НАМОИШИ “АСАРҲОИ РАССОМОНИ РУС АЗ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”
Чоп шуд: 29/06/202223 июни соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид. Шарифзода Муртазо, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия табрик гуфта, ба робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар, аз ҷумла, саҳми рассомони рус дар тарбияи рассомони тоҷик баҳои баланд дод.