгор бо ин усул мебошад. Ҷиҳози қуроқӣ дар ин ноҳия монанди дигар ноҳияҳои кишвар баёни орзуву омоли мардум буда, қадру қимати махсус дорад.

Дар аксари ноҳияҳо ҷиҳози гаҳвораро аз қуроқ тайёр мекунанд ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо як либоси кўдакро низ аз қуроқ медўзанд, то аз чашми бад, дарду ранҷ эмин бошад. Мувофиқи маълумоти ҳунармандон дар оилаҳое, ки кўдак тез-тез мемурд, барои тифли навзод ба хотири солиму дарозумр шудан аз пораҳои либоси шахсони рўзгордида, пиру бадавлат ва серфарзанд ҷома ё куртаи қуроқӣ дўхта, то яксола-дусола шудани кўдак ба ў мепўшонидаанд.

Солҳои пеш дар баъзе ноҳияҳои кишвар ҳатто арўсро либосҳои қуроқӣ бо омехтаи гулдўзӣ кардашуда мепўшониданд. Дар замони муосир куртаҳои чаканеро вохўрдан мумкин аст, ки бо қуроқ ороиш ёфтаанд. Дар ноҳияи Восеъ ҳар як арўс ҳангоми ба хонаи шавҳар рафтан бо худ се ё панҷ рафидаи қуроқӣ (рафидаи калон барои чапотӣ, рафидаи миёна барои нони гирда ва рафидаи хурд барои кулча) мебарад, ки ин анъана ҳоло ҳам роиҷ аст. Ин аз кадбонуи боҳунар будани наварўс шаҳодат медиҳад. 

Масалан, дар Восеъ ҳангоми бурдани ҷиҳози арўсӣ ҳатман як курпачаи қуроқӣ илова мекунанд. Болишти қуроқӣ ҳам рамзи зиндагии бардавом ва якҷояи навхонадорон маънидод шудааст ва истифодаи он ҳатмӣ буда, барои нигоҳ доштан аз чашми бад ва балоҳо ба кор меравад. Ҳунармандони ин ноҳия бештар қуроқи шаклан секунҷаро таҳия намуда, онро ҳамчун тўмор ва нигоҳдорандаи кинаву чашми бад дар зиндагии арўсу домод ва ё кўдак мепиндоранд.

Ҳунари қуроқдўзӣ дар саросари ҷумҳурӣ маъмул буда, бо баъзе нозукиҳо ва тарзи гулпартоӣ аз ҳам тафовут доранд. Дар ноҳияи Фархор низ қуроқдўзӣ яке аз ҳунарҳои маъмул ва фаъоли бонувони ноҳия ба шумор меравад.  Чеварҳо пораҳои хурди газворро қат карда, бо шаклҳои гуногун: секунҷа чоркунҷа бурида паҳлўи ҳам мегузоранд, сипас аз болояш пораи дарозтарро гузошта, бо мошинаи дўзандагӣ ё бо даст медўзанд. Баъзан ҳар як гулро дар алоҳидагӣ дўхта омода мекунанд ва онҳоро ба ҳам пайваст менамоянд, ки дар натиҷа матоъи мунаққаш омода мегардад.

Ҳар як нақши қуроқ маънию рамзи махсус дорад. Гулдўзии қуроқ барои ороиши кўрпа, кўрпача, болишт, дастурхон, ҷойнамоз, гаҳворапўш, борҷогаҳ ва ғ. истифода мешавад. Намудҳои гуногуни дўхти қуроқ вуҷуд дорад: сехишта (турна), чорхишта ва ғ. Навъи дўхти турна қариб дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ба назар мерасад. Дар баъзе лаҳҷаҳо нақши турнаро роҳак ва ё қорама низ ном мебаранд. Асосан, ин нақшро дар қисматҳои гирдогирди ҷиҳози омодашуда истифода мебаранд.

Дар минтақаи Фархор низ аз маҳсулотҳои қуроқӣ дар ҷиҳози арўсон низ ҳатман истифода мебаранд. Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо якчанд занҳои ҳунарманд суҳбат намудем, ки ба дўхтани қуроқ машғуланд. Ҳангоми суҳбат бо онҳо маълум гардид, ки солҳои охир дар ин минтақа дўхтани қуроқ бештар рушд кардааст.

Яке аз қуроқдўзони ноҳияи мазкур Умарова Басгул, (с.тав. 1980), ки дар деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Ватан зиндагӣ мекунад ба ҳунари қуроқдўзӣ машғул буда, бо дастранҷи ҳунари худ дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол дорад ва инчунин тавассути ин ҳунар зиндагии хешро пеш мебарад. Дар ноҳияи мазкур занони ҳунарманди дигар аз қабили Сафарова Лола (с.тав. 1991), Зокирова Сайрамбӣ, (с.тав. 1972), Иброҳимова Нодира, (с.тав. 1973), Мирзоева Эркамо, (с.тав. 1978), ба дўхтани қуроқ машғуланд. Ҳар яки онҳо дар хонаи худ курсҳои кўтоҳмуддати дўзандагӣ кушода, аз ҳисоби занҳои хонанишин шогирдони зиёд доранд.

Тавре ки ҳунармандон ба мо иттилоъ доданд, маводи қўроқдўзӣ ду навъ мешавад: якум аз латтапораҳое, ки боқимондаи либосҳои порашуда мебошанд ва дуюм матоъро гирифта махсус пора намуда, қуроқдўзӣ мекунанд. Аз навъи якум асосан ҷиҳози хона аз қабили дастархон, астараки нонпечонӣ, кўрпачаҳои кўдакона ва ғайраҳо дўхта мешавад. Аз навъи дуюм бошад, танҳо барои ҷиҳози арўсон аз қабили кўрпаву кўрпача, остинчаву рафида ва барои гаҳвора рўйпўшаку кўрпачаҳо омода менамоянд. Дар баъзе минтақаҳо ҳунармандон барои ҷиҳози арўсон супориш гирифта ҳамаи он ҷиҳозро аз матоъҳои нав пора намуда, омода мекунанд.

Маълум аст, ки маҳсули дасти ҳунармандони ҳозира аз қадимӣ тафовут дошта, имрўзҳо ҳунармандон бо истифода аз мошинаҳои  дарздўзӣ ва матоҳои гуногуни замонавӣ навъҳои мухталифи маҳсулоти қуроқиро бо тарҳу ороиши нав медўзанд.

Хулоса бонувон имрўзҳо санъати қуроқдўзии қадимиро идома дода, нусхаҳои наву замонавии маҳсулоти қуроқиро эҷод кардаанд. Қуроқ айни замон дар саросари кишвар бо шаклу намудҳои мухталиф дўхта мешавад.

Лайло Носирова,
Маҳина Ниёзова.

барчасп: