Созу наво

Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим дар “Боғи Ирам”

Имрӯз, 3-уми сентябри соли Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» -и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» баргузор гардид.
Дар Фестивали мазкур роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, масъулини соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ, коршиносон, сафирону кормандони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони соҳаи

барчасп: 

Фестивали “Хуршеди Шарқ» дар боғи фароғатии Соколникии шаҳри Москав

Аввалин Фестивали фарҳангҳои миллӣ таҳти унвони «Хуршеди Шарқ» дар боғи фароғатии Соколникии шаҳри Москав баргузор шуд.
Фестивал дар доираи ҳамкориҳои бахши фарҳангии шаҳрдории Москав бо намояндагиҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳунармандони зиёда аз 15 давлати дунё, аз ҷумла 37 ансамблҳои рақсӣ ва сарояндагони зиёд ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Фестивал

барчасп: 

«Рост» ва «Соқинома»

«Рост» мақоми дуюм аз силсилаи «Шашмақом» аст. Дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» мақоми аввал ҳисоб мешуд. Дар чанде аз рисолаҳои қадим (масалан, дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Дарвешалии Чангӣ мақоми  «Рост» чун «Уммуладвор») тавсиф ёфтааст.
Абўалӣ ибни Сино дар асари машҳури худ «Ҷавомеъ-ул-илм-илмусиқӣ» мақоми «Рост»-ро тавсиф карда, бо таносуби математики қаторӣ овозҳои онро пурра муайян сохтааст. Ибни Сино ин ҷо тарҷумаи  арабии «Рост»-ро («Мустақим») истифода кардааст.
Истилоҳи «Рост» дар мусиқии класикии арабӣ («Расд») ва озорбойҷонӣ низ маъмул аст.

барчасп: 

«Дар баёни дувоздаҳмақом»

Ин «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом ва бистучаҳор шӯъбаҳои ҳар мақом»аст, дар асри 16 рӯйи кор омадааст.
Муаллиф Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (ваф. 1535).
Рисолаи манзуму мансур буда, аз муқаддима (наср) ва ҳафт фасл (боб) таркиб ёфта, бо хати натаълиқи хоно дар Бухоро китобат шудааст. Дар муқаддима ҳадафи нигориши рисола, тафсири мӯҷази ҳар мақом, таркиботи он (шӯъбаҳо, овозҳо ва гӯшаҳои мусиқӣ) қаламдод шудааст. Дар фасли аввал («Дар баёни нағмаҳои шӯъбаҳо») бештар масоили

барчасп: 

Мо чанд Дарвеш дорем?

Адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ ва фарҳанги оламшумули миллати мо номҳои ҳамсоне дорад, ки ҳар кадом дар пажуҳишу офариниши асарҳои илмиву адабӣ нақши шоиста доранд. Баъзан аз он ки зери як ном аз чанд нафар ёд мешавад, метавонад хонандаро ба гумроҳӣ барад.

Бо як дид мо ҳашт Дарвешро аз миёни шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ пайдо кардем, ки ҳар кадом дар риштае маъруфият доранд.

барчасп: 

Субҳони Сайид-овозхони саршиноси тоҷик даргузашт

Субҳони Сайид-овозхони саршиноси мусиқии поп дар синни 56-солагӣ, баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Ҳамчуноне писари марҳум Амиршои Субҳон, гуфт, падараш панҷ рӯзи охир дар бемористони маъруф ба “Медгородок” бистарӣ буд ва аз бемории асаб ранҷ мекашид.
Фурқати Сайид, овозхони номдори тоҷик ва яке аз шогирдони муваффақи Субҳон Сайид хабари марги бармаҳали устодашро аз аввалинҳо шуда дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Бино ба навиштаи ӯ Субҳони Сайид субҳи бармаҳали рӯзи сешанбе...

барчасп: 

Ба нола дол бувад, қомати хамидаи чанг...

Чанг, сози мусиқиест, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи наздик маъмул аст, 72 тори металлӣ ва ҳамон миқдор гўшак дорад. Системаи қаторовозиаш аз 24 пардаи диатоникӣ ва хроматикӣ иборат аст. Чанг ба қатори созҳои якканавозӣ дохил шуда, дар оркестр ва ансамбли созҳои миллӣ васеъ истифода мешавад.
Чанг таърихи тўлони дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ ҳанўз дар давраи шумериҳо ( ҳазораи 4-3-и то милод) ин соз бо шаклу намуди мухталиф маъмул будааст. Тавре дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст: чангнавози шоҳ...

барчасп: 

Страницы