Activities calendar

03 марта 2020

Таҷрибаҳои суннатии обёрии мардуми Рашт

Об муъҷизаи гаронбаҳо ва манбаи пайдоиши ҳаёт буда, дар баробариоташу ҳаво ва хок яке аз унсурҳои асосии ҳастии олам шуморида мешавад. Ин неъмати илоҳӣ бо ҳастии худ курраи Заминро сарсабзу хуррам мегардонад.Мавҷудияти ин неъмати бузург  ба ҳастии инсоният, ҳайвоноту наботот ва рустаниҳо  алоқамандии зич доранд.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Миллали Муттаҳид солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи

барчасп: 

Ҳунари аробачасозӣ дар Исфара

Аз қадимулайём дар  байни мардуми тоҷик барои солиму бардам тарбия ёфтан ва бозидани кўдак, бозичаҳое сохта мешуданд, ки онҳоро кўдакон бо шавқу завқи зиёд истифода мебурданд. Ин гуна бозичаҳо бо назардошти ҷисман солим будани кўдак ва ба завқ омаданашон тайёр мегардиданд. Бинобар ин ҳунармандон кўшиш мекарданд, ки бозичаҳои кўдакона зебо сохта шаванд ва кўдакро ба худ ҷалб карда тавонанд. Дар аксар ковишҳои археологӣ бозичаҳое пайдо шудаанд, ки аз гилу лой сохта шуда, барои бозии кўдакон пешбинӣ шудаанд.

барчасп: 

Андешаҳо перомуни ғижакнавози асил

Артисти хизматнишондодаи Республикаи Советиии Сотсиалистии Тоҷикситон Мирзоқурбон Солиев, яке аз симоҳои барҷастаи санъати тоҷик дар асри ХХ мебошад, ки бо ҳунари хунёгарии хеш, тарғибгари оҳангҳои “Шашмақом”-и оламшумул буда, ҳамчун саррофи гавҳаршинос дурдонаҳои мероси гаронбаҳои мусиқии халқамонро як умр андўхтаву ба дигарон омўзонидааст. Мавсуф бо иҷро намудани мусиқии мардумӣ ва классикии  тоҷик  қалби ҳазорон мухлисони хешро тасхир намуда, дар рушди ҳунари навозандагиву сарояндагии шогирдонаш саҳми калон гузоштааст.

барчасп: 

Рақс бо табақ ва ё даъват ба оши палав

Баробар бо дигар касбу ҳунарҳои суннатӣ, аз қабили оҳангарӣ, дуредгарӣ, дўзандагию бофандагӣ, кандакорию гаҷкорӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик рақсу сурудхонии анъанавӣ низ маъмуланд, ки муҳаққиқон ин бахши фарҳанги миллиро “санъати иҷроӣ” номидаанд. Дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ”, ки аз ҷониби олимони ПИТФИ таҳия шудааст, ин бахш  бо номи “Санъати иҷроӣ” ва рақамгузории B000 зикр шуда, дар он беш аз 103 унсури фарҳанги ғайримоддӣ ба таври мухтасар шарҳ ёфтаанд.

барчасп: