Андешаҳо перомуни ғижакнавози асил

Артисти хизматнишондодаи Республикаи Советиии Сотсиалистии Тоҷикситон Мирзоқурбон Солиев, яке аз симоҳои барҷастаи санъати тоҷик дар асри ХХ мебошад, ки бо ҳунари хунёгарии хеш, тарғибгари оҳангҳои “Шашмақом”-и оламшумул буда, ҳамчун саррофи гавҳаршинос дурдонаҳои мероси гаронбаҳои мусиқии халқамонро як умр андўхтаву ба дигарон омўзонидааст. Мавсуф бо иҷро намудани мусиқии мардумӣ ва классикии  тоҷик  қалби ҳазорон мухлисони хешро тасхир намуда, дар рушди ҳунари навозандагиву сарояндагии шогирдонаш саҳми калон гузоштааст. Сабки хос, интихоби оҳангҳои дилошўб гувоҳи ҳунарманди асил будани ин  мутриб мебошад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷўҳи муҳаққиқони соҳаи санъат ба ҳунарварии ў бештар гардид. Муаллифи мақолаи мазкур зимни таҳлили эҷодиёти Мирзоқурбон Солиев  ҳамзамон нақши ўро дар рушди санъати халқи тоҷик ва Осиёи Миёна нишон дода, шинохти ин шахсиятро аз тарафи донишмандон ва муҳаққиқони соҳаи санъат ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Исфара диёри бостонӣ ва ҳунарофар мебошад, ки барҳақ гўшаи афсонавии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳар касе ки боре аз табиати зебо, пазироии гарми сокинонаш баҳраманд мешавад, бо руҳу табъи  болида боз орзуи дидани ин сарзамин мекунад. Фарзандонаш бошанд ҳамеша азму талош меварзанд, ки диёрашон боз ҳам ободтару зеботар гардад. Тўли ҳазорсолаҳост, ки аз табиати афсунгари ин водии ҳамешабаҳор мардум ба ваҷд меомаданду ҳар мусофир орзуи дидани онро мекард.

Солҳои тўлонӣ мероси пурмоя ва гаронқадри ниёгони бозаковат ва ҳунарманди тоҷик «Шашмақом» дар Исфара эътибори хоса дорад. Ба шарофати ҳунари волои ромишгари мумтоз, вориси сазовори устодони шўҳратёр Зебопарию Умар Ҳофиз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Мирзоқурбон Солиев  дар ҳавзаи ҳунарии Исфара сабки тоза пайдо гардид, ки бо номи сабки Исфара маъруф аст.

 

 

Забони хунё

Шавам  қурбонат, эй Мирзои Қурбон

Ки бо сеҳру ҳунар эҳё куниям.

Ба лафзи ширину шевои созат,

Зи пушти ҳафт пушт ово куниям.

                                              (Абдусамеъ)

 

        Мутриби мақомдон Мирзоқурбон Солиев яке аз донишмандони ин мусиқии кўҳан буда, ҷиҳати пешрафту тавсияи Шашмақом, санъати бебаҳои ниёгон ва тарбияи шогирдони зиёде саҳм гирифтааст. Ин марди ҳунарпарвару ҳунарманд аз табори ҳунармандони номӣ буда, нозукиҳои мусиқии суннатиро аз овони хурдсолӣ аз бар кардааст. Мирзои хурдсол, ки дар синни сесолагӣ аз падару модар ятим монда буд, дар партави муҳаббати модаркалонаш ба воя расид. Ногуфта намонад, ки маҳз тарбияи ҳамин модаркалони фарҳангдўсти вай буд, ки Мирзоқурбон ба мусиқии суннатӣ меҳри беандоза пайдо карда, бо оҳангҳои Шашмақом ошно гардид. Мусиқии Шашмақом дунёи бекарони савту навоҳост, ки онро аҷдодони мо дар тўли асрҳо офарида, садҳо ҳунармандони асил бо илҳоми саршор сайқал додаанд.

Тавре ки оҳангсози тоҷик Ф. Шаҳобов дар асари хеш «Баёзи Шашмақом» нигоштааст: «Ба Шашмақом 300 оҳангу таронаҳои марғуби классикӣ дохил мешаванд. Шашмақом аз мақомҳои Рост, Наво, Бузург, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст, ки ҳар кадоми онҳо дорои  савту навои ба худ хос мебошанд».

Ин гуфтаҳо далолат аз он медиҳад, ки Мирзоқурбон аз овони кўдакӣ ба гўш кардани оҳангҳои классикии Шашмақом майлу рағбати зиёд дошт. Бо гузашти айём Мирзоқурбон Солиев зинаи ибтидоии санъати мусиқиро аз тағоҳояш омўхта, пайваста мехост аз мусиқии Қори Носир ном ҳунарманди машҳури Исфара баҳравар гардад, ки ў маҳорати беандозаи ҳунарварӣ дошт ва дар чойхонаи хеш бо мутрибону ҳофизони Исфара пайваста машқ мекард. Аз ин хотир, тағои Мирзоқурбон ўро низ ҳамроҳи хеш ба чунин машқҳо мебурд ва ҷавонону наврасон дар гўшае нишаста мусиқии суннатиро бо таваҷҷўҳи беандоза мешуниданд. Ба  ҳаракатҳои дасти Қори Носир ҳангоми навозиши тор диққат дода, аз он лаззат мебурданд.

Пас аз гузаштани муддати начандон зиёд Мирзоқурбон имкон пайдо мекунад, ки дар сози мусиқии ғижак ба машқ пардозад. Мирзоқурбони хурдсол тўли якчанд сол аз устоди худ ромишгари беҳамто, Қори Носири исфарагӣ, ки дар Осиёи Марказӣ маълуму машҳур гашта буд, сиру асрори мусиқии ниёгон, аз ҷумла Шашмақомро меомўзад. Мирзои хурдсол ба ғайр аз ғижакнавозӣ, инчунин дар навохтани сози дутор низ маҳорати баланди касбӣ нишон медиҳад. Махсусан нисбати жанрҳои дигари санъат ва ба мусиқии класикии Шашмақом аҳмияти бештар зоҳир намудааст. Зеро Шашмақом ҳамчун санъати бузурги асили тоҷик мебошад, ки сабку услуби махсуси худро дорад.

Мирзоқурбон Солиев аз зумраи ҳунармандоне мебошад, ки дар рушду такомул бахшидани мусиқии Шашмақом саҳми босазо гузоштааст. Чуноне ки аз натиҷаи тадқиқотҳо маълум гардид, мавсуф дар тамоми чорабинҳои ноҳиявию ҷумҳуриявии ҳукуматӣ иштирок карда, бо ҳунари навозандагии хеш таъби ҳаводорони санъати мусиқии тоҷикро болида мегардонид. Маҳз дастгириву ҷонибдории ҳукумат ва соҳаи фарҳанг буд, ки Мирзоқурбон ба авҷи волои санъати навозандагӣ ва мусиқии Шашмақом  расида, обрўю эътибор пайдо намудааст.

Ба андешаи муҳаққиқи соҳаи санъат А. Зубайдӣ мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои Шашмақом, Фалак ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон, Рўзи Шашмақом, Рўзи Фалак, Рўзи Китоб, Рўзи Парчами миллӣ, дастгирии чорабиниҳои фарҳангиии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ гувоҳи таваҷҷўҳи беандозаи Сарвари давлат ба анъанаву суннатҳои миллӣ ва заҳматҳои аҳли фарҳанг мебошад.

Бинобар гуфтаи кўҳансолон дар шаҳри Исфара мардум Сайри гули лола, Меҳргон ва Наврўз барин ҷашнҳоро истиқбол менамуданд, ки дар таҷлили ин идҳои бошукўҳ Мирзоқурбон Солиев бо навозиши асбобҳои мусиқӣ ва суруду таронаҳои марғуб ҳаводори санъати тоҷикро шод мегардонид. Ин гуна консертҳои идона боис гардидааст, ки мутриби беҳамто бо созу навоҳои дилангезаш ба дили шунавандагон бештар ҷой мегирифт.

Соли 1933 бо ташаббуси муаллими курси маҳви бесаводӣ Иброҳимҷон Норматов ва шуъбаи маорифи халқи ноҳия дар Исфара театри комсомолӣ ташкил карда шуд. Мирзоқурбони 21-сола, ки дар курси маҳви бесаводӣ таҳсил менамуд, аввалин шуда ба театри комсомолӣ ба ҳайси мутриби ғижакнавоз дохил шуда, фаъолият бурд. Соли 1937 театри Исфара мақоми давлатӣ гирифт. Дар он зиёда аз 40-нафар санъаткорон фаъолият мебурданд. Дар ин театр намоишномаҳои «Калтакдорони сурх», «Дохунда» ва «Аршин мололон» ба саҳна гузошта шудаанд. Мирзоқурбон ҳамчун мутриби ин намоишномаҳо дар хотири тамошобинон боқӣ мондааст, ки имрузҳо калонсолони Исфара дар ин бора ёдовар мешаванд.

Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гашта бисёр санъаткорон, ҳофизон ба ҷабҳа рафтанд. Аз 40-нафар аъзои театр 4-нафар монданд. Мирзоқурбони мутриб ва 3-ҳофизи дигар, Иброҳимҷон, Муҳамммадҷон ва Юсуфҷон. Комиссари ҳарбӣ, ки аз тоҷикони шаҳри Ўш буда, он вақт ба Исфара бо кори муҳиме омада буд, Мирзоқурбон ва он се нафарро барои хизмат расонанд ба мардуми ақибгоҳ ва меҳнаткашон нигоҳ медорад. Дере нагузашта ба дастаи чаҳорнафараи театр, Фотимахони ҳофиза ва Муродҷон Юлбарсови доирановоз, ки ба синни даҳсолагӣ нав расида буданд, ҳамроҳ карда мешаванд. Мирзои мутриб бо ҳайати театр ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, санъати худро ба меҳнаткашон пешкаш менамуд ва ба ин васила онро пайваста сайқал медод. Ба халқи азизаш, ки аз ҷанги хонумонсўз ба танг омада буд, тавассути суруду мусиқӣ тасаллӣ мебахшид.

Суннати таронасароӣ дар мусиқии тоҷикон аз замонҳои қадим маъмул буда, таърихи зиёда аз 1400 сола дорад ва имрўз ба ҳайси яке аз жанрҳои машҳури мусиқии мардумӣ ва таҷассумгари услуби мардумии суруду оҳангҳои «Шашмақом» шинохта шудааст. «Шохаҳои дигари силсилаи аслии бахши овози Шашмақом Наср-Талқин, Наср ва Уфар  мебошанд, ки дар байни ҳар кадоми онҳо низ чандои тарона ҷойгир аст… Аз шохаҳои муҳими бахши овози Шашмақом, яъне шохаи саввуми силсилаи аслии бахши овози Шашмақом аст, ки дар заминаи навъи пардаҳои фаръи (шуъба ва овоза) бунёд мегардад».

Дар барномаҳои консертӣ Мирзоқурбон ба ғайр аз сози ғижак бо дутор аз Шашмақом навоҳои «Наврўзи аҷам», «Насри сегоҳ», «Мушкилоти дугоҳ», «Мухаммаси ушшоқ», «Чапандози наво», «Талқини баёд», «Чоргоҳ», «Бебокча», «Нимчўпонӣ» ва якчанд суруду оҳангҳои халқӣ ва асарҳои худро иҷро намуда, мусиқии ниёгонро пешкаши тамошобинон мегардонид.

Баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо дастаи навозандагони театр дар бисёр шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, водии Фарғона дар шаҳрҳои Қўқанд, Андиҷон, Намангон, Марғилон, Хуҷанд, Конибодом сафарҳои ҳунарӣ намуда, бо ҳунармандону овозхонҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон дўстӣ пайдо менамояд ва ба ҳунари онҳо аз наздик ошно мегардад. Мирзоқурбон Солиев дар чойхонаи «Лола»-и шаҳри Исфара, ки дар ҷойи чойхонаи кўҳнаи Қори Носир сохта шудааст, чойхоначигиро ба ўҳда гирифта буд.

Аз замонҳои пеш чойхона барои мардуми тоҷик вазифаи маркази фарҳангиро иҷро мекард. Тамоми корҳои ҷамъиятӣ, иду маросимҳо ва маҷлису машваратҳо, маҳфилҳои адабӣ ва ғайра бештар дар чойхонаҳо баргузор мегардид. Ҳатто фарҳанги чойхонадорӣ низ миёни тоҷикон мавҷуд аст.

«Чойхона ҷойи ҷамъиятиест барои истироҳат, ки аз самоворхона ва хонаи чойнўши иборат аст. Дар гузашта корвонсаройҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ вазифаи чойхонаро адо мекарданд. Чойхонаҳо дар Осиёи Миёна баъди маъмул гардидани чой ба вуҷуд омадаанд. Дар гузашта чойхонаҳо ҷойи ҷамъоии шоирону ровиён ва шабгузаронии мусофирон буданд. Чойхонаҳои бо услуби миллӣ ороишёфта, аз қабили «Фароғат», «Роҳат», «Саодат», (Душанбе), «Панҷшанбе» (Хуҷанд), «Ором», «Ориён» «Сино», (Исфара), «Гули Сурх» (Истаравшан), «Дилкушо» (Бохтар)… сохта шудаанд».

Чойхонаи «Лола», ки таҳти сарварии Мирзоқурбон фаъолият дошт, аз қабили чунин чойхонаҳо буд. Ҳофизону навозандагони халқии Исфара, меҳмонон аз Қўқанд, Фарғона ба наздаш меомаданд. Чойхонаи Мирзо мисли театр овозадор гашта буд. Ҳатто дар водии Фарғона овозаҳо паҳн гашта буданд, ки дар Исфара чойхонаи Мирзоако яке аз беҳтарин чойхонаҳо аст, ки дар он мутрибон, навозандагону овозхонон ҳар вақт ҷамъ омада, маҳфилҳои мусиқӣ ташкил мекунанд, ки баъзан дар театр ин қадар тамошобин ҷамъ намешавад. Бале чойхонаи Мирзо дар ҳақиқат ҳамин хел буд. Бисёр ҳофизону навозандагони ҷумҳурӣ, шоирону олимон, аз он ҷумла устодони бузурги назми муосири тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, низ ба назди Мирзоқурбон рафту омад доштанд. Ҳамчунин аз сўҳбаташ баҳраёбӣ карда, аз санъаташ эҳсоси лаззат мекарданд, ба оҳангҳои иҷронамудааш баҳои баланд медоданд.

Ошноии устодонро бо Мизоқурбон шогирдони онҳо Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева ва дигарон низ давом медиҳанд. Гулрухсор аз ҷумла навиштааст: «Шояд барои он ки Исфара кўҳҳои баланд ва инсонҳои баланд дорад, шояд аз он, ки «Шашмақом»-и моро ин ҷо мефаҳманд ва дўст медоранд ва шояд барои он, ки дар Исфара амаки Мирзоқурбон барин одамони наҷиб умр ба сар мебаранд ва эҷод мекунанд, шояд барои ҳаминҳо ва боз намедонам барои чӣ ман Исфараро дўст медорам…».

Қайд кардан ба маврид аст, ки Мирзоқурбони мутриб дар фаъолияти дастаҳои шаҳри бостонии Исфара саҳми босазое гузоштааст. Ў ганҷинаи бебаҳои халқ «Шашмақом»-ро ба шогирдону насли наврас омўзонидааст. Мавсуф набзи давру замонро хуб мефаҳмид, Бинобар ин кўшиш мекард, ки аз ҳамаи чорабиниҳои калонтарини ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар канор набошад. Кўшиш менамуд, ки ҳеҷ набошад дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз дурдонаҳои «Шашмақом» оҳанг ё суруде садо диҳад. «Шашмақом мусиқии миллии халқи тоҷик аз шохаҳои бузургу хурди гуногун бунёд гашта, дар давоми қарнҳои зиёде такомул ва қомат афрохтааст. Шашмақом ҷузъи асосӣ ва барҷастатарини хазинаи мусиқии бойи тоҷикон буда, бо номи мусиқии классикӣ ё худ мусиқии касбии тоҷик дар олами илму ҳунар эътироф шудаааст».

Таи ҳазор соли ташаккул ва инкишофи хеш Шашмақом ба маънии томаш дастраси доираи кулли фарҳангии миллат қарор нагирифта буд ва бештар дар марказҳои бузурги Мовароуннаҳр, Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои қадим маъмул гардида буд. Бале, Шашмақом садои тамаддунҳои бузург аст. Дар мазмуни фарҳангҳои мусиқии олам ба монанди он падидаеро дастрас намудан ғайриимкон аст. Гарчанде ки аслан тамаддунҳоро мо набояд зимни муқоисаи зоҳирӣ қарор диҳем, Шашмақом воқеан ёдгори зиндаи тамаддунҳост ва дар мусиқии он рози дили ҳазорон донишмандони гузашта маъво гирифтааст.

Мирзоқурбон дар озмунҳои эҷодиёти халқ «Бўстон-1», «Бўстон-2» ва «Бўстон-3», ки дар байни мардум шўҳрат пайдо карда, чандин ҳаваскорони ҷавони Исфараро тайёр намуда, бо барномаҳои рангин пешкаши тамошобинон сохтааст. Имрўзҳо ин шогирдон аҳли санъати халқи тоҷик номи ўро ба забон мегиранд ва ҳамчун устоди Шашмақом ба ў эҳтирому сипос мегузоранд. Соли 1970 бо ташаббуси мудири шуъбаи фарҳанг дар назди қасри маданияти шаҳри Исфара гурўҳи мақомхонон ташкил карда шуд, ки устоди варзидаи Шашмақом, Мирзоқурбон Солиев роҳбари мусиқии он таъин гардид. Аз баромадҳои гурўҳи шашмақомсароёни шаҳри Исфара меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷўмҳурӣ дар озмунҳо тавассути оинаи нилгун баҳравар гардида, ба ў дар ташвиқу тарғиби санъати тоҷик комёбиҳои беназир орзу мекарданд.

Соли 1979  бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, кафедраи мусиқии шарқ таҳти роҳбарии доктори илми санъат, санъатшинос Аслиддин Низомов таъсис ёфт. Дар қатори устодону ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Исҳоқова, Алиҷон Солиев, Боймуҳаммад Ниёзов устоди варзидаи мақом мутриби беҳамто Мирзоқурбон Солиев ҳамчун омўзгор муддате дар ин ҷо фаъолият бурда, ба шогирдон унсурҳои махсуси мактаби ҳунарварии хешро таълим додааст. Соли 1980 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба мутриби беҳамто барои ташфиқу тарғиби санъати халқии  Шашмақом унвони фахрии «Артисти хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалисти Тоҷикистон дода мешавад.

Муҳаққиқи соҳаи санъат А. Низомов дар китоби худ “Таърих ва назарияи Шашмақом” оиди мақоми давлатӣ гирифтани рўзи Шашмақом ва ба арсаи байналмилалӣ роҳ ёфтани он чунин ибрози ақида намудааст: “Соати ниҳоии асри ХХ ба лаҳзаи бузургтарини таърихи Шашмақом мубаддал гашт, зеро маҳз дар соли 2000, яъне дар остонаи қарни навин ва пурумеди зиндагиномаи мардуми шарифи тоҷик аз ҷониби сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фармони таърихи роҷеъ ба инкишоф ва эҳёи Шашмақом ба тавсиб расонида шуд. Дар қатори иддаи зиёди иқдомҳои таърихии ин фармон, муқаррар карда шуд, ки минбаъд дар саросари мамлакат рўзи 12-уми май ҳамчун Рўзи Шашмақом ҷашн гирифта шавад”.

Мирзоқурбон Солиев дар соҳаи санъат яке аз мутрибони шинохтатарин ба ҳисоб рафта, бо навозиши асбобҳои мусиқии халқии тоҷик барои рушду такомул ёфтани санъати асили ниёгонамон хизматҳои шоён кардааст. Инчунин дар пешрафти мероси гаронбаҳои санъати классикии Шашмақом  саҳми босазои худро гузоштааст.

«Амаки Мирзоқурбон маълумоти қазоӣ надоштанд. Аммо дар санъати мусиқӣ аз академик кам набуданд. Қалби тамоми аҳли деҳа, шаҳр ва ҷумҳуриро бо мусиқии миллиамон тасхир намудаанд. Ромишгари мумтоз, пири хирад, вориси сазовори устодони «Шашмақом» - Зебопарию Умарҳофиз, марди хоксору беғараз ва пурдон, устоди устодон, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоқурбони Солеҳ соли 1992, 80-солагиашонро ҷашн гирифтанд. Ва баъд аз се соли он рўзи фирўз дар яке аз рўзҳои сардтарини зимистони соли 1995 аз қайди ҳаёт гузаштанд. Он рўз гўё тамоми аҳли мардуми Исфара ба ҳавлии хурдакаки амаки Мирзо ҷамъ омада, оҳҳои сард аз дили пурдард мебароварданд ва бо ашки ҳасрат ромишгари бузургро ба хок супориданд».

Устод Мирзоқурбон Солиев то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар ҳайъати дастаи мақомхонсароёни шаҳри Исфара, дар тарғиби мусиқии суннатӣ саҳм гузоштааст. Барномаи ансамбл зиёда аз 40-асари классикӣ, аз ҷумла навои «Чули Ироқ», «Соқиномаи савти калом бо уфар», «Наврўзи аҷам», «Насри сегоҳ», «Мушкилоти дугоҳ», «Мухаммаси ушшоқ», «Қаландарӣ», «Гиряи як», «Насруллоӣ», «Дугоҳи як», «Баёти ду», «Насри узол», «Ушшоқи Самарқанд» ва ғайраро дар бар мегирифт. Дар фонди тиллои радио ва телевизиони тоҷик зиёда аз 20-суруду оҳангҳои иҷрокардаи ансамбли мақомсароёни шаҳри Исфара бо роҳбарии ин устоди нотакрор маҳфуз мебошад.

Аттоев Шодрўз

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

 

барчасп: