Интишорот
Ғарибошно бошу сайёҳдӯст…
Чоп шуд: 06/03/2018Аз нигоҳи Саъдӣ мардуми сайёҳу ҷаҳонгард, афроди огоҳу бедордил ва муштоқи илму ҳикмат буда, бо ҷаҳонбинии фарохе, ки доранд барои бани башар хидмат мекунанд. Албатта сафар кардан дар он замон барои мардони ҷаҳонгард, хатарҳои фаровоне дар пай дошт ва ҳар кас тавон ва ҷуръати тақаббули ранҷи сафарро надошт. Аз ин рӯ, Саъдӣ барои мусофирону ғарибон эҳтироми баланде қоил аст ва дар саросари осораш, подшоҳон ва дигар табақоти ҷомеаро баҳри гиромидошти ҷаҳонгардон ташвиқ кардааст
Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Чоп шуд: 24/02/2018Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Имрӯз мо бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.
Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбиро, ки дар бунёди ҷомеаи
Вазъи имрўзаи хўрокҳои миллии суннатии тоҷикон дар баъзе навоҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон
Чоп шуд: 15/02/2018Таомҳои миллӣ як бахши фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз даврони қадим, тарзи омодасозии гуногуни таомҳои миллӣ дар миёни мардум, ба хусус занон, ки давомдиҳандаи ин бахши фарҳанг мебошанд, ба таври васеъ роиҷ аст. Метавонем гуфт, ки маҳз ҳамин унсур, яъне таоми миллии тоҷикон, дастурхони имрўзаи тоҷикро тавассути рангорангии худ оро медиҳад. Хусусан дар ҷашну маросимҳои мардумӣ ва ҷашни “Навруз” хурокҳои миллии тоҷикон бештар ба назар мерасанд.
Гиромидошти Сада дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 12/02/2018Ҳангоми доир намудани ягон чорабинӣ ё таҷлили ин ё он ҷашн бояд рамзи ҳар як ҷашн аз ҷашнҳои дигар фарқкунанда бошад. Тамошобин бо дидани саҳнаи мазкур байни ҷашнҳои аҷдодӣ тафовут гузошта тавонад. Насли наврас дарк кунад, ки барои чӣ ҷашни Садаро махсусан дар фасли зимистон таҷлил мекунанд. Баробари эҳё гаштани як ҷашни миллӣ бояд унсурҳои вобаста ба он низ риоя карда шавад.
Маросими гаҳворабандон дар шароити кунунӣ
Чоп шуд: 02/02/2018Маросими гаҳворабандонро дар манотиқи кишвар вобаста ба рўзҳои хос, пас аз баромадани чиллаи кўдак (40 рўз пас) ва дар баъзе ҷойҳо баъди 3 рўзагӣ ва дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд дар 9 рўзагӣ баргузор менамоянд. Дар ин бора пажўҳишгар Аминов А. чунин ибрози назар мекунад: “Дар ноҳияи Ашт ин амал пас аз нўҳ рўз иҷро мегардад ва ин маросимро нўҳбуророн меноманд. Усули баргузории маросими номбурда ба дигар ноҳияҳо монанд аст. Аммо мувофиқи ақидаҳои занони Ашт, кўдак танҳо пас аз нўҳ рўз тамоми хатар ва
Абўрайҳони Берунӣ ва асарҳои илмии ў
Чоп шуд: 01/02/2018Маълумоти дар «Осор-ул-боқия» овардаи Берунӣ хеле нодир ва муҳим буда, хусусиятҳои илмӣ доранд. Масалан, ў дар бораи таърихи пайдоиш ва таҳаввули ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Сада, ҷашнҳои офариниш ва дувоздаҳгонаи зардуштиён маълумоти муфассал додааст. Инчунин, Берунӣ дар ин асар бо истифода аз сарчашмаҳои хаттии давраҳои бостон роҷеъ ба гоҳшумориҳои порсию суғдӣ, румӣ, арабӣ, сурёнӣ, тарсоӣ, насронӣ, собиён ва ғ. иттилооти муҳим додааст.
Баҳси ҷашни Сада дар мизи гирди Вазорати фарҳанг
Чоп шуд: 31/01/2018Коршиноси масоили фарҳангӣ Дилшод Раҳимов мегӯяд: «Имрўзҳо дар ҷашни Сада афрўхтани гулханҳои бузург аз чанд ҷиҳат мувофиқ нест. Ҳам сўзишвории зиёд сарф мешавад, ҳам хатари сўхтор вуҷуд дорад. Бигзор гулханҳои хурд ҳамчун рамзи ҷашни Сада афрўхта шаванд. Чун Сада ҷашни нуру рўшноӣ аст, мо бояд дар солҳои оянда масъалаҳои таблиғи нуру рўшноӣ, обод кардани нерўгоҳҳои барқӣ, сохтани нерўгоҳҳои офтобӣ ва монанди инҳоро ба назар гирем.»
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 23
- 24
- 25
- 26
- 27
- 28
- 29
- 30
- 31
- …
- следующая ›
- последняя »