Чопи Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Паҳуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ»-ро бо ду забон: тоҷикӣ ва инглисӣ аз чоп баровард.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи аввалини “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик” соли 2010 тартиб дода шуд, ки он 48 унсурро дар бар мегирифт. Ҳоло бо гузашти солҳо мутобиқи “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» зарурати тартибу таҳияи “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” ба миён омада буд. 

Соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул шуд ва то ба имрӯз мамлакатҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон   шомили он гашта,   феҳристҳои миллии кишварҳои худро тартибу таҳия кардаанд.

  Яке аз шартҳои феҳристсозӣ, мутобиқи Конвенсияи мазкур, дар ин аст, ки феҳрист бояд мунтазам таҷдид шавад. Соли 2014 нусхаи нисбатан васеътари он аз ҷониби фарҳангшиносон, мардумшиносон ва дигар мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) тартиб дода шуд.

Он фарогири 286 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буда, сохтори феҳристи такмилёфта низ аз феҳристи нахустин фарқ мекард. Инак, пас аз ду сол  “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ” боз танзиму такмил шуд.

Дар мукаммал намудани он мутахассисон аз ПИТФИ, Академияи илмҳо ва муассисаҳои дигари фарҳангӣ ширкат намуда, дар маҷлиси гурўҳи корӣ, сипас дар ҷаласаи Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи мазкур бо иштироки олимон, аҳли фарҳанг, намояндаҳои касбу ҳунарҳои гуногун баррасӣ гашта, баъзе эроду пешниҳодҳо ба назар гирифта шудаанд.  

  Феҳристи соли 2014 шаш бахш вуҷуд дошт ва дар нусхаи такмилшудаи он бахши ҳафтум бо унвони “Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона” илова гашт. Бояд гуфт, ки ҳанўз ҳам унсурҳои зиёди фарҳанги маънавии халқи тоҷик пурра ва ё ба дараҷаи кофӣ омўхта нашудаанд.

Дарёфти феҳрист