Созу наво

Рубоб дар тӯли таърих

Рубоб, рубоб сози торӣ –мизробии мусиқиест, маъмул дар байни халқҳои шарқ, алалхусус тоҷикон мебошад. Бино ба маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби қадимаи паҳлавии «Равода» буда, маънои «Овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст.
Дар шарқ ва Европаи ғарбӣ бо шаклҳои рабоб, ребаб, ребак ва ғайра интишор шудааст.
Сарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Аввали асрҳои миёна дар сарзамини Эрон ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он косаи секунҷа (як кунҷ аз тарафи даста) иборат буда, яктора ё 2-3 тора мешудааст.

барчасп: 

Романс: аз оғоз то ба имрӯз

Романс  (аз исп.romance-романӣ) асари  мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳост. Истилоҳи мазкур дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, аввалан сурудҳои дунявӣ бо забони испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудҳои калисоӣ, ки ба лотинӣ иҷро мешуданд).
Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид. Романс бо шеър нисбат ба суруд  робитаи зичтаре дошта, дар худ натанхо  хусусияти умумӣ ва сохти бадеӣ, балки воситаҳои ифодаи алоҳида ва ҷузъҳои  оҳангию вазнии шеърро низ инъикос мекунад.

барчасп: 

Нақши Талабхӯҷа Сатторов дар тарғиби мусиқии касбӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон

Дар ҳар давру замон дар осмони илму фарҳанги ҳар як халқу миллат симоҳои пурзиёву барҷастае зуҳур менамоянд, ки боиси тобдору пурҷило гаштани оинаи тамаддуни инсонӣ мегарданд.
Бешубҳа, агар мо бастакори машҳуру шинохта Талабхӯҷа  Сатторовро яке аз ситораҳои намоёни олами мусиқию фарҳанги тоҷик шуморем, хато нахоҳем кард. Мавсуф солҳои зиёд барои ривоҷу равнақ ва бою рангин намудани олами зебою пурнафосати мусиқии касбии тоҷик талошу эҷодкориҳо дошт. Афсус, ки марги нобаҳангом айёми пурҷӯшу

барчасп: 

Рубоби бадахшонӣ

Рубоби бадахшонӣ, сози мусиқии торӣ мизробиест, ки дар асрҳои 17-18 дар Бадахшон ба вуҷуд омада дар дигар мавзеъҳои Осиёи  Миёна, аз ҷумла Бухоро хеле маъмул гардид.
Тахмин меравад, ки сози мазкур дар асоси уд ё тори қафқозӣ (аз ду косахона иборат аст) ба вуҷуд омадааст: аз рўи садо ва системаи пардивию торӣ ба барбат (уд) шабоҳат дорад.
Рубоби бадахшӣ дар гузашта чун сози якканавозӣ истифода мешуд ва дар ансамблҳои

барчасп: 

Садои он ғижакам кўшту шакли он ғижакӣ...

Ғижак, сози торӣ-камончадорӣ мусиқист, ки дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва баъзе ҷумҳуриҳои Қафқоз маъмул аст. Ғижак аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ бо унвонҳои гуногун маъмул буд. Онро тоҷикон ғижак, озариҳову арманиҳо кеманча, афғонҳо дилрабо, ҳиндуҳо сиринча меноманд. Муҳақиқон таърихи пайдоиши ғижакро ба асрҳои 9-10 нисбат медиҳанд. Ханўз  дар асри 15 Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз садои дилнавозӣ ғижак ба ваҷҳ омада дар бораи садои ғижаку ғижакнавоз чунин гуфтааст: 

барчасп: 

Сурнай – сози сурурбахш

Сурнай (сурной) яке аз созҳои анъанавии нафасии тоҷикон ва инчунин халқҳои дигари Шарқ мебошад, ки асосан дар ҷашну маъракаҳои хурсандӣ истифода мешавад.
Решашиносӣ
Сурной.  Нойи румӣ аст, ки сарно бошад. (“Бурҳони қотеъ”). Ва ин мухаффафи сурной аст, чӣ сур ба маънои  шодӣ аст. (Ғиёсу ул-луғот”). Ной, ки дар ҷашну сур навозанд, дар  асл сурной буда. (Рашидӣ).
Ошиқи майдону асбу пой на,

барчасп: 

Созу навои даврони Сосониён:

Аввали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар қаламрави Форс) Ардашери I Бобакони Сосонӣ ҳокими тамоми Форс эълон шуд ва чор сол баъд вай охирин намояндаи ашкониён Ардавони I-ро шикаст дод ва дар як қаламрави бузург давлат ташкил намуд. Бо вуруди Ислом дар миёнаҳои асри YII милодӣ ин давлати муқтадир ба ҳастии худ поён дод.
Давраи Сосониён як давраи ташаккули миллатҳои ин қаламрав маҳсуб мешавад ва як бахши азими қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ низ тобеъи ҳамин империя буд.

барчасп: 

Страницы